Нақшу нигор ва маҳсули эҷодиёти рассомони Шарқ аз замонҳои қадим то ба имрӯз диққати оламиёнро ба худ мекашанд.
Қаҳрамони мо кӯшидааст, то дар баробари қолаби анъанавӣ ба санъати рассомии кундал маъниву муҳтавои нав ворид созад. Ҳунарманд Муноҷот Бойматова оид ба усулу роҳи интихобнамудааш дар санъати рассомӣ ба хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» изҳори андеша намуд.
Мӯйқалам рӯи коғази сафед маҳин мехазид. Аз ҳаракати ангуштони сеҳрофарин чашм кандан душвор аст. Оҳиста - оҳиста нақшҳои зебое яке паи дигар рӯи коғаз падид меомаданд. Нақшҳои гулу гиёҳ ва катибаҳо дар шаклҳои гуногун…
Овони кӯдакӣ
Меҳри наққошӣ ҳанӯз овони кӯдакӣ дар қалби ӯ реша давонд. Айёме, ки ҳамроҳи модар меҳмони холааш шуд, диққати ӯро сақфи меҳмонхона, ки шавҳари ҳунарманди холааш наққошӣ намуда буд, ба худ кашид. Муноҷот аз дидани нақшҳо ва рангу бори ҷолиби он завқ бурд. Дигар бо ҳар баҳона ба хонаи хола меомаду аз тамошои сақфи зебо баҳра мебардошт.
Муноҷот овони мактабхонӣ дар ҷашну озмунҳои байнимактабиву ноҳиявӣ бо расму овезаҳои тасвирнамудааш ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён мегашт. Он замон тасвири манзараву ашёҳои гуногун ва чеҳраи одамонро бештар меписандид. Дар ин бора мегӯяд: «Дар рафи китоби хонаамон қатори дигар адабиётҳо қомусеро ёфтам. Чашмам ба эҷодиёти рассоми машҳури замони эҳё Рафаэл Санти афтоду мақбулам шуд.«Ҳамин тавр духтараки ҷавон борҳо рӯи коғаз офаридаҳои рассоми итолиёвиро такрор ба такрор мекашид ва бо ин васила дасташ андаке рост шуд.
Боргоҳи ҳунар
Пас аз хатми мактаби миёна шавқу рағбати суратгарӣ ӯро ба коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов овард. Ин ҷо ихтисоси тарроҳи либосро интихоб намуд. Ба ҷуз тарроҳӣ бо равияҳои дигари санъати рассомӣ ошно гашт. «Ҳамаи равияҳои санъати рассомиро дӯст доштам,»- изҳор медорад ӯ.
Асоси ҳама ҳунар, аз қабили муҳандисӣ, тарроҳӣ, заргарӣ, кулолӣ, гулдӯзиро тасвири нақши он ташкил медиҳад. Бинобар ин, наққошӣ ҳунаре мебошад, ки дар офаридани зебоӣ саҳми хосса дорад. Ҳамин тавр, даврони донишҷӯӣ майли Муноҷот ба санъати наққошии кундал афзуд. Ӯ тасвирҳои гуногун меофарид ва онро дар нигористонҳо пешкаши тамошобинон мегардонд ва бо ин васила муштариён пайдо намуд, ки маҳсули ҳунарашро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ мехаранд. Ӯ дар баробари наққошӣ, ба дӯзандагӣ шуғл варзида бо нақшҳои гуногун куртаҳои занонаро оро медод.
Баъд аз поён бурдани коллеҷ барои такмили донишу ҳунар ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ба шуъбаи рассоми театр супурд. Пас аз чанд соли таҳсил, ҳангоме ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дари худро ба рӯи донишҷӯён кушод, ӯ тариқи гузариш ба ин даргоҳи ҳунар омад.
Соатҳои фориғ аз таҳсил ба донишҷӯёни коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов аз фанҳои тахассусӣ сабақ медоду шогирдони зиёдеро тарбият намуд. Пас аз хатми донишкада ӯро ба ҳайси омӯзгор пазируфтанд. Алҳол мудири кафедраи санъати тасвирӣ ва дизайн мебошад.
Омезиши ду унсур
Офаридаҳояш дар баробари бозгӯи таърихи ғаниву арзишманди ниёгон будан, инчунин, дорои фалсафаи амиқанд. Аввалин ҳунарашро, ки ба таври касбӣ эҷод гардид, «Меҳроб» ном ниҳод. Баъдан «Олами набототу ҳайвонот», «Наврӯз», «Тирамоҳи тиллоӣ» наққошӣ шуданд.
Асарҳояш бо услуби хос офарида шудаанд. Дар онҳо омезиши ду жанр бармалост. Ӯ кундали анъанавиро бо услуби муосири мусаввирӣ даромехт. Яъне, дар байн миниатюраро тасвир намуда, гирдашро бо нақши кундал оро дод.
«Гулу гиёҳҳо тахайюлӣ нестанд. Рустаниҳои табииро рӯи варақ тасвир карда, баъдан ба қолаб мақом медиҳем, яъне онро бо дигар шакл истифода мебарем. Бо шакли нав, то ба эҷодиёти дигар рассомон монанд нашавад,»- мегӯяд рассом.
«Дӯзанда» бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эҷод шудааст. Дар нақш акси дӯзандадухтар ва намунаи ҳунарҳои мардумии тамоми минтақаҳои кишвар инъикос ёфта, давродаври он бо ҳунари наққошии кундал ороиш дода шудааст.
- «Себистон» маънои боғи пурсебро дорад. Ба шаҳри Роғун бо мақсади намоиши ҳунарӣ сафар намудем. Дар роҳ чашмам ба номи деҳаи «Себистон» уфтоду он писандам омад. Ҳангоми таҳқиқот дарёфтам, ки бо ин ном дар Данғараву Хуҷанд низ шаҳраку деҳа мавҷуданд,»- мегӯяд ҳунарманд.
Тасвири деҳаи «Себистон» бо нақшҳои кундал эҷод гашт. Дар расм дарахте тасвир ёфта, ки аз он якчанд себ мерӯяд. Яъне, аз як дона зиндагӣ ибтидо гирифта, наслҳо меафзоянд. Дарахт ҳангоми фасли баҳор бедор мешавад, баъд гулу ғӯра ва себ оҳиста - оҳиста ҷои ҳамдигарро иваз мекунанд. Зиндагӣ доим дар ҳаракат асту ҳаёт тамомшавӣ надорад. Нақшҳо канда нашуда пурпечутоб дар пайвастагӣ тасвир шудаанд.
Назокати ҳунар
Санъати рассомии кундал заҳмати зиёдро тақозо менамояд, бинобар ин ҳунармандро сабру тоқат мебояд. Муҳлати иҷрои кор аз мураккабии нақшҳо вобастагӣ дорад. Гоҳҳо анҷоми як кор то як – ду ҳафта, гоҳи дигар моҳҳо тӯл мекашад.
Бештар илҳом аз табиат ва зиндагӣ мегирад. Ҳар як ҷузъиёти олами наботот диққаташро ба худ мекашад. Дар ҳавои сарди зимистон қоқуи лаби ҷӯ, ки одамон бепарво аз наздаш мегузаранд, ӯро ҷалб месозад. Илҳомашро ба туғён меораду водораш мекунад, то нақше офарад. Шакли ҷолиби баъзе гулу гиёҳ ва дарахтон низ илҳомбахши ӯянд.
Кундалро «ҷаннати рангҳо» низ унвон додаанд. Дар офаридаҳои Муноҷот рангҳои зиёдеро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.
Ҳунарманд зебоӣ меофарад. Ҳунар муаррифгари мо дар арсаи ҷаҳонист. Ин нуктаро ба назар гирифта Муноҷот Бойматова мудом дар ҷустуҷӯву такопӯст, то ҳунарашро рушд диҳад. Ба ҷузъ тасвири кундал, ба санъати рассомии батик, гобилен ва баъзан заргарӣ низ шуғл меварзад. Офаридаҳояш инъикосгари ҷаҳони ботинӣ, тахайюлоти рангин ва зиндагии ӯст.
Ш. Бобомурод