Волидон дар баробари меҳрубонӣ бо кӯдакон, бо якдигар ҳам онро бояд раво донанд. Якдигарро бо меҳрубонӣ садо кардану рафторро ҳам намунавӣ бояд кунанд. Чунин муносибатҳои нек дар хотираи кӯдак сабт гардида, барои ояндаи онҳо замина мегузорад. Агар зиндагии волидон хубу хуш бошад, фарзандон баҳри чунин зиндагӣ талош меварзанд.
Волидон бояд бо кӯдакон бозиҳо карда, ба онҳо иҷозат диҳанд, ки навъи бозиро худ интихоб намоянд.
Баъдан, меҳр ба мутолиаи китобро бояд аз хурдӣ дар дили кӯдак ҷой диҳанд, ки ҳанӯз аз замони дар батни модар пайдо гардидани тифл онро метавон оғоз кард.
Ҳангоми хондани ҳикояву афсонаҳо фарзандро мебояд ба бағал гирифт. Ин таҷрибаи хуберо дар ӯ ташаккур медиҳад ва ӯро барои якумрӣ китобхон шудан тарбия мекунад. Ба ӯ ба содагӣ мебояд фаҳмонд, ки инсони хуб ва бад кист.
Фикри кӯдакро оид ба қаҳрамонҳои афсона шунидан ва дар ибрози андеша ба ӯ кумак расондан муҳим аст. Фаҳмондан зарур аст, ки одами меҳрубон, ростқавл, бахшанда ва боодоб будан чӣ хубиҳо дорад, ки дигарон баъдан дар канори чунин нафарон эҳсоси хубе хоҳанд дошт.
Ҳамчунин, ҳангоме, ки фарзанд рафтори дурусту оқилонае мекунад, эҳсосоти худро набояд пинҳон намуд. Дақиқан баён метавон кард, ки чӣ кори хубро анҷом додаасту сазовори таҳсин гаштааст. Масалан, "Офарин, писарам, то тамом кардани суҳбатам маро мунтазир шудӣ, ки ба ту ширинӣ диҳам. Аз ин корат ман хурсандам". Ин суханон ба кӯдак ҳисси боварӣ ва хушҳолиро бедор месозад.
Ҳеҷ гоҳ ба кӯдакатон иҷозат надиҳед, ки бо шумо ё бо дигаре густохона суҳбат намояду аз дашном истифода барад. Агар ин гуна рафтор кард, қотеъона ба ӯ бигӯед, ки ҳеҷ гуна беэҳтиромиро таҳаммул надоред.
Ба кӯдакон муносибати хуб доштанро ба табиат омӯзонед. Бояд дарк намоянд, ки онҳо низ дар покизаву озодагии муҳити зист метавонанд саҳм дошта бошанд. Ҳаргиз партовҳоро дар роҳ, доҳили нақлиёт, даруни обу ҷӯйборҳо ва дигар мавзеъҳо напартоянд. Ба гулу гиёҳҳо ғамхорӣ намудани онҳо саҳми бузургашон дар тозагии атроф ва муҳити зист хоҳад буд.
Фарзона