Ҳамасола аз хизматрасонии маркази захираҳои таълимии мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказии Хоруғ зиёда аз се ҳазор хонанда, ҳамчунин, одамони касбу кор ва синну соли гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилоят истифода мебаранд.
Вақти таъсисёбӣ марказ ба мутахассисе ниёз дошт, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ озодона ҳарф занаду ҳусни муошират бо муштариён дошта бошад. Ганҷина Хайримамадова, ки то ин дам ҳашт соли таҷрибаи омӯзгорӣ дар литсейи Оғохон дошту ҳамзамон ёрдамчии китобдор буд, байни довталабони зиёд дар озмун ғолиб омад.
Ӯ пас аз хатми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ худро чун омӯзгори донишёр, забондону кордон ва ташаббускор нишон дод. Ҳамкорон дар баробари ин сифатҳо риояи интизоми меҳнат ва нисбат ба худ серталаб будани мутахассиси ҷавонро дар тавсияномааш зикр карданд. Волидони Ганҷина кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ буда, ӯ низ пас аз хатми донишгоҳ як сол дар мақомоти қудратӣ таҷриба омӯхту муҳити низомӣ ба шахсияти ӯ бетаъсир намонд.
Ганҷина на танҳо дар дастрас намудани китоб ва маводи зарурӣ, ки бо забонҳои гуногун дар маркази захираҳо вуҷуд доранд, мадад мерасонад, балки барои дастрасӣ пайдо намудан ба адабиёт ва мавод тариқи воситаҳои электронӣ нафарони ниёзмандро раҳнамоӣ мекунад.
Ба гуфтаи Хушбахт Зайдуллоев, яке аз хонандагони доимии китобхона, рисолаи илмиаш оид ба саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бартараф намудани пандемияи коронавируси COVID-19, офатҳои табиӣ ва хатарҳои техногенӣ дар арафаи анҷом қарор дошта, ба шарофати марказ, ки дар тамоми фаслҳои сол шароити гарму нарми мутолиаи китоб ва кор бо мавод барои хонанда дар он муҳайё шудааст, ба ӯ муяссар гардид, ба адабиёти зарурӣ дастрасӣ дошта бошаду рисоларо барои ҳимоя омода созад.
Мактаби мазкур дар Осиёи Марказӣ нахустин пешниҳодкунандаи барномаҳои таълимии кӯтоҳмуддати расмӣ буда, барномаҳои он омӯзиши технологияи муҳосибӣ, иттилоотӣ, муҳосиб - хазинадор, забони англисӣ барои муошират, забони англисӣ барои мақсадҳои академӣ, забони чинӣ, банақшагирии фаъолияти соҳибкорӣ, идоракунии соҳибкории хурду миёна ва маълумоти касбҳои техникӣ, таълим ва тақвияти малакаҳои таълимдиҳӣ, математикаи зеҳниро дар бар мегиранд.
Дар ин ҷо донишомӯзон ихтисосҳои касбӣ - техникӣ ва косметологияро низ аз худ мекунанд. Мактаб моҳи октябри соли 2006 таъсис ёфта, маркази таълимии он дар шаҳри Душанбе ва баҳори соли 2011 идораи барномаи касбӣ - техникии мактаб дар шаҳри Файзободи Афғонистон ва баъд бахшҳои такягоҳии он дар вулусволии Шуғнон, Ишкошим ва Нусайи Афғонистон дарҳои худро ба рӯйи таълимгирандагон боз намуданд. Моҳи апрели соли 2019 маркази таълимии мактаб дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон расман ба фаъолият пардохт. Мактаб тайи солҳои фаъолият дар тақвияти касбии мутахассисони ҷавон ва корёб шудани онҳо нақши босазо гузошта, ба ҳисоби оморӣ зиёда аз 60 дарсади хатмкунандагони барномаҳои мактаб соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Мактаб дар соҳибихтисос намудани теъдоде аз писарону духтарони кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон саҳм гузошта, ба китобдори серғайрат лозим омад, ки хати арабиро низ аз бар намояд, то муҳассилини афғон дар маркази захираҳои таълимӣ худро роҳат эҳсос намоянд.
Ганҷина ба хотири такмили ихтисос тайи фаъолияти китобдорӣ ду сол шунавандаи мактаби олии илмҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Москва буду онро бомуваффақият хатм намуд.
Китобдори болаёқат на фақат дар мавриди ҷалби хонандагон ба маркази захираҳои таълимӣ, балки дар тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа корҳои зиёди самарабахш анҷом дод. Бо ташаббуси Ганҷина дар назди марказ маҳфили «Китобдӯстон» фаъол аст. Ихтиёриёни марказ дар макотиб ва боғчаҳои бачагонаи шаҳру ноҳияҳо китобҳои бачагонаро муаррифӣ менамоянду дар ҳамкорӣ бо мураббияҳо ба таълимгирандагони хурдсол афсонаҳо қироат мекунанд ва ё аз рӯйи ин китобҳо бо ширкати бачагони дӯстрӯяк саҳначаҳо тартиб дода, ба ин васила дар тақвияти шавқи китобхонӣ дар дили кӯдакон саҳм мегузоранд.
Имрӯзҳо, агар «Афсона барои хурдтаракон» дар телевизиони Бадахшон ба яке аз барномаҳои ҷолиб табдил ёфта бошад, дар омода намудани кӯдакон ба он саҳми омӯзгорону мураббияҳо калон аст.
Ганҷина ҳамчун модар медонад, ки шавқи китобхониро барвақт дар дили наврас ҷой додан зарур аст, зеро шавқ агар роҳбар шавад, соҳибдилро ба қуллаҳои илму маърифат мерасонад. Ба бовари китобдор, адабиёти бадеӣ дар баробари васеъ намудани ҷаҳонбинии кӯдак ва рангин сохтани олами тафаккур ва андешааш дар тарбияи ахлоқӣ нақши муҳим дорад.
Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боис шуд, ки сафи китобхонҳо аз ҳисоби хонандагони макотиб ба маротиб афзоиш ёбад.
Ташвишу тараддудҳои китобдор ҳам бо зиёд шудани талабгорони китоб дучанд афзуданд, вале Ганҷина шод аст, ки ба шарофати иқдоми саривақтӣ анъана ва фарҳанги китобдӯстӣ ва китобхонӣ ба ҳар хонавода бармегардад.
Нахустин китобхона дар шаҳри Хоруғ соли 1941 таъсис ёфта буд, ин нишон медиҳад, ки китоб дар тарбияи сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа чӣ қадар аҳамият дорад. Хонаи мо дар назди китобхона аст. Бобову бибӣ ва падару модарам ба қадри имкон китобҳои навро мехариданд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки фарҳанги мутолиа ҷузъи хонадони мост, - гуфт бонуи китобдор.
Бархе аз хонандагони калонсоли марказ ва сокинони шаҳр китобҳои шахсии бадеиашонро ба марказ туҳфа намуданду хонандагон аз чунин гӯшаи китобҳо истифода мебаранд.
- Ганҷина Хайримамадоваро чаҳордаҳ сол боз ҷони ин макони маърифат мешуморанд. Зеро медонанд, ки дар ин ҷо онҳоро ҳамеша бо чеҳраи кушод интизоранду ба ёриашон омодаанд, - баён медорад журналист Саъдоншо Ҷанобалишоев, яке аз хатмкунандагони барномаи забони англисӣ ва хонандаи доимии марказ.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