Кист, ки туҳфа ва гулро дӯст надорад? Беҳтарин василаи шодгардонии бонувон дар ҷашну идҳо гулдаста ё туҳфае мебошад, ки аз ҷониби ҳамсар ва дӯсту наздикон тақдим мегардад. Далели ин гуфтаҳоро дар пеши дӯкони гулфурӯшон бо фарорасии айёми идҳо дар фасли баҳор бештар метавон мушоҳида кард. Ба иборае миёни харидорони гулу туҳфа «ҷангу ҷӯш» аст.
Мағозаи фурӯши гул ва туҳфаи «Ёсуман» аз ҷумлаи он маконест, ки дар маркази пойтахт ҷой гирифта, бо бӯю накҳати атрбори гулҳои рангоранг ҳар рӯз садҳо ошиқони гулро чун оҳанрабо ба ин макон мекашад. Ба иқрори фурӯшандаи мағоза Лутфия Нарзуллоева новобаста ба мавсими иду ҷашнҳо шумораи муштариёнашон меафзояд ва фармоиши гулдастаю туҳфаҳо ҳисоб надорад.
Гулҳои нодире, аз шумули лолаҳои рангоранг, хризантема, савсани обӣ, садбарг, мехчагул ва кабудиҳои ороишӣ, ки дар мағозаи «Ёсуман» ба фурӯш гузошта шудааст, асосан аз кишвари Ҳолланд ворид шудаанд. Дар ин мағоза омода намудани гулдастаҳоро муштариён асосан аз Лутфия хоҳиш мекунанд. Чаро ки ӯ беш аз 10 сол дар шаҳри Москва ба гулфурӯшӣ машғул буда, таҷрибаи кофӣ дар нигоҳубини гул ва гулдастабандӣ дорад.
- Баъди чанд соли мусофирї дар кишвари Россия ба шањри Душанбе омадам. Хостам, то њунари гулдастабандї ва нигоњубини гулњоро дар ватани худ роњандозї намоям. Ба њамин дӯкони гулфурўшї, ки пештар бо номи «Жасмин» дар пойтахт маъруф буд, омадам ва аз маъмурияти он хоњиш намудам, то маро ба кор гиранд. Бо хоњиши ў якчанд гулро ба даст гирифтам ва аз он гулдаста бастам. Гулдаста ба роњбари маѓоза писанд омад ва гуфт, ки фардо ба кор биё. Њамин тавр, фаъолиятам то имрўз дар ин маѓоза идома дорад, - мегўяд Лутфиябону.
Ба иќрори Лутфия барои ҷалби муштариён ду сол аст, ки иқдоми наверо роҳандозӣ намудаанд. Яъне мардоне, ки ба ҳамсаронашон барои таваллуди тифл гул харидорӣ менамоянд, онҳо гулдастае омода месозанду даруни он хирсакеро чун туҳфа аз мағозаи «Ёсуман» мегузоранд.
Ба иқрори ҳамсуҳбатам харидорони гулу туҳфа асосан мардҳоянд. Бонувон аксаран аз гулҳои даруни тубак, ки барои оро додани пештоқи тирезаи хона мувофиқ аст, харидорӣ менамоянд. Дар мағозаи «Ёсуман» ҳамчунин туҳфа ва армуғонҳои гуногун низ пешкаши харидорон гардидааст, ки ҳар нафар метавонад мувофиқ ба табъ ва завқи худ аз онҳо интихоб намояд.
- Аз моњи июн то ноябр дар маѓоза гулҳои ватанӣ фурўхта мешаванд. Баъдан, дар фасли сармо туҳфаҳо ва гулњо аз кишварњои Њолланд, Россия ва Чин ворид мешаванд. Нигоҳубини гулњо ва бастани гулдастаро ман анљом медињам. Садбарги њолландӣ бењтарин гул аст ва сифати хуб дорад. Дурудароз зебоиву таровати худро нигоњ медорад ва зуд пажмурда намешавад. Ба љузъ ин, садбарг њамеша серхаридор аст. Боварӣ дорам, ки њар бону аз туњфа гирифтани гули садбарг болидарӯҳ мегардад, - мегўяд ӯ.
Ба иқрори Лутфия тақдими гул вобаста ба синну соли соњибљашн интихоб карда мешавад. Масалан, барои љавонон гулдастаи иборат аз 11 – 15 гулњои њархела кифоя мебошад. Барои ҷашни арӯсӣ гулдастаро аз гулњои нозук мепечонад. Дастагул дар мавлуди тифлакони навзод бо гулњои њархела ва хирсчањо оро дода мешавад.
- Ҳадафи ман дидани чеҳраи хандон ва нишоти одамон мебошад, ки њангоми гирифтани гулдаста аз шахси наздик њувайдо мегардад. Бошад, ки иду љашнњо ба дили мардум шодию сурур ва дар чењраи њар бону хушњолӣ орад, - иброз медорад Лутфия.
АНОЊИТО