Зуҳро Каримова. Кайҳост, ки ин номи гӯшнавозу ба назар ошное аз саҳфаи расонаҳо, саҳнаи телевизион, аз забони масъулони фарҳангӣ дар канор монда.
Мутаассифона, насли имрӯза киву чикора будани ин бонуи як замон маъруфу маҳбубро на медонанду на мешиносанд. Ин бар он ҷурм аст, ки кайҳо боз ёдкарди фарзандони номвари фарҳангӣ, пешаварони мумтоз, устодони маҳбуби арсаи ҳунар дигар касеро ба ташвиш намеорад. Ҳамчунон, таблиғи ҳунару истеъдоди ҳунармандони писандида аз доираи назар дур мондаанд.
Дар хазинаи телевизиони тоҷик замоне навори рақси зебои Зуҳро Каримова бо ҳаракатҳои мавзун зери навои думбраи мутриби бесобиқа Ҳаким Маҳмуд маҳфуз буд, ки онро солҳои пеш гоҳу ногаҳ нишон медоданд. Инак, хела сол аст, ки он наво бо хиромиданҳои раққосаи мумтоз дигар пахш намегардад. Боиси нигаронист, ки имрӯз на ҳар журналисти телевизион хушу завқи кор бо бойгониро меписандад.
Кунун чеҳраи зебо, сарве хушхиром, сурудхонии дилнишини Зуҳро Каримоваро танҳо дар филми ҳунарии «Дохунда» дидан мумкин асту бас. Ин филми бадеиро режиссёри маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров аз рӯи асари ҳамноми устод Садриддин Айнӣ таҳия намудааст. Беш аз 60 сол аст, ки онро гоҳе тавассути телевизион тамошо мекунем. Зуҳро Каримова нақши Гулнор ва Тоҳир Собиров нақши Ёдгорро бозидаанд. Ин филми таърихӣ ва нақшофарии ҳунарпешаи ҷавони хушқаду баст Зуҳро Каримова то ҳол диданиву хотирмон аст. Ҳамин тавр, ин бонуи ҳунарвар бо иҷрои як нақш дар саҳифаи кинои тоҷик мақом ёфт.
Аз хусуси он ки Зуҳро Каримова, он сарви суманбӯ, раққосаи хушхиром гули сари сабади саҳнаи ҳунарии солҳои 1953 - 1976 буд, имрӯзҳо ба ҷуз насли калонсол, фарҳангдӯстони ҳушманд ва мутахассисони соҳа дигар касе чизе намедонад. Шоёни зикр аст, ки сухан ин ҷо на аз боби раққосаи одӣ, балки раққосае меравад, ки номвар, моҳир ва соҳибунвон, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики Осиё шинохта буд.
Мусаллам аст, ки барои насли имрӯза аз боби мавҷудияти ҳунарманде шоиста ва рӯзгори пешавари бесобиқа сухане бар сухане зам намудан, хуб аст. Бонуи саропо ҳунар, раққосае хушхирому бомаҳорат, ҳунарманде, ки бо услуби хоси раққосагии хеш дар саҳнаи ҳунар ҳангома барангехта буд.
Зуҳро Каримова 85 сол муқаддам дар деҳаи Чанори ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба дунё омадааст. Пас аз хатми студияи балетии назди Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (1951 - 1953) то охири умр, 23 сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон бурдборона фаъолият варзид. Мавсуф дар айни авҷи фаъолияти ҳунарӣ, дар синни 42 дунёро падруд гуфт.
Бино бар иқрори ҳушмандон ин рақсандаи хушрафтор бо маҳорати баланд ва услуби хоси раққосагии хеш қалби ҳазорҳо тамошогарони ватаниву хориҷиро 23 соли расо болида доштааст. Ба қавли фарҳангиён рақси мавзун, истеъдоди нотакрору табиӣ тамоми таровату назокати санъати рақсро Зуҳро Каримова ба ҳаводорон пешкаш менамуд. Маҳорати ӯ дар иҷрои рақсҳои тоҷикӣ бесобиқа маҳсуб меёфт.
То кунун фарҳангшиносон рақсҳои ӯ: «Рез», «Занг», «Шавқи ҷавонӣ», «Духтари шӯх», «Дилдор», «Ҷигарпора», «Рези Фарғона», «Танаввор», «Зебо», «Дилбар» ва ғайраро ёд меоранд. Иҷрои ин рақсҳо аз маҳорати баланд ва ҳунари волои раққоса гувоҳӣ медоданд.
Хизматҳои шоёни раққосаи хушхиром Зуҳро Каримоваро ҳукумати давр соли 1964 бо унвони фахрии Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон қадр намудааст.
Мавсуф дар шаҳри Москва, дар Фестивали 6 – уми ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён ширкат варзида, сазовори медали нуқра гашт (1957).
Яке аз лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти сарви суманбӯ иштироки ӯ дар ҳайати бонуфузи санъаткорони кишвар дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1967) мебошад, ки он гувоҳ аз ҳунару истеъдоди волои раққосаи хушхиром аст.
Маъхазҳои фарҳангӣ аз боби фаъолияти ҳунарии Зуҳро Каримова ва рақсҳои диловези ӯ, ки қалби ҳазорҳо тамошогарони хориҷиро тасхир сохтаанд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Рақсандаи моҳир дар ҳайати дастаҳои ҳунарии кишвар ба мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон (1957), Афғонистон (1959, 1966, 1973), Ҳиндустон, Ветнам, Хитой (1960) ва ғайра сафари ҳунарӣ намудааст.
Хизматҳои шоёни Зуҳро Каримова бо мукофотҳо, медалҳо ва грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр шудаанд.
Бозӣ, усул бо ҳаракатҳои мавзун, зери навои оҳангҳои шӯху ҷаззоб ва мусиқии дилнишин, дастафшониву пойкӯбӣ, хиромиданҳои ин раққосаи парипайкар ёдкарданист. Ӯ имрӯз бари мо нест, вале чеҳраи зебо, қаду басти раъно, номи неку ҳунари волои ҳунарпешаи шоиста дар саҳфаи таърихи санъати асри ХХ тоҷик сабт гардида.
Умари ШЕРХОН