«Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, эҳтиром гузоштан ба забону таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои табииву дақиқ ба шумор меравад».
Эмомалӣ РАҲМОН
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ибтикор ва тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 феврали соли 2019 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ҷамъбаст шуд. Озмун ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ дар байни мардум, ғанӣ гардондани захираи луғавии онҳо, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, ки аз ҳадафҳои асосии баргузории ин маъракаи муҳим ва беҳамто ба шумор мераванд, такони ҷиддӣ бахшид. Рухшона Бовозода, хонандаи синфи 11 МТМУ № 11 деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод мебошад. Ӯро аз хурдӣ завқи китобхонӣ дар қалбаш ҷӯш мезад, аз ин рӯ, азм намуд, то дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ширкат варзад. Соли аввали эълон гаштани ин озмун маҳорати худро санҷид ва то даври ҷумҳуриявӣ расид. Вале дар даври ниҳоӣ муваффақ нашуд. Рухшона мегӯяд, ки аз ин ҳолат рӯҳафтода нагашт, баръакс, талош намуд, то дар озмуни навбатӣ бори дигар иштирок намояд. - То иштирокчии озмун будан, асарҳо ва ашъори тамоми адибону шоиронро, ки дастрас менамудам, мутолиа мекардам. Аслан рағбатам ба китобхонӣ аз шунидани афсонаҳои модар пайдо шуд. Баъдан, хоҳиши аз наздик ошноӣ доштан бо қаҳрамонҳои афсонаю қиссаҳо маро бо китоб пайваст. Вақте озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон шуд, бо умеди дидори аҳли адаб, шоирону нависандагон тасмим гирифтам, ки дар он ширкат варзам, - иброз медорад Рухшона. Ӯ дар даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯи номинаи хондан ва аз ёд кардани адабиёти муосири тоҷик ғолиб гардид ва сазовори ҷойи 1 – ум шуд.
«Тоҷикистон - Ватани азизи ман» Муҳаммадҷон Раҷабов аз замони кӯдакӣ ба санъати мусиқӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Ин истеъдоди нуҳуфтаро волидайн дарк сохтанд. Саъй намуданд, то фарзандашон ҳунар омӯзад ва аз пайи сайқали истеъдоди хеш шавад. Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» василае барои роҳ ёфтан ба қуллаҳои ҳунар барояш гашт. Муҳаммадҷон соли 2019 дар ин озмун аз жанри анъанавӣ бо сароидани суруди классикӣ сазовори ҷойи 4 – ум гардид. Соли 2020 низ саъй кард, то дар ин озмун ширкат варзад ва соҳиби ҷойи намоён шавад. Заҳматаш дар ин ҷода самар дод. Дар жанри эстрада бо суруди «Ватан» (шеъри Маҳзун, оҳанги Амирбек Мӯсоев) сазовори ҷойи 1 –ум гашт. Муҳаммадҷон Раҷабов ҳанӯз 12- сола мебошад. Ӯ дар мактаби мусиқии ба номи Муҳиддин Аминзода дар синфи 5-ум мехонад. Ҳамзамон, дар гимназияи №9 ба номи Низомии Ганҷавӣ дар синфи 6 таҳсил мекунад. Ӯ дар озмунҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби 4 ҷоиза ва 30 диплом, ифтихорнома ва сипоснома гардидааст. Устоди аввалинаш дар ин ҷода Лола Азизова мебошад.