Ӯ нозукиҳои нохун задан ба торҳои рубоб ва ҷустани асрори садои дилангезашро ба шогирдони мактаби санъат меомӯзонад. Ҳуснибегим худ аз пайи модар рафту аз хурдсолӣ домони санъат гирифт ва ба гурӯҳи аккордеони мактаби мусиқӣ аъзо шуд. Лаёқати санъаткори наврасро дида, пас аз хатми синфи нуҳум вайро ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе фиристоданд. Мактаби санъат ба мутахассиси асбобҳои халқӣ ниёз дошту дар омӯзишгоҳ вай дар гурӯҳи асбобҳои халқӣ таҳсилашро идома дод.
Инак, 35 сол аст, ки ӯ дар мактаби санъати шаҳри Хоруғ ба номи Қурбоншо Ноёбшоев фаъолият дорад. Дар ин давра истеъдодҳои зиёдеро тарбия ва барои кушодани маҳорату малакаи санъатварӣ онҳоро роҳнамоӣ кардааст. Аз рӯйи нота навохтани оҳангҳои гуногуни бастакорон ва ба нота даровардани оҳангро ба шогирдон таълим медиҳад.
- Ромишгари хуб ба сози мусиқиаш чун ба муқаддасот муомила мекунад. Бо ихлосу эҳтироми махсус онро ба даст мегирад, ба набзаш гӯш медиҳад, пас аз ин ба он хеле оҳиста ва нозук нохун мезанад. Танҳо бо чунин муносибат садои дилангезу рӯҳафзои сози мусиқӣ ба қалбҳои шунавандагон корагар мешавад, - мегӯяд муаллима ба шогирдон.
Меҳри шогирдон ба созҳои мусиқӣ бо суханони сеҳрангези муаллима аз ривоёт ва маъхазҳои таърихӣ оид ба созҳои биҳиштӣ дар Бадахшон, ки рубоб яке аз онҳост, боз ҳам қавитар мешавад… Навои рубоб ғубори дилҳоро мезудояду ба вуҷуди инсон тозагӣ мебахшад