ЁД
Ёди бигзашта ба дил монду дареғ,
Нест ёре, ки маро ёд кунад.
Дидаам хира ба раҳ монду надод,
Номае то дили ман шод кунад.
Худ надонам чӣ хатое кардам,
Ки зи ман риштаи улфат бигусаст.
Дар дилаш ҷойе агар буд маро,
Пас чаро дида зи дидорам баст?
Ҳар куҷо менигарам боз ҳам ӯст,
Ки ба чашмони тарам хира шуда.
Дарди ишқ аст, ки бо ҳасрату сӯз,
Бар дили пуршарарам чира шуда.
Гуфтам аз дида чу дураш созам,
Бегумон зудтар аз дил биравад.
Марг бояд, ки маро дарёбад,
Вар-на дардест, ки мушкил биравад.
То лабе бар лаби ман мемонад,
Мекашам оҳ, ки кош ин ӯ буд.
Кош ин лаб, ки маро мебӯсад,
Лаби сӯзандаи он бадхӯ буд.
Мекашидам чу оғӯш ба меҳр,
Пурсам аз худ, ки чӣ шуд оғӯшаш?
Чӣ шуд он оташи сӯзанда, ки буд,
Шӯълавар дар нафаси хомӯшаш.
Шеър гуфтам, ки зи дил бардорам,
Бори сангини ғами ишқашро.
Шеър худ ҷилвае аз рӯяш шуд,
Ба кӣ гӯям ситами ишқашро?
Модар, ин шона зи мӯям бардор,
Сурмаро пок кун аз чашмонам.
Бикан ин пираҳанамро аз тан,
Зиндагӣ нест ба ҷуз зиндонам.
То ду чашмаш ба рухам ҳайрон нест,
Ба чӣ кор оядам ин зебоӣ.
Бишкан ин оинаро, эй модар,
Ҳосилам чист зи худороӣ?
Дар бубандеду бигӯед, ки ман,
Ҷуз аз ӯ аз ҳама кас бигсастам.
Кас агар гуфт: Чаро? Бокам нест,
Фош гӯед, ки ошиқ ҳастам.
Қосиде омад агар аз раҳи дур,
Зуд бипурсед, ки пайғом аз кист?
Гар аз ӯ нест, бигӯед он зан,
Дергоҳест дар ин манзил нест!
АФСУН
Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдасту медонам,
Чаро беҳуда мегӯйӣ: «Дили чун оҳане дорам».
Намедонӣ? Намедонӣ, ки ман ҷуз чашми афсунгар,
Дар ин ҷоми лабонам бодаи мардафкане дорам.
Чаро беҳуда мекӯшӣ, ки бигрезӣ зи оғӯшам?
Аз ин сӯзандатар ҳаргиз нахоҳӣ ёфт оғӯше!
Наметарсӣ? Наметарсӣ, ки бинвисанд номатро,
Ба санги тираи гӯре, шаби ғамноки хомӯше.
Биё, дунё намеарзад ба ин парҳезу ин дурӣ,
Фидои лаҳзаи шодӣ кун ин рӯъёи ҳастиро.
Лабатро бар лабам бигзор, ки аз ин соғари пурмай,
Чунон мастат кунам, то худ бидонӣ қадри мастиро.
Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдасту медонам,
Ки сар то по ба сӯзи хоҳиши бемор месӯзӣ.
Дурӯғ аст ин агар, пас он ду чашми розгӯятро,
Чаро ҳар лаҳза бар чашми мани девона медӯзӣ?!
НАМЕДОНАМ
Намедонам чӣ мехоҳам Худоё,
Ба дунболи чӣ мегардам шабу рӯз.
Чӣ меҷӯяд нигоҳи хастаи ман,
Чаро афсурда аст ин қалби пурсӯз.
Зи ҷамъи ошноён мегурезам,
Ба кунҷе мехазам орому хомӯш.
Нигоҳам ғуттавар дар тирагиҳо,
Ба бемори дили худ медиҳам гӯш.
Гурезонам аз ин мардум, ки бо ман,
Ба зоҳир ҳамдаму якранг ҳастанд.
Вале дар ботин аз фарти ҳақорат,
Ба домонам дусад пироя бастанд.
Аз ин мардум, ки то шеърам шуниданд,
Ба рӯям чун гули хушбӯ шукуфтанд.
Вале он дам, ки дар хилват нишастанд,
Маро девонае бадном гуфтанд.
Дили ман, ай дили девонаи ман,
Ки месӯзӣ аз ин бегонагиҳо.
Макун дигар зи дасти ғайр фарёд,
Худоро бас кун ин девонагиҳо.