Барои иљрои наќши Санам дар филми «Муљассамаи ишќ» духтарони зиёде омаданд, аммо коргардон Умед Мирзоширинов хаёлан номзади дигареро интизор буд. Чењраи гарми тољикона, чашмони шањлои љодувона ва љаззобро мељуст, то баробари диданаш тамошогар мафтун гардад.
Овозаи њусну љамоли дилкаши зебосанаме тањиягарро ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнї овард. Баробари ворид гаштанаш, Умед духтари зебову кушодчењраи ширинрўеро вохўрд. Андешид, мањз њамин парирух ќањрамони филми ўст. Мушкили дигар ба даст овардани ризомандии њамсари бонуи нозанин буд.
Билохира, Умед ризояти њамсари Савригулро ба даст овард. Ва њамин хел филми «Муљассамаи ишќ» ва образи Санам рўи навор омад. Ў чунон моњирона наќш бозид, ки то кунун њаводорони синамои тољикї филмро бо номи Санаму Бобои Ѓаффор мешиносанд. Аз он овон Савригулро Санам унвон доданд.
Хаёли хом
Савригул Ќурбонова ба љуз «Муљассамаи ишќ» дар филмњои дигари сертамошо, аз ќабили «Бењуда хорам мекунї» наќш офаридааст. Бештар наќши бонувони сарватмандро мебозад. Аз ин рў, образи ў дар мафкураи мардум њамчун зани доро маќом ёфтааст.
Бо нияти огоњї ёфтан аз рўзгори кунунии њунарпешаи хушсалиќа роњ пеш гирифтем сўи кошонааш. Чун бо пешавар ќаблан ошної надоштем, пеши назар бонуи назарбаландеро дохили кўшки бодабдаба тасаввур мекардем. Гумони мо ботил баромад. Бонуи чењрахандон бо латофати занона пешвозамон шитофту дохили биное моро даъват кард. Он макон хобгоњи Вазорати фарњанги кишвар буд. Њайратзада дохили њуљраяке шудем, ки дар он Савригул бо писару келин ва наберааш ба сар мебурд. Њайратзадагии моро дида гуфт, агарчи кулба хурду назарногир аст, дар ќалби фарохи онњо њама љой хоњанд ёфт.
Ятимї дар хурдсолї
Ў дар шањри Норак ба дунё омадааст ва овони кўдакияш низ ин љо сипарї гаштааст. Фарзанди хурди хонадон, ба ќавле «эрка»-и волидону дигар аъзои оила мањсуб меёфт. Лањзањои беѓамиву беѓашї, овони хушиву хуррамї, ки падари санъаткораш гоње аз чорабиние меомад, дутор ба даст мегирифту оњанги дилангезе менавохт ва духтарро ба арѓушт мехонд. Хиромиданњои ширини Савригул завќњоро бедору лабонро ба ханда водор мекарданд, ки беихтиёр мављи кафкўбињоро бармеангехт. Мењри раќсидан дар ќалбаш маъво гирифта буд.
Аммо чї медонист, ки хандањои беѓаши ў њамагї муваќќатист. Дар 5-солагї аз падар ва дар 6-солагї аз модар мањрум шуд. Зери тарбияи хоњари бузургаш, ки дар Хонаи радио ба њайси коргардони овоз фаъолият менамуд, ќарор гирифту ба шањри Душанбе омад. Эњсоси танњої вуљудашро печид, хандаву табассум аз лабонаш париданд.
Њам раќс, њам њунармандї
Баъд аз ду соли хониш дар мактаби миёна тањсилро дар омўзишгоњи мусиќї давом дод. Пас аз итмом њуљљатњояшро ба коллељи тиббї супурд. Азбаски ин хоњиши хоњарбузургаш буд, майле ба ин пеша надошт ва аз имтињонњо афтид. Донишљўи Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода гардид. Њамчунин, фаъолияташро дар ансамбли раќсии «Зебо» оѓоз бахшид. Дар ин радиф, дар намоишномањои телевизионї ва театрї њам наќш мебозид.
Духтари зебову назаррабо, ки буд, барои офаридани наќш дар филм ба ў пешнињоди зиёд ирсол мегардид. Нињоят, рўзе вай барои наќш офаридан дар филми «Агар дўст дорї» розї шуд, он ваќт њамагї 23 сол дошт. Дар ин филми коргардон Абдурањим Ќуддусов ў наќши Зебо ном духтаракеро бозид. Баъд аз ин, роњи Савригул барои наќшофарї дар филмњо фарох гардид. Њамин тавр, ў дар филмњои «Хоља Насриддин», «Худкуш», «Бигзор њамаи ин хоб бошад» ва «Муљассамаи ишќ» наќш офарид.
