Дар расми ифтитоҳи он саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷашнгоҳеро мемонд. Зеро меҳмонону иштирокчиён, аҳли илму адаб ва мухлисони шеъру сухан, махсусан, ҳаводорони ин озмун, аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ҷамъ омада буданд. Ҳар яке бо дасту дили гарм, бо умеди пирӯзии худ ва ё наздикону дӯстонашон. Ҳузури гарми онҳо на танҳо ба ҳар бинанда ифтихор илқо мекард, балки дар назари кас ба нимпайкараҳои бузургони адабиёти классикии тоҷику форс, ки дар намои Китобхонаи миллӣ мақом ёфтаанд, ҷон мебахшид.
Дар маросими ифтитоҳи хотирмони ин чорабинии бошукӯҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиронро бо тантанаи китоб табрик гуфта, зикр намуд, ки озмуни мазкур соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсади озмун баланд бардоштани сатҳи суханвару сухандон, нутқи отифӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию худогоҳию худшиносӣ мебошад.
Воқеан, чандин сол боз дар забони пиру барно чун масал ва дар расонаҳои хабарӣ такрор ба такрор гуфта мешуд, ки миллати тоҷик аз китоб дур мондааст. Албатта, ин гуфтаҳо то ҷое асос ҳам доштанд, аммо касе пайи ҷустуҷӯи сабабу ҳалли ин масъала ва мушкил набуд. То ки Сарвари давлат бо як амри худ ба тамоми баҳсҳо нукта гузошта, ҷомеаро дубора ба китоб мутаваҷҷеҳ сохтанд. Ин амри савобу саривақтӣ далели роҳбари мардумӣ ва сарвари хирадсолор будани Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар озмуни фавқуззикр қариб 300 нафар довталаб дар 5 номина маҳорати худро санҷид: хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик; хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик; хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти бачагона ва нақлу ривоятҳои халқи тоҷик; хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон; шоирӣ.
Фарқи асосии озмуни соли 2020 аз соли гузашта аз рӯи синну сол ба гурӯҳҳо ҷудо кардани иштирокдорон буд: хонандагон, донишҷӯёну унвонҷӯён ва табақаҳои дигари ҷомеа.
Боиси тазаккур аст, ки ситоди озмун ба 40 нафари дигар, ки бо ариза муроҷиат карда буданд, ҳаққи ширкатро дод, то касе ноумеду озурдахотир нагардад. Албатта, ҳузури духтарону занон дар озмун бармало рӯшан ва чашмрас буд.
Соҳиба Иззатова, донишҷӯи соли дувуми коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар озмун аз номинаи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик маҳорат санҷидан мехост. Суҳбати мо дар толори дигаре, ки тариқи монитор рафти баргузории пурсишу посухи иштирокчиёну ҳакамон мустақиман пахш мешуд, сурат гирифт. Соҳиба гуфт, ки алҳол баҳри огоҳшавӣ аз кори озмун омадааст. Дар кӯлбори хотираи худ аз 100 китоби мутолиакарда зиёда аз 100 ғазал, 180 рубоиву дубайтӣ, 200 байт аз достонҳо, 100 байт қасида овардааст. Ба тамоми иштирокчиёни озмун пирӯзӣ мехост.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҷомеаи фарҳангии кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Боиси хушҳолист, ки волидон фарзандони хешро баҳри ширкат дар сабқатҳо дастгирӣ мекунанд ва аз гӯшаву канори дурдаст ба марказ меоянд. Мадина Сафарова, омӯзгори МТМУ № 18 ноҳияи Данғара яке аз модарони саодатманде буд, ки бо фарзандонаш Ҳумайниву Динора – яке хонандаи синфи 5 ва дигаре хонандаи синфи 4 ба озмун омада буд. Аз роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати роҳандозии чунин озмуни бузургу созанда арзи сипос менамуд. Мадинабону иброз дошт, ки озмун завқи китобхонии фарзандонашро бедор кардааст. Онҳо мустақилона то нимашаб китоб мехонанд, то ки ғолиб оянд. Шавқу ҳаваси онҳоро дида, модар ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат онҳоро ба Китобхонаи миллӣ меорад, то ки аз махзани дониш фаровон истифода баранд.
Воқеан, китобхонӣ ҷаҳонбиниро фарох ва касро сухандону суханвар мегардонад. Динораи 10-сола чунон бо шавқ ва оҳанги хос ҳарф мезад, ки ҳар шунавандаро мафтун месохт. Озмун боис шуд, то ин дӯстрӯякро барои барандагии барномаҳои ТВ «Баҳористон» даъват намоянд.
«Мақсад аз иштироки ман дар озмун санҷишу рушди донишу маҳоратам мебошад, на ғолибият» ифшо намуд Шарифамо Одинамамадова, хонандаи синфи 11-уми литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ, барандаи стипендияи Президенти Тоҷикистон. Ӯ зиёда аз 200 осори бадеӣ хондаву беш аз 1000 байт аз бар намуда. Омодагии шабонарӯзӣ роҳи ғолибиятро барояш осону ҳамвор кард. Ғолиби ҷойи сеюм аз номинаи адабиёти ҷаҳон гашт. Вақте пурсидем, ки маҳз барои озмун пайи мутолиаи осори бадеӣ шудааст, посухаш бо ҷиддият «не» буд. Гуфт, бидуни озмун низ ба хондан ҳавас дошт ва дар озмун ҳам нафаре ғолиб меояд, ки заминаи мустаҳкам дошта бошад.
Номинаи адабиёти бачагона бо ҷолибияти худ аз ҳисоби иштирокчиёни хурдсол аз дигар номинаҳо имтиёз дошт. Дӯстрӯякон ба китоб бо меҳру муҳаббат аз дили софи кӯдакона ва бидуни тамаъ муносибат мекунанд. Тибқи низомнома дар ин номина ҳам маҳдудияти синнусолӣ вуҷуд надошт.
Фарзона Восеева, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, забондон ва эҷодкори ҷавон, ғолиби ҷойи аввал аз номинаи болозикр мебошад. Ба андешаи ӯ, осори адибони бачаҳо касро ба олами софу беолоиши кӯдакона мебарад.
Чун дар оғоз аз иштироки фаъоли намояндагони ҷинси латиф дар озмуни ҷумҳуриявӣ сухан рафт, гуфтан ҷоиз аст, ки аксари ғолибон низ духтарон буданд. Хосса, дар номинаи шоирӣ чаҳор гулдухтар соҳиби ҷоиза гардид: Мафтунаи Қосим, Шобегим Маликшоева, Шаҳноза Пирова, Малоҳат Толибова.
18-уми декабри соли 2020 – рӯзи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунро наметавон фаромӯш сохт. Мардуми зиёд паси дарҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мунтазири вуруд буданд. Зеро озмун воқеан, сабқати милливу таърихист. Шояд дар ояндаҳо ин озмунро «давраи эҳёи фарҳанги тоҷик» ҳисобанд.
Роҳраву долонҳои театр аз ғолибону наздикон, мухлисону рӯзноманигорон лабрез буд. Гулҳои дасти ғолибон аксандози чеҳраи шукуфони онҳо буд. Ҳама ғолиб, на мағлуб!
Дидани ин манзара хоҳишеро дар дили бинанда бедор месохт, ки бо шоир якҷо ин мисраъҳоро тараннум кунад:
Кош, абри зарфишоне гашта, зар мерехтам,
То ба аҳли анҷуман зар то камар мерехтам.
Бузургмеҳри ҲАКИМ