Бо боло шудан аз зинаҳои бешумор ва дарозтарини пойтахт гарди шаршараи бошукӯҳ, ки аз баландии 22 метр сар мезанад, сару рӯйи тамошогаронро серун месозад, ки баъди рӯзи тамуз бас ҳаловатбахш аст. Фаввораҳои сершумори назди он шабонгоҳон бо ҷилои чанд ранг назарҳо мерабояд. Ин гӯшаи шимолии боғи Наврӯзгоҳи пойтахт аст, ки аз боғи Нишони давлатии Тоҷикистон оғоз гардида, то канораи ҷануби майдони Наврӯзгоҳ тӯл мекашад ва он дар масоҳати 14,1 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Дар ин боғ 9882 бех дарахтони оройишӣ, мевадиҳандаи маҳаллӣ, сояафкан ва хориҷӣ шинонда шудаанд, ки зеббахши ин гӯшаи биҳиштосо мебошанд. Гулҳои мавсимӣ ва гулбуттаҳо, сабзаҳои махмалин, роҳравҳои сафолакпӯшу тахтасангҳои рангин ва нишастгоҳҳои бароҳат дар ин боғ баҳри истироҳату фароғати комили шаҳрвандон фароҳаманд. Дар маркази боғ майдончаи бозию дилхушии кӯдакон ҷойгир аст, ки дорои аттраксион, пулҳои лағжонак, хоначаҳои афсонавӣ, бозичаҳои пружинадори ҳаракаткунанда, ҳалоҷӣ ва ғайра буда, дар атрофи он қатора дар гардиш аст. Аз самти рости майдонча қаҳвахонаи яхмос бо 40 ҷойи нишаст ва андаке пойинтар хонаи ақди никоҳ ҷойгиранд. Пироҳанҳои ҷашнӣ ба бар навхонадорон тариқи роҳравҳои гулпеч сайри боғ намуда, беҳтарин лаҳзаи умри хешро дар ин гӯшаи назаррабои диёр рӯи акс меоранд.
Дар қисми ҷануби боғ бинои маъмурии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва майдони он бо 14180 ҷойи нишаст ҷойгир аст, ки макони асосии баргузории тантанаҳои идонаи Наврӯз, Ваҳдат, Истиқлолият ва дигар ҷашнҳои бузурги миллӣ мебошад. Дар ин радиф, мусобиқаҳои аспдавонӣ, пойга, бузкашӣ ва дигар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ низ доир мегарданд. Дар самти ҷануби майдон гузаргоҳе мавҷуд аст, ки майдонро бо саисхонаҳои кушоду барҳаво пайванд месозад. Дар саисхонаҳо 80 ҷойи нигоҳдории аспон мавҷуд буда, 10 адад аспҳои хушзоти Наврӯзгоҳ ва дигар аспҳои бодпо нигоҳубин карда мешаванд. 22 аспи дигари ин муассиса дар чарогоҳи ноҳияи Файзобод қарор доранд, ки як нафар саргалабон ва се галабон ба парвариши онҳо машғуланд.
- Дар пойга ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аспони Наврӯзгоҳ фаъолона ширкат меварзанд. Имсол дар пойгае, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар пойтахт доир гардид, яке аз аспони мо мақоми аввал ва дар ҷашни Ваҳдат ҷойи дуюмро сазовор гашт, - иброз намуд корманди муассиса Лайлӣ Мардонова.
- Дар пойгаи аспдавонӣ, ки соли 2019 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ду аспи мо рекорд гузошт. Асп бо лақаби Рамз масофаи 2 000 метрро дар 2 дақиқаву 11 сония тай кард ва аспи дигар бо номи Хатлон 2800 метрро тӯли 2 дақиқаву 23 сония убур намуд, - гуфт сармураббӣ Идибек Сатторов.
Бонувону духтарони тоҷик низ барои аспсаворӣ ва омӯзиши нозукиҳои аспдавонӣ, лоғаршавӣ, рафъ кардани дарди миён ва беҳдошти саломатӣ ба саисхона рӯ меоранд.
- Марям ном духтаре тӯли ду сол аст, ки барои ширкат дар мусобиқаҳои аспдавонӣ ҳамарӯза тамрин менамояд ва омода аст, ки дар пойга ширкат варзад. Умуман барои бехавф ба роҳ мондани аспсавории бонувон мо аспони солхӯрдаро сафарбар менамоем, ки орому ботамкин буда, ба ҳар гуна садову падидаҳои нав беэътиноянд, - афзуд И. Сатторов.
- Бонувон низ дар баробари мардон метавонанд ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои аспдавонӣ ба Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза диҳанд, - гуфт Л. Мардонова.
Дар анбори саисхона 1 адад мошини саргаҳ (старт-машина) бо технологияи олмонӣ ва ду фойтун низ маҳфуз аст. Пойгаи аспон аз мошинолоти мазкур оғоз меёбад. Дар ҷашну идвораҳо фойтунҳоро зебо оройиш дода, ба аспон насб месозанд. Хурду калон савори фойтунҳо метавонанд аз саҳни майдон ва боғи Наврӯзгоҳ дидан намоянд. Дар бинои маъмурӣ ҳамчунин коргоҳҳои ҳунарҳои миллӣ амал менамоянд, ки дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, рушди фарҳанг, муаррифии маданияти пурғановати халқи тоҷик саҳми назаррас доранд.
Аз самти рости бинои маъмурӣ тарабхонаи «Наврӯзгоҳ» воқеъ аст, ки аз ду қабат иборат мебошад. Дар қабати якум 5 ҳуҷраи нишаст бо 8-10 ҷой ва дар қабати дувум 200 ҷой барои баргузор намудани ҷашну маъракаҳо муҳайёст. Арзиши хизматрасонии тарабхона дар қиёс бо дигар тарабсаройҳои пойтахт арзон ва дастрас аст.
Масоҳати умумии маҷмаи Наврӯзгоҳи пойтахт 38,2 гектар ва майдони аспдавонӣ 1600 метрро дар бар мегирад.
- Ба ғайр аз фестивалҳо, ширкат дар тамоми чорабиниҳои варзишию фарҳангии Наврӯзгоҳ, ки бо ташаббуси шаҳрдорӣ сурат мегирад, ройгон аст. Гӯшаву канори боғ кушода асту сокинону меҳмонони пойтахт ҳар қадаре ки хоҳанд, истироҳат менамоянд. Маҷмаи Наврӯзгоҳ туҳфаи арзандаи замони соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик ва меҳмонони кишвар аст, ки пиру барноро ба ҳам оварда, осойиш, оромӣ, болидахотириро фароҳам ва таассуроти некро аз худ боқӣ мегузорад, - зикр намуд Лайлӣ Мардонова.
Ситора АШӮРОВА