24 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» -и шаҳри Душанбе бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар фестивал аз гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони чирадасти тоҷик навъҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ, аз қабили зарфҳо, матоъҳо, асбоби мусиқӣ, қолинҳо, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ ва дигар намуди маҳсулоти ҳунармандиро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.
Дар фестивали мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, ҳунармандон аз гӯшаву канори мамлакат ва меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Ғолибони ва иштирокчиёни фаъоли фестивал аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла, ҷойи аввал ба пешаварони шаҳри Душанбе, ҷои дуюм ба косибони ВМКБ ва вилояти Хатлон ва ҷои сеюм ба ҳунармандони вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ насиб гардид.
Дар Фестивали мазкур муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии Маркази таълимии калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳунарҳои мардумиро пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонданд.
Мутобиқи низомномаи тасдиқшуда, фестивал дар се давр доир гардида, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар маркази вилоятҳо ва даври сеюм дар пойтахт ҷамъбаст гардид.
Баргузории фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона гардидааст.