Таърихи китобу китобдорӣ нафаронеро ёд дорад, ки бо хизматҳои пайваста ва шоён ҳастии маданияту фарҳангро устувор намудаанд. Дар олами фарҳанг нафароне қадам ба арсаи ҳастӣ гузоштаанд, ки ҷаҳонбинӣ ва назари хосса дошта, баҳри пешрафти соҳа неруи худро масраф намудаанд. Ин дам сухан дар бораи як нафар шахсияти шоистаи соҳаи фарҳанг меравад.
Марҳабохон Турсунзода 41 сол боз бо китоб кор дорад ва ин ганҷро ҳифз менамояд. Қалбаш саршор аз муҳаббат нисбат ба китоб мебошад. Кунун рӯзгори ин бонуи фаъол ва заҳмати босамари китобдори асилро пешорӯ меорем.
Мавсуф 22 сентябри соли 1962 дар шаҳри Тошканд чашм ба дунё кушодааст. Вай ҳанӯз яксола буд, ки волидонаш ба Хуҷанди бостонӣ кӯч бастанд. Баъд аз он Марҳабохон толибаи мактаби миёнаи № 4 гардид. Модараш Маҳбубахон Исоева дар ҳамин муассиса ба ҳайси омӯзгори фанни кимиё ва биология дарс мегуфт. Пас аз хатми мактаб Марҳабохон бо маслиҳати модар ба Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба кор омад. Модар ҳамеша насиҳат мекард, ки фарзандаш ба китоб меҳр бубандад. Зеро, танҳо китоб метавонад дар ҳама ҳолат муниси одам бошад ва сабақи илму адаб диҳад.
Меҳри касб Марҳабохонро соли 1980 ба шуъбаи ғоибонаи факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард ва ӯ соли 1985 онро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Аз китобдорӣ то ба вазифаи сардори шуъбаи санъати шаҳр (соли 1992) камол ёфт.
Соли 1998 барои вусъат бахшидани корҳои китобхонавӣ мудири китобхонаи мактаб таъйин гардид. Бо ташаббуси вай кор дар китобхонаи дабистон ранги тоза гирифт, китобхона ба таври замонавӣ бо аёнияту овезаҳо ва шиору байтҳои шуарои классик ва муосир ҷиҳозонда шуд. Пайваста озмуну сабқатҳо доир мешуданд.
Ҳамин тавр, Марҳабохон кӯшиш ба харҷ медод, ки бо роҳу усули нав шавқу завқи хонандагонро нисбат ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ бештар намояд. Аз ин ҷост, ки байни хонандагон зуд-зуд озмунҳо, аз қабили «Рӯдакихонӣ», «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ», «Айнихонӣ», «Турсунзодахонӣ», «Забондонӣ», «Ровии беҳтарин» ва дигар чорабиниҳо баргузор менамуд.
Дар баробари ин, дар мактаб бо шоирону нависандагон ва чеҳраҳои шинохтаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангӣ - Ҷӯрабек Муродов, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Фарзона, Муътабар Иброҳимова, Биҳоҷал Раҳимова, Фотимахон Самадова, Наимахон Муъминова ва дигарон вохӯриҳо созмон медод.
Марҳабохон соли 2009 барои дар сатҳи дилхоҳ ба роҳ мондани кори китобхонаи мактаб дар озмуни шаҳрии «Беҳтарин китобхонаи мактабӣ» ғолиб омад ва бо ифтихорнома сарфароз гардид. Маҳз заҳмати хастагинопазири ӯ буд, ки хонандагон ва омӯзгорони гимназия бо шавқу ҳавас ба китобхона омада, ба мутолиаи китоб мепардохтанд.
Декабри соли 2009 бонуи китобдорро дубора ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ хонданд.
Бо дарку эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ софдилона аз паи иҷрои вазифа шуда, барои зиёд кардани теъдоди хонандагон кӯшиш ба харҷ медод. Ӯ дар назди шуъба 15 нуқтаи китобдиҳӣ таъсис дода, ба истифодабарандагон китобҳои дархостшударо бурда мерасонд ва хизматрасонии сайёрро ба роҳ монд.
Соли 2014 бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» доир гардид. Дар баробари муаррифии муассисаҳои фарҳангӣ ашхоси зиёдеро аз миёни китобдорону китобдӯстон баргузиданд. Дар ин озмун Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Марҳабохон Турсунзода ширкат намуда, дар миёни китобдорони кишвар бо 1101 хол сазовори мақоми аввал гардид.
Номбурда пайваста аз пайи омӯзиш ва рушди малакаи касбӣ буда, солҳои 1987, 1989, 1999, 2000 ва 2006 аз курси такмили ихтисос гузашта, аз навгониҳои замони муосир огоҳӣ пайдо намуд.
Барои хизматҳои шоён, саҳми арзанда дар рушди соҳаи фарҳанг ва китобдорию китобхонашиносӣ мавсуф бо медали «Хизмати шоиста», ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, қадр шудааст.
Шоёни зикр аст, ки дар ҷомеа маҳз бо чунин китобдорони заҳматкашу китобдӯст, бонувоне мисли Марҳабохон Турсунзода теъдоди дӯстдорони китобу китобхонӣ рӯз аз рӯз афзудан доранд.
Нуралӣ Хоркашев