Дар зеҳни аксарият сабт аст, ки гулу гиёҳу буттаҳо, бахусус дарахтон муҳитро аз чангу ғубор пок ва аз худ ҳавои тоза хориҷ месозанд. Ба ин гуфтаҳо сатҳӣ нигаристан нашояд. Дарвоқеъ, дарахтонро метавон ҳавосозони шаҳр номид, чун дар фасли гармо хусусияти сояафканӣ ва рутубатбахширо доро буда, замин, иморат ва роҳи пиёдагардонро аз гармшавии зиёд эмин медоранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳарорати зери дарахтони боғу гулгаштҳо аз майдону роҳҳои мумфаршшуда аз 5 то 15 дараҷа тафовут дорад ва ҳатто садову ғалоғулаи шаҳрро то 10 детсибел сокит месозанд.
- Бахшида ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои корҳои ободонию кабудизоркунӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ сомон додани корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахти кишвар дастур ва ҳидоятҳо додаанд. Ин аст, ки ҷиҳати пешрафти соҳа таҷрибаи пешқадами парвариши гулу гиёҳ ва дарахту буттаҳо ва ҳамкорӣ дар ин самт бо олимону мутахассисони дохил ва хориҷи кишвар васеъ ба роҳ монда шудааст, - мегӯяд Шералӣ Раҳмонов, мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Чун пойтахт яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии кишвар буда, дорои иншооту корхонаҳои азим ва шумораи зиёди аҳолӣ нисбат ба дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ мебошад, ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, шинондани ниҳолу буттаҳо ва ба тартиб даровардани кӯчаю хиёбонҳо заҳмати шабонарӯзии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо метавон эҳсос кард. Солҳои охир, агарчи пойтахт симои наву замонавӣ гирифта, ба талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ мутобиқ мегардад, дар ин радиф шумораи боғу гулгаштҳо, дарахтони ороишиву сояафкан ва дигар рустаниҳо низ меафзоянд.
- Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани кӯчаю хиёбонҳои пойтахт бо қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар давоми солҳои 2017 - 2020 ба миқдори 374 227 бех дарахту буттаҳо шинонда шуданд, ки аз ин 20422 бех дарахтони нодири аз хориҷи кишвар воридшуда мебошанд ва ҳамасола беш аз 20 намуди гулҳои мавсимӣ дар пойтахт шинонда мешаванд, - иброз дошт Ш. Раҳмонов.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ҳолати экологии пойтахт ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ иқдоми навбатии шаҳрдорӣ ҷиҳати ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳо ва кулли мардуми пойтахт ҳамовозӣ ва истиқболи гарм ёфт.
- Дар доираи ин иқдом аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки раиси он дар ҳудуди пойтахт зиёда аз 5 000 бех ниҳоли ороишӣ шинонда шуд. Бояд гуфт, ки чуқурӣ кофтану ниҳол шинондан фарҷоми кор нест, парвариши онҳо дар пойтахт зери назорати мутахассисону дендрологҳо (олимони соҳа) ба роҳ монда мешавад. Омода кардани хатҳои обёрӣ, истифодаи муназзами нурӣ, назорат дар вақти нашъунамо, коркарди кимиёвӣ ҳангоми ба касалиҳои замбурӯғӣ гирифтор шудани ниҳолу дарахтон вақт ва заҳмати зиёд металабад. То оне, ки як ниҳол дарахт шуда, атрофро сабзу хуррам намояд, нафарони зиёд ба кор ҷалб мегарданд, ки дар ин радиф маблағ ва вақти бештаре низ масраф мегарданд, - тазаккур дод С. Акрампур.
Ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи тадбирҳои шаҳрдорӣ, азнавсозӣ гардидани боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, бунёди гулгаштҳо нишонаи таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба истироҳату фароғат ва фароҳам овардани фазои солим барои фаъолияти шаҳрвандон маҳсуб меёбанд. Боиси зикр аст, ки дар давоми солҳои 2017 - 2019 ба миқдори 67 адад боғу гулгаштҳо бунёд ва азнавсозӣ гардиданд.
Маъракаи кабудизоркунӣ, ки дар ду мавсим – баҳору тирамоҳ сурат мегирад, бо қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе 10 ноябри соли 2020 мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ оғоз гардида, ба ҳолати 22 январи соли 2021 ба миқдори 131 353 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шуданд. Аз ин шумора 40 320 бех ҷиҳати дастгирӣ аз иқдоми шаҳрдорӣ дар доираи «Шаҳри сабз» аз тарафи сокинон, соҳибкорон, вакилон ва дигар қишрҳои ҷомеа шинонда шуд.
- Дарахтони сояафкани бисёрсола ва сербарг на танҳо садоҳои зиёд ва чангу ғуборро ба худ мекашанд, балки метавонанд садди роҳи сел ва шамолҳои шадид гарданд. Ба мисол, дарахти бисёрсолаи ҳамешасабз дар як сол то 15 000 литр обро ба худ меҷабад. Солҳои нобасомон дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус дар деҳот ва атрофи кӯҳистон мардум барои пайдо кардани ҳезум бисёр дарахтони сабзи талу теппаҳоро нобуд карданд. Ин дарахтони маҳвшуда, ки қисми зиёди об ва намиро ба худ меҷабиданд, ҳамакнун пеши роҳи селу боронҳои бошиддатро фарох намуданд. Дарахтон ва сабзаву майсаҳои шаҳр низ сарбории зиёди обро ба ҷӯйбору лӯлаҳои корезӣ кам менамоянд. Обро дар вақти боришот ба худ меҷабанд ва дар фасли гармо бухор месозанду ба ин тариқ, ҳарорати ҳаворо то дараҷае ба эътидол меоранд, - илова намуд С. Акрампур.
Аз солҳое, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахт шинохта шуд, дар миқёси давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз шаҳрҳои сарсабзи дунё ба ҳисоб мерафт. Имрӯзҳо, агарчи Душанбе симои наву замонавӣ гирифтааст, ҳамоно асолату сарсабзии худро нигоҳ дошта, ҳолати экологии он низ бамаротиб беҳтар шудааст. Ин ҳама заҳматҳо барои роҳату солимии сокинону меҳмонони пойтахт аст ва шаҳрвандон низ бояд дар навбати худ иқдомҳои Ҳукумати мамлакат ва шаҳрдориро қадр намуда, дар назди биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассисаҳо бештар ниҳол шинонанд ва дар фароҳам овардани муҳити зисти солим ва нармсозии оқибатҳои тағъйирёбии иқлим ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд.
Гулхумор МУҲАББАТОВА,
омӯзгори МТМУ №93,
ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе