Даричаи ошноӣ:
Мамадҷонова Истадой 21 феврали соли 1953 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи № 4, техникуми тиббии Конибодом ва Институти педагогии шаҳри Хуҷандро ғоибона хатм кардааст. Соли 1969 ба Театри давлатии драмавӣ-мусиқии Конибодом омада, то ба имрӯз дар ин даргоҳи ҳунар фаъолият дорад.
Соли 1987 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадр шудааст. Бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Тӯли фаъолият беш аз 50 нақш офаридааст, аз ҷумла Норгул («Ошӯби рӯзгор»-и А. Сидқӣ), Рисолатпарӣ («Тошболтаи ошиқ»-и Х. Ғулом), муаллима Шаҳноза («Муаллим»-и Ашӯрқулов), Зарина («Зафар ва Зарина»-и С. Саидмуродов), Нурхон («Нурхон»-и К. Яшин), сардори Ваҳваҳабонувон (аз «Ваҳваҳабонувон»), Модар («Модар –Ватан»), «Санавбар» (аз «Модар ман зан мегирам») ва ғайра. Ӯ дар саҳна ҳам нақш меофарад, ҳам суруд мехонад. Дар ҷодаи овозхонӣ низ комёб шудааст. Дар филмҳои «Ормонҳо» (2010), «Паймон» (2014), «Тангно» (2016) «Маро бубахш» нақш офаридааст.
Вақте Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Истад Мамадҷонова вориди Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом мешавад, ҳунармандони ҷавон «модарҷон» гуфта, ба пешвозаш мешитобанд. Ӯ ҳам як - як онҳоро оғӯш гирифтаву модарвор мебӯсад, аз ҳолу аҳвол пурсон шуда, ба онҳо маслиҳату машварат медиҳад… Чунин муносибати актёрони ҷавонро нисбати Истадапа дида, аввал дар ҳайрат мондам ва баъд аз оне, ки бо ин бонуи ҳунарвар ҳамсуҳбат шудам, фаҳмидам, ки ӯ сазовори ин мартабаи баланд аст.
Ҳамроҳи Истадапа даҳлезҳои бинои фарсудаи театри Конибодомро қадам мезанем… Ҳар ваҷаб девор, ҳар овеза ва дару тирезаи ин бино, барои ӯ азиз аст, зеро баробари дидани онҳо сафҳаҳои хотироташ варақгардон мешаванд:
«Театри мо, расман соли 1932 таъсис ёфта, дар ибтидо «Санъатчиёни сурх» ном дошт. Вале асосгузори кинои тоҷик, Комил Ёрматов дар китоби худ «Бозгашт» қайд кардааст, ки соли 1922 шоир ва драматурги барҷаста, яке аз асосгузорони адабиёти муосири ӯзбек, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, ки тоҷиктабор аст, ҳамроҳи ҳунармандони ӯзбек дар Конибодом бо намоишномаҳои ҷолиби драмавӣ ва барномаҳои консертӣ баромад мекардаанд. Ҳамчунин, онҳо дар ташкили маҳфилҳои худфаъолиятӣ ёрӣ мерасонанд. Аз ин бармеояд, ки театри Конибодом таърихи садсола дорад ва соли таъсиси он 1922 аст. Соли 1932 бошад, он мақоми театри расмиро гирифт. Аз ин бармеояд, ки театри мо куҳансолтарин театри тоҷик буда, дар остонаи садсолагӣ қарор дорад» – бо ифтихор мегӯяд муаллима.
Назди портрети асосгузорони кохи фарҳанг истода, дар бораи ҳар кадоме суханҳои пурмеҳр мегӯяд ва дидаву шунидаҳояшро дар мавриди ҳар кадом қисса мекунад:
«Аввалин нафароне, ки дар театри Конибодом фаъолият карданд, Донӣ Ҳусейнов, Хоҷӣ Умар Қосимов, Болтабой Неъматов, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Шаҳрӣ Каримова, Соҷида Ашӯрова, Қумрӣ Дӯстмуродова, Башорат Тоҷибоева, Тоҳир Тоҷибоев ва баъдтар Латофат Орифова, Кимсан Маҳкамов, Туҳфа Фозилова, Мирбобо Аҳмадов, Мамадҷон Мавлонов, Исҳоқҷон Қодиров, Шарофат Эргашева буданд. Ифтихормандем, ки асосгузори кинои тоҷику ӯзбек Комил Ёрматов, Артистони халқии СССР Туҳфа Фозилова ва Лутфӣ Зоҳидова фаъолияти хешро аз театри Конибодом оғоз намудаанд».
Истад Мамадҷонова гули худрӯй аст. Ӯ мактаби касбии актёрӣ ва сарояндагиро нагузашта, ба театр омад.
«Модарам ҳамеша мехостанд, ки табиб шавам, - ба ёд меорад ӯ ва идома медиҳад, - бо пофишории он кас техникуми тиббиро ҳам хатм кардам. Вале шодравон падарам Муҳаммадҷон Мавлонов, ки худашон ҳунарманд буданд, орзу доштанд, ки пайрави он кас бошам. Ҳамин тавр, соли 1969 бо ҳидояти падар ба театр омадам. Он замон театр, аз нав эҳё мешуд, бинобар ин режиссёрҳо мекӯшиданд, ки асарҳои сара ва писанди тамошобинро ба саҳна гузоранд. Дар ҳамон даврони тиллоӣ, дар беҳтарин спектаклҳо, беҳтарин нақшҳоро иҷро кардаам».
- Аввалин нақшатонро дар ёд доред?
- Аввалин нақшам Зарина аз намоиши «Зафар ва Зарина» (Султон Саидмуродов) буд. Он замон тамоман ҷавон будам ва чӣ будани санъатро дарк намекардам, ҳар чизе ки режиссёр мегуфт, иҷро мекардам, - ироа медорад Истадбону.
Ӯ иҷрои нақши Нурхонро аз спектакли «Нурхон»-и Комил Яшин қуллаи эҷодиёти худ медонад, зеро вақте ин намоиш мерафт, на танҳо толор пур мешуд, балки тамошобинон дар роҳравҳо нишаста онро тамошо мекарданд.
- Ман бо режиссёрҳои зиёд кор кардам, аммо вақте Тоҳир Баҳромов ба театр омада, спектакли «Ромео ва Ҷулетта»-и У. Шекспирро ба саҳна гузошт ва ба ман нақши дояро дод, ҳамон вақт чӣ будани санъат ва чӣ будани заҳматро эҳсос намудам. Ин спектаклро яке аз беҳтарин асарҳои театри Конибодом метавон ном бурд, - мегӯяд И. Мамадҷонова.
Солҳои 90-ум қатъи назар аз вазъи нобасомон театр фаъолияти худро идома медод, вале синну соли аксари ҳунармандон ба миёнсоливу калонсолӣ расида, кадрҳои ҷавон қариб ки ба ин театр ба кор намеомаданд.
«Ҳамбозии ман, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Юнусалӣ Эргашев, соли 2000-ум дар назди театр студияи актёрони наврасро созмон дод, ки ба он 15 нафар наврасони хушзавқ ҷалб шуданд. Соли 2004 аз ҷумлаи дастпарварони студия 5 нафар ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд, ки аз инҳо Муҳиддини Музаффар, Фарҳод Ғаффорпур ва Ғайрат Қодиров пас аз хатми донишкада, соли 2009 ба театр баргаштанд. Пас аз инҳо Фаррух Ваитов ва Хушнуди Дадо ба кор омаданд. Бо омадани инҳо насими тоза вазид, театри мо эҳё шуд. Ман аз рӯзҳои аввал дар паҳлуи ҷавонон будам, ҳамроҳашон дар се спектакл нақш бозидам,» – бо хурсандӣ мегӯяд Истад Мамадҷонова.
Воқеан, имрӯз театри Конибодом яке аз театрҳои фаъоли кишвар аст. Соли 2016 пас аз ба саҳна гузоштани намоиши «Суди девонагон» аз рӯи асарҳои «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир»-и Шекспир дар таҳияи коргардони сатҳи ҷаҳонӣ - Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ театр имкон пайдо кард, ки дар саҳнаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ фарҳанг, забон, расму оину анъанаҳои миллӣ, рақсу суруду мусиқиҳои тоҷикӣ, хулоса мероси бойи маънавии халқи тоҷикро муаррифӣ ва ҳимоя намояд.
«Суди девонагон» соли 2016 дар кишварҳои Чин ва Англия ва соли 2017 дар Ҳиндустон ба намоиш гузошта шуд ва ҷоизаву шоҳҷоизаҳои ҷашнвораҳои байналмилалиро соҳиб шуд. Намоиши «Қорӣ -Ишкамба» аз рӯи асари «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ дар таҳияи Муҳиддини Музаффар дар ҷашнвораи «Место в городе» дар Бишкеки Қирғизистон баҳои баланд гирифт. Ин намоиш дар озмун - фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту -2019 соҳиби ҷои аввал гардид. Феълан, ҳунармандони театр аз рӯйи асари А. П. Чехов намоиши «Садои қу»-ро ба саҳна гузоштанд. Аҷиб он аст, ки бори нахуст, шароити пандемияро ба назар гирифта, режиссёр Авлиёқулӣ Ҳоҷиқулӣ дар Лондон нишаста ин намоишро ба таври онлайн ба саҳна гузошт, ки писанди тамошобин гардид…
Одил Нозир