Дар он солу замонҳо дар вақти дарси таълими меҳнат ба гурӯҳи бачаҳо маҳорати тракторронӣ ва чӯбтарошиву оҳангарӣ омӯзонида мешуду духтарон бошанд аз касбу ҳунарҳои дӯзанагӣ ва кор дар мошинаҳои ҳуруфчиниро таълим мегирифтанд. Шавқу ҳаваси беинтиҳои кор бо дастгоҳи ҳуруфчинӣ ва минбаъд интихоби пешаи котибагӣ аз нахустин лаҳзаҳои дарси омодагии касбӣ дар замири Муҳаббат маъво гирифта буд, ки он айём дар синфи 8-ум таҳсил менамуд.
Новобаста ба як давраи кӯтоҳмуддати дарси ҳуруфчинӣ он мошинчаи зардфаши чопӣ ончунон таваҷҷуҳи ману ҳамдарсонамро ба худ ҷалб карда буд, ки аз он пас, дарси таълими меҳнатро бесаброна интизорӣ мекашидем, - ба ёд меорад Муҳаббат Гадоева. – Ба гоҳи суҳбат атрофи интихоби касб ва пайроҳаи дар ин ҷода паси сар намудаам, ҳамеша дарси аввали шиносоӣ бо мошини чопӣ пеши назар меояд, ки муаллим аз таърихи пайдоиш ва нақши дастгоҳи ҳурурфчинӣ дар рушду пешбурди соҳаи табъу нашр қисса мекарду мо духтарон, аз ҳаракати ангуштони омӯзгор рӯи тугмачаҳои ҳарфдор чашм намекандем.
Баъди хатми МТМУ № 7-и шаҳри Бохтар назди ҳуруфчини касбие шогирд истода, баъдан тариқи озмун ба ҳайси котибаи мудири шуъбаи ахбори онвақта “Радиои Қӯрғонтеппа” ба кор даромад. Дар баробари муҳити фараҳбахши эҷодӣ, ки дар ин даргоҳи муқаддас беҳтарин адибону мухбирони номдор фаъолият доштанд, дар ин ҷо низоми ниҳоят ҷиддӣ ҷорӣ буд. Бинобар сарбориҳои касбӣ ва аз соати корӣ барвақттар ба ҷойи кор омадану дер ба хона баргаштан барои аҳли эҷодии радио ба оддати маъмулӣ табдил ёфта буд.
Аз рӯзҳои аввали ба фаъолият пардохтанам тамоми рӯз машғули чопи матну гузоришҳои радиоӣ шуда, боз ҳам, дар фарҷоми рӯз чопи матнҳои дар навбат истодаро ба рӯзи дигар мегузоштем. Зеро, дар он давра ҳаҷми корҳои эҷодӣ дар соҳаи радио ниҳоят зиёд буду кормандони он дар як рӯз чанд хабару гузоришҳои фаврӣ таҳия менамуданд. Албата, барои ман, ки ҷавону таҳсилоти олӣ надида будам, ҳамкорӣ дар сатҳи устодони сухан ва дигар қаламкашони варзидаи вилоят кори саҳлу содда набуд. Вале бо ҳама сахтгириву ҷиддият дар иҷрои вазифаву масъулиятҳои доштаашон дар симои муҳаррирону мухбирони радио шахсиятҳои ниҳоят меҳрубону роҳнамои ҷавононро медидам. Дар он давра мо котибаҳои идораи радио матни хабару гузоришҳоро аз рӯи дастнависҳо ё нутқи айнан нақлкардаи худи мухбирон чоп мекардем. Ба хусус, барои ман чоп намудани матни барномаҳои устоди равоншод Баҳриддин Мирзоалиев мушкилтарин имтиҳони зиндагӣ буд. Зеро устод зимни чопкунонии матни барномаҳояш дар