Замоне чун малика
Савригул бо Зайниддин ном љавон оила барпо намуд. Њамсараш мураббии варзиш буду њамзамон чанд навъи тиљоратро пеш мебурд. Тамоми шароитро бањри зиндагии шоиставу арзандаи њамсараш фароњам овард. Ў муддате аз сањна дур монд. Аз зиндагї ком ширин намуду хушњол буд, ки баъди ѓаму андуњи зиёд аз даргузашти волидон дар айёми хурдсолї кунун иќбол ба рўяш хандид.
Писари аввалинро ба дунё овард. Њамсари саодатёраш, ба ќавле намегузошт, ки ба пойи Савригул хоре халад. Писари дувум низ чашм ба олами њастї кушод ва зистгоњашон тўйхонаро мемонд. Фарзандон таълиму тарбияи хуб мегирифтанду аз њељ чиз камбуд надоштанд. Тўли чанд сол Савригул худро маликаи хонадон медонисту нозпарварди њамсари мањбуб. Аммо ин хушбахтї дер напоид. Дар тиљорат шавњар муфлис гашту баъди чанде ногањон ѓайб зад. Њатто зављаву фарзандонаш аз ў дараке надоштанд.
Чор соли интизорї
- Чанд рўз ба хона наомад. Нигарон шудам, ки чї воќеа рух дода. Зеро њар куљое, ки мерафт, њатман огоњ менамуд ва бегоњ худро ба манзил мерасонд. Њар љо, ки ёру дўст ва ё хеши наздике дошт, суроѓу пай кардам, вале бенатиља, - бо дили пур аз дард ќисса намуд ў.
Савригул шаборўз њамсарашро мељуст. Чор сол сипарї шуду кўшишњояш бенатиља анљомид. Ва билохира, ба таќдир тан дод ва бањри дарёфти ризќу рўзї камар баст.
Кор њам пайдо намуд, вале бо маоши нокифоя натавонист рўзгор пеш барад. Тасмим гирифт, ки бо тамоми њастї ба кор дода шавад ва ба ин минвол дар як ваќт дар панљ љой кор кард. Рўзу шабро таќсимбандї ва рўзгори сангинеро пушти сар намуд. Ба хотири ояндаи дурахшони фарзандон ба њамаи мушкилињо тоб меовард.
Як сў ѓами рўзгор буду як сў ѓами њамсари гумгаштааш. Пас аз чор соли интизорї нињоят хабар ёфт, ки њамсараш дар Россия аст. Гоњ – гоњ ба фарзандон маблаѓи ночизе мефиристод, вале тамос намегирифт. Рўзе занг заду гуфт, ки корњояш бебарор анљомидаанд ва дигар имкони ёрї расондан надорад. Дигар аз ў хату хабаре наомад. Бо бузург шудани фарзандон бори зиндагї боз њам вазнинтар мегардид. Ба андешаи он афтод, ки фарзандон бояд тањсили олї гиранд. Савригул маљбур шуд, ки хонаи панљњуљрагиашро бифрўшад. Ќисме аз маблаѓи аз фурўши хона ба даст омадаро барои харољоти рўзгор сарф намуду ќисми дигарро ба тањсили фарзандон бахшид. Њоло дар ду коргоњ ба њайси танзимгар фаъолият дорад.
Дар орзуи манзил
Санаи 12 – уми апрели соли равон ин њунарманди зебою мањбуб ба синни мубораки 60 ќадам менињад. Ягона орзуе, ки дар ќалб мепарварад, соњиби кулбаи хеш гардидан аст, то дар њалќаи фарзандону наберагон осуда, давлати пирї ронад. Хушоянд мебуд, агар масъулони соња ба ёрмандї ба ин бонуи сањна манзилашро матрањ менамуданд ва орзуи Савригул Ќурбонова љомаи амал мепўшид.
Ќалби ин бону, ки кўлбори пур аз ѓаму дардро мемонад, бо ин њама сангинињои рўзгор њанўз њам зебост. Дари кошонааш ба рўи дўстону мењмонон боз асту табассуми нарм даври лабонаш њувайдо.
Бунафша РАЊМОНОВА