Аз оғози соли равон дувоздаҳ мутахасcиси ҷавон дар муассисаҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти касбиашро оғоз намуд.
Ба бовари фарҳангшиносон, таваҷҷуҳи бесобиқа ба фарҳанг аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва беҳтар шудани шароит барои фаъолияти касбии фарҳангиён, боиси ҷалби ҳар чи бештари мутахассисони ҷавон ба кор дар муассисаҳои фарҳангии вилоят гардид. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо бештар аз 80 нафар таҳсил менамояд.
Мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанги вилоят дар бинои наву зебову замонавии Театри вилоятии мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров бо ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби сокинон чун рӯйдоди муҳими фарҳангӣ арзёбӣ шуд. Ин бино бо харҷи 27 миллион сомонӣ ва ҷалби тарроҳону рассомон ва муҳандисону сохтмончиёни беҳтарин аз кулли манотиқи ҷумҳурӣ бунёд ёфт. Дар маросими ифтитоҳи ин кохи ҳунар, ки тобистони соли гузашта сурат гирифт, Президенти муҳтарами Тоҷикистон аҳли фарҳанг ва сокинони Бадахшонро табрик гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҳунармандон аз ин туҳфаи Ҳукумати мамлакат рӯҳбаланд шуда, бо истифода аз имкониятҳо намоишномаву барномаҳои консертии мутобиқ ба талаботи замонро таҳия ва манзури тамошобинон менамоянд.
Бо илҳом аз ин ҳидоятҳо дар саҳнаи театр се спектакли нав ва намоишҳои хуби консертӣ рӯйи кор омаданд. Акнун дар баробари ансамблҳои маҳаллӣ гурӯҳҳои ҳунарӣ аз ҷумҳурӣ тез -тез меҳмони сокинони Хоруғ гардида, дар саҳнаи театри нав ҳунарнамоӣ мекунанд.
Алҳол ҳунармандони театр ба озмуни театрҳои касбии «Парасту - 2021», ки моҳи апрел доир мешавад, омодагӣ доранд. Ба озмун намоишномаи «Лаъли Бадахшон»-и драматург Ҷумъа Қуддусро армуғон мебаранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 5 хонаи фарҳанг, 31 клуб ва 180 китобхона таъмиру азнавсозӣ гардида, фарҳангиён дар ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ соҳиби қасрҳои фарҳанг шуданд, ки барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ дар онҳо кулли шароит мавҷуд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар вилоят 325 муассисаи фарҳангиву фароғатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо бештар аз ҳазор нафар корманди соҳа ҷалб шудааст.
Таъмини муассисаҳои санъат бо асбобҳои мусиқӣ беҳтар гардида, дар ноҳияи Роштқалъа мактаби нави санъат оғӯши худро барои хоҳишмандон боз намуд.
Солҳои охир бунёди маконҳои фарҳангӣ - фароғатӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Пас аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон дар Дарвоз боғи фарҳангиву фароғатӣ бунёд ёфт, ки ҳудуди онро 10 намуди атраксион ва фаввораҳои хурду бузург зинат мебахшанд. Дар боғ барои сокинону меҳмонон ва бахусус кӯдакону наврасон имконияти мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардидааст.
Дар тантанаи кушодашавии қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳматҳои ҳунарпешаҳо дар рушди санъати миллӣ ёдовар шуда, ба Азалбегим Мамадризоева ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ғарибсултон Худоёрбекова ба ҳар кадоме 6 ҳазор сомонӣ тақдим намуда буданд.
- Ҳунарнамоии ансамбли бачагонаи мактаби санъати ноҳияи Рӯшон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва ба мақоми ифтихорӣ соҳиб шудани онҳо маро ба ёди он рӯзҳои бачагӣ бурд ва бовар дорам насли наврас ва ҷавон муаррифгари шоистаи санъати халқ мемонанд, - чанд моҳ қабл аз даргузашташон зикр намуда буданд Азалбегим Мамадризоева.
Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нишон дод, ки фарҳанги китобхонӣ дар Бадахшон дар пояи устувор қарор дорад. Дар номинатсияи аз ёд кардану қироат намудани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик хонандаи синфи 6-и МТМУ № 11 ноҳияи Шуғнон Шаҳина Маҳбатқадамова бо ҳофизаи хуб ва лутфи суханвариаш сазовори ҷойи аввал гардид.
Дар озмуни «Китобхони беҳтарин», ки бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи январ дар Душанбе баргузор гардид, дар байни 45 довталаб кормандони хадамоти оташнишонии ноҳияи Рӯшон, старшинаи хизмати дохилӣ Умед Шехҷалилов дар номинатсияи мутолиа ва қироати асарҳои классикӣ маҳорати баланд нишон дода, барандаи мақоми аввал шуд ва бо мукофоти пулӣ, китоб ва ифтихорномаи вазири корхои дохилӣ сарфароз гардид.
М. САИД,
ВМКБ