Саволу ҷавоб ва пайдо намудани далелҳои навро мавриди ин ё он мавзӯъ дӯст медошт. Гоҳе волидон «нарм» сарзанишаш менамуданд: «Пурсукоби зиёд накун! Ту магар прокурорӣ?»
Ин хислаташ рабте дошт бо журналистика!
Тозакору тамизгар аст. Аз хурдӣ эрод аз дастони ношуста, нохунҳои расида ва пойафзолҳои ғажди ҳамсинфон мегирифт. Ба бархе аз духтаракони синф маслиҳат медод, то мӯйҳояшонро бо бандакҳо оро диҳанд ва пероста либос пӯшанд.
Барномаи «Беҳдошт» аз тозагию солимии ҷомеа сухан мегӯяд, ки ӯ масъули ин барномаи радиоист.
Ниҳоят, омӯзгору мураббияи ғамхор буданро дар зиндагӣ сармашқи кори хеш донист.
Инсонро маҳорату истеъдоди модарзодӣ дар интихоби ин ё он касб раҳнамун месозад. Вале истеъдоди омӯзгорӣ ва мураббиягӣ аслан дар ботини ҳар зан нуҳуфтааст. Дар донишгоҳ бошад, онро сайқал мебахшаду дар тарбияи фарзандон роҳандозӣ менамояд. Ба онҳо адаб меомӯзонад, навиштану хонданро ёд медиҳад ва барои ҳаёти мустақилона омодаашон месозад.
Идигули Раҷаб ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи омӯзгорӣ супурд. Дар МТМУ № 92 ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияташро ба ҳайси китобдор оғоз намуд. Соле пас ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс гуфт. Ҳамзамон, дар шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсили худро идома бахшид. Баъдан, бо сабабҳои хонаводагӣ ба шаҳри Душанбе кӯчид ва дар боғчаи бачагонаи №64 ноҳияи Шоҳмансур мураббия шуд. Муддате чанд ба сифати сармураббияи муассиса кор кард.
Ба барномаҳои радиоӣ таваҷҷуҳ дошт. Шефтаи бархе аз барномаҳое гашт ва ин шавқмандӣ ӯро ба даргоҳи хонаи радио овард. Ҳамкорӣ бо Сафаргул Олимӣ ва Фирӯза Саидова даст дод, то Идигул аввалин ҳикояҳои шогирдона ва гузоришҳои хурди иншонамудаашро тариқи радио ба шунавандагон расонад.
- Ҳамаи он вазифаҳое, ки то ба ин даргоҳ омадан, анҷом додаам, фикр менамоям, рисолати модарӣ буд. Рисолате, ки ҳам барои фарзандонам мебоист анҷом медодам ва ҳам барои фарзандони мардум. Вале то ба радио омадан, ҷои худро ҳамчун соҳибкасб наёфта будам, - иброз медорад Идигул.
Ӯ мегӯяд, ки инсон аз дидаву шунидаҳо рушд менамояд. Хубиҳоро ба худ бояд бигираду аз бадиҳо орӣ бошад ва баъдан ӯ ҳамчун инсони комил байни мардум шинохта ва азиз хоҳад гашт.
Идигул Раҷабова ҳангоми суҳбат бо одамони наҷиб, донишмандон ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар дарк намуд, ки он орзуҳои кӯдакияшро маҳз дар соҳаи журналистика метавонад амалӣ созад. Тавассути дастгирии устодон Амонқул Одилов ва Хушвахт Беков соли 1999 ба идораи сиёсӣ – байналмилалии Радиои Тоҷикистон ба кор омад.
- Барнома барои бонувон бо унвони «Нилуфар» аввалин барномае буд, ки масъули он будам. Ин барнома аз ҳаёти бонувони кишвар пешкаши шунавандагон мешуд. Сарфи назар аз вазъият ашк ҳамоно дар чашми модарон хушк нагашта буд. Акнун барномаҳои давлатӣ дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа матраҳ мешуданд. Суҳбатҳо бо бонувони фаъол, ба мисоли Низорамоҳ Зарифова, Майсара Калонова, Латофат Насриддинова, Рафиқа Мӯсоева, Гулафзо Савриддинова, ки намунае барои рушди бонувон дар ҳаёти сиёсии кишвар буданд, мудом дар эфир пахш мешуданд, - бо ҳарорат мегӯяд Идигул Раҷабова.
Бонуи сухандону нуктасанҷ пас аз як соли таҳияи ин барнома масъули барномаи «Тандурустӣ» таъйин шуд. Чанде пас «Тандурустӣ» бо «Шифо» табдили ном кард. Барномаи мазкур асосан дар бораи бурду бохт ва дастовардҳои соҳаи тиб рабт дошт. Дар замоне, ки байни аҳолӣ паҳншавии бемориҳои нашъамандӣ, домана ва сил таҳдид менамуд, ин барнома барои мардум воситаи пайдо кардани маълумот дар бораи бемориҳо ва оқибати онҳо буд.
- Ёд дорам, ки боре ҷавонмарде аз ноҳияи дурдаст ба дидорбинии кормандони радио омада буд. Ӯ тавассути барнома дар бораи чӣ гуна табобат ёфтани бемориаш тавсияҳо шунида, ба мутахассиси соҳа муроҷиат намудааст. Дар муддати кӯтоҳ аз маризии нашъамандӣ раҳо ёфта, ба зиндагии осоишта баргаштааст. Мавсуф аз мо хеле миннатдорӣ кард, ки маҳз тариқи ҳамин барнома андешаи ба табобат фаро гирифтан ӯро ба назди табиб овард ва хушҳол низ буд. Яъне, гуфторҳои радиоӣ дар ҳар маврид ба гӯши шунавандааш мерасад. Хоҳ дар сари кор, дар нақлиёт, дар кӯчаю бозор…, - бо хушнудӣ ёдовар мешавад бону Идигул.
Идигул Раҷабова дар баробари таҳияи барномаи илмиву оммавии «Шифо» барномаҳои «Қонун ва шаҳрванд», «Тафсири рӯз», «Равзанаи умед», «Нашъамандӣ - фоҷиаи башарият» ва «Тоҷикон - ворисони Сино» - ро барои шунавандагони радио омода ва пахш менамуд. Ҳар як барнома дар замони худ рисолаташро ба ҷо овард. Аз ҷумла, радиомаҷаллаи «Беҳдошт» соли 2020 замони авҷи пандемияи COVID – 19 рӯи эфир баромад. Ин барнома дар як ҳафта ду маротиба бо иштироки мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар бораи беҳдошти солимии ҷомеа ва ҳимоя аз пандемияи коронавирус давоми 45 дақиқа суҳбатҳо пахш менамуд.
Идигул Раҷабова тайи 22 соли фаъолият дар радио аз дидаву шунидаҳо ва суҳбатҳое, ки бо мутахассисону олимони варзидаи тиб дошт, бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст ду китоберо бо унвонҳои «Решапайвандони Сино» ва «Нашъамандӣ - фоҷиаи башарият», таълиф намояд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО