Бо расидани муждаи таваллуди тифли навзод суҳбати дӯстони қарин, ки рӯи кат зиёфат ороста буданд, атрофи номгузорӣ гарм шуд. Соҳибхона, ки аз нигоҳаш нури хурсандӣ медурахшид, фарзияҳои пешовардаи ҳамсояи зарофатгӯяшро дар мавриди интихоби ном ва фазилатҳои таълиму тарбияи духтарон дар оила бо диққат гӯш меандохт.
Тақдири орзуҳо
Бо мурури ранҷу шабзиндадориҳои модару интизориҳои падари меҳрубон, ки ба умеди хушбахтиву ояндаи неки ҷигарбандонаш шабу рӯз заҳмат мекашид, Савсан духтари қадрасу нозанине ба воя расида, ҳамакнун хешу таборон аз хостгории ӯ гап мекушоданд. Толеаш баландӣ кард, ки сарфи назар аз нооромиҳо, зодмандон идомаи таҳсилот ва касбу ҳунаромӯзии варо дар мадди аввал гузоштанд. Аммо, аз сабаби надоштани шароити иҷтимоӣ имкони донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ шуданро надошт. Аз ин рӯ, тавассути Квотаи президентӣ ба факултаи филологияи тоӌики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуд.
Овони таҳсил дар бахши дувум, фориғ аз машғулиятҳои донишҷӯӣ ҳамзамон дар мактаби зодгоҳаш аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Бадин минвол донишгоҳро хатм ва даҳ сол дар муассисаи мазкур ба ҳайси омӯзгор фаъолият кард.
Роҳ ба сиёсат
Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи он дар маҳалҳо, дар қатори чанд тан кадрҳои қобилиятнок, омӯзгори ҷавон Савсан Шарифзода ҳам барои кор дар соҳаи хизмати давлатӣ даъват гардид. Баъди ду соли фаъолият ба ҳайси мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии шаҳраки Исмоили Сомонӣ дар соли 2011 мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён таъйин шуд.
Нахустин натиҷагириҳои Савсан аз раванди ташкили чорабиниҳои воқифгардонии аҳолӣ ин буд, ки иллати азалии хароҷоти беҳудаи сокинон дар тӯю маъракаҳо аз ақидаҳои хурофотӣ ва тақлидҳои кӯр-кӯрона ба урфу одатҳои носолим сарчашма мегирад. Дар зимн ҳадафҳои пешгирифта дар самти тақвияти ҳамкориҳо бо занони соҳибкору модарони хонашин, натиҷаҳои самарабахш ба бор оварданд.
- Бо мурури солҳо тамоми расму оин, анъана ва маросимҳо ба танзим даромада истодаанд, - бо итминон гуфт Савсан Шарифзода.
Соли 2013 Савсан Шарифзодаро ба вазифаи муовини сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон пазируфтанд. Оғози фаъолияти ӯ дар ин ҷода ба даврае рост омад, ки ба хотири рушду ривоҷи унсурҳои фарҳангӣ, пешгирӣ аз хурофоту ҳифзи маънавиёти ҷомеа аз идеологияи бегона ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ҳифзи арзишҳои миллӣ дар кишвар барномаҳои ҷадиде роҳандозӣ мешуданд.
Дар саргаҳи таҳаввулот
Бо назардошти нақши фарҳанг дар ташаккули афкору маънавиёти мардум, бунёдгузории як ҷомеаи маданӣ ва ба ин васила муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ба рушду эҳёи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.
«Имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 886 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 492 китобхона, 286 муассисаи клубӣ, 3 филармонияи халқӣ, 3 театри касбӣ ва 5 театри халқӣ, 33 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, 20 осорхона, 29 мактаби бачагонаи санъат,12 ансамбли тарона ва рақс ва 3 ансамбли касбӣ фаъолият доранд.
Аз 931 ёдгории таърихӣ - фарҳангӣ 721 - тои он ёдгории таърихӣ, 124 - тояш ёдгории меъморӣ ва боқӣ ёдгориҳои монументалӣ мебошанд.
Солҳои ҳувиятсоз
- Бо эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва баъдан, солҳои 2019 - 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» раванди корҳои ободонию бунёдгузории иншооти муҳими фарҳангӣ дар вилояти Хатлон ҷоннок гардида, дар заминаи эҳёи саноати ҳунарҳои дастӣ барои ҳазорон нафар, аз ҷумла бонувони хонанишин ҷойи кору шуғлҳои муфид фароҳам гардиданд. Дар доираи татбиқи иқдомҳои пешгирифта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо коргоҳҳои ҳунарҳои дастӣ ташкил ёфта, дар заминаи онҳо аз рӯи усули анъанавии миллии устод - шогирд занону духтарони корҷӯй ҳунарҳои гуногун меомӯзанд, - меафзояд Савсанбону.
Бо ҳусни таваҷҷуҳ ва ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои хирадмандонаи Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳёи санъату ҳунарҳои ба умқи фаромӯшӣ рафтаи ниёгон, имрӯзҳо аҳли фарҳанги вилоят азму кӯшиш доранд, ки дар раванди корҳои азими ободонӣ ва амалисозии ҳадафҳои ояндасоз ҷиҳати устувор намудани фарҳанги миллӣ, ки бақои миллату давлати соҳибистиқлол аст, саҳми босазо гузоранд.
Ҷ. усмон,
вилояти Хатлон