Сабзкорони Душанбе
Баробари қомат афрохтани биноҳои маъмурию истиқоматии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва майдончаҳои варзишӣ, ҳамчунин ороишу сабзкориҳои кӯчаю хиёбони шаҳр ҳусни тозае ба ин зебоиҳо зам намудааст. Ва аз тамошои кӯчаву хиёбонҳо, гузарҳои дилфиребу назаррабои пойтахт ин калом аз забони ҳар сокини шаҳр ва меҳмонони он садо медиҳад: «Душанбе зебо шудааст!».
Масъули ободонӣ ва зебою дилрабо гаштани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳои шаҳр киҳоянд? Беихтиёр пеши назар бонувони сабзпӯш падид меоянд, ки аз саҳар то шом дар даст теша, белу каланд гулу буттаҳоро аз алафҳои бегона тоза ва бехашонро нарм месозанд. Ё занони тамизкори хилъатзард, ки аз дили шаб то субҳи содиқ садои ших – шихи ҷорӯбашонро мешунавем.
Файзимоҳ Ёроваро дар хиёбони Рӯдакии пойтахт вохӯрдем, ки саргарми кори хеш буд. Ӯ хазонҳои аз аввалин сардиҳои фасли поиз рехтаро аз кӯчаҳои марказӣ мерӯфт. 7 сол аст, ки бо ин пеша пайвастааст ва ба гуфтааш ҳар субҳро аз дидори меҳмонону сокинони шаҳр оғоз месозад.
- Аз соати 22 ба кӯчарӯбӣ мебароям, то мардум саҳар дар ҷойи тоза қадам ниҳад. Рӯзона бошад, пас аз соати 8 бори дигар масоҳати дар ихтиёрдоштаамро тамизкорӣ менамоям. Бо дилгармӣ аз пайи анҷоми кор мешавам. Вақте мебинам, сокинону меҳмонон аз корҳои ободонию тозагии шаҳр тавсиф менамоянд ва завқ мебаранд, эҳсоси хурсандӣ мекунам. Шодам, ки заррае ҳам бошад, дар ободонии пойтахти азизам саҳм дорам, - мегӯяд вай.
Файзимоҳ аз дастгириҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қаноатманд буда, иброз дошт, ки заҳмати ӯву ҳампешагонаш дар ҳар ид аз ҷониби шаҳрдорӣ қадр мегардад.
Шаҳри ман – хонаи ман
Мутаассифона, гоҳе шоҳиди заҳматнописандии бархе аз сокинону меҳмонони шаҳр мешавем, ки кӯчаю хиёбонҳоро ифлос менамоянд. Ҳамчунин, мебинем, ки дар гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ (бахусус биноҳои баландошёна) халтаҳои селофании пур аз ахлотро кӯдакону наврасон аз хонаҳо бароварда мепартоянд. Ин ҳама нахуст аз бепарвоии калонсолон аст, ки иҷрои ин амалро ба фарзандони хурдсолашон бор мекунанд ва назорат намекунанд.
- Вақте ин рафтори номатлуби шаҳрвандонро мебинам, ростӣ, аламам меояд, ки чаро меҳнати моро қадр намекунанд. Аз аксар хоҳиш менамоям, то партовҳояшонро дар қуттиҳои махсус партоянд, вале на ҳама инро дуруст дарк месозанд.
Бале, тозагии шаҳр ва ободонии кӯчаҳои он рисолати мост ва ин масъулиятро бечунучаро иҷро менамоем. Вале шаҳрвандон, сокинону меҳмонон ҳам бояд дарк созанд, ки шаҳр хонаи ҳар яки мост. Пойтахт оинаи кишвар аст ва барои тозагию ободии он ҳар нафар масъул мебошад, - иброз медорад Зулайхо Мирзоева.
Шаҳри гулбез
Абдуфаттоҳ Самиев, сарагрономи раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 34 сол аст, ки дар соҳаи кабудизоркунӣ фаъолият менамояд.
Алҳол, масоҳати гармхонаҳои муассисаи мазкур 3 ҳазору 739 метри мураббаъ буда, дар 2 ҳазору 200 метри мураббаъ гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд. Ба гуфтаи сарагроном ҳар сол то 2 млн дона ниҳолакони гулҳои гуногун дар кӯчаҳои ноҳияи Шоҳмансур кӯчат карда мешаванд. Оғози кӯчати гулҳои зимистона бошад, ба моҳи октябр рост меояд, ки то иди Наврӯз дар нашъунамост. Дар нигоҳубини ниҳоли гулҳо 38 бону шуғл дорад.
- Ҳоло дар гармхонаҳо гулкарам, мехчагули туркӣ, мехчагули хитоии шабо, вёла бо рангҳои гуногун, маргаритка парвариш мешаванд. Бештари ин навъи гулҳо, бахусус, гулкарам ба сардӣ тобовар буда, то сабзондан дар шароити ҳавои муътадил нигоҳ дошта мешавад. Тухмии ин гулҳо тариқи шартнома аз кишварҳои Ҳолланд, Туркия ва Хитой дастрас мегарданд ва тарзи нигоҳубини он дар қуттиҳо тавсия шудааст, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ба гуфтаи ӯ тухмиҳои ба истилоҳ «худӣ» барои гулборон намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр басанда нест. Зеро айни тухмигирӣ ё ҳанӯз тухмӣ нагирифта ниҳолҳо аз нашъунамо бозмемонанд, ки ин ҳусни шаҳрро мекоҳонад ва тухмиҳо норасида онро ҷамъоварӣ менамоем. Аслан то моҳи май мавсими кӯчати гулҳои баҳорӣ оғоз меёбад, вале давраи тухмигирӣ моҳи июн шурӯъ мешавад. То ҳадди имкон аз тухмиҳои «худӣ» истифода намуда, беш аз 200 ҳазор ниҳоли гулҳои гуногун аз ин ҳисоб месабзонем.
- Дарахтони булут, ақоиқи абрешимӣ, санавбар ва дигар намудҳои арча, гулҳои товусу садбарг дар майдонҳои кабудизоркунии муассиса парвариш меёбанд, ки он аз тухми «худӣ» сабзонда мешаванд, - мегӯяд сарагрономи муассиса.
Назирабону Отабекова аз хурдӣ муҳаббати гулпарвариро дар дил дошт ва бо амри тақдир бо гулҳо пайваст. Чаҳор сол аст, ки дар яке аз гармхонаҳои гулпарварии Муассисаи давлатии нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба нигоҳубини гулҳо шуғл дорад. Ӯ алҳол ба нигоҳубини гулҳои зимистона, аз қабили вёла, гулкарам ва намудҳои гуногуни мехчагул машғул аст.
Шаҳло Саидова, Азизмоҳ Умарова, Бахтинисо Қодирова низ чун дигар ҳампешагон ҳар субҳи худро бо шинондану нигоҳубини гулу буттаҳо оғоз менамоянд.
- Шукр, ки имрӯз соҳиби ҷойи кор ҳастам ва саҳме дар ободонии шаҳр ва ҳам буҷети хонавода дорам. Ҳар моҳ 980 сомонӣ маош мегирам ва дар ҷашну идҳои давлатӣ бо мукофотҳои пулӣ меҳнатамон қадр мегардад, - мегӯяд Шаҳлобону.
- Албатта, дар офтоби сӯзони тобистону фасли сармо кори кӯча осон нест. Аз сипоси раҳгузарон неруи тоза мегирам, вале гоҳо хунукназарии бархеро нисбати зебоиҳои шаҳр дида, дилам ба меҳнати худам месӯзад. Бонувон ба сайругашти шаҳр баромада, кӯдаконашонро беназорат мегузоранд. Онҳо гулҳоро саркан намуда, сабзаҳоро поймол месозанд.
Вақти хуруҷи бемории СOVID – 19, ки одамон аз гирифторшавӣ аз ин маризӣ тарс доштанд, мо дар хона нанишастем. Баръакс, барои тозагии шаҳр ва ҷамъ намудани партовҳо аз субҳ то шом заҳмат кашидем. Ҳоло низ дар роҳравҳо ниқобҳои истифодашударо мепартоянд, ки хатари сироятёбӣ ҳар лаҳза таҳдид мекунад, - мегӯяд бо таассуф Азизамоҳ.
аноҳита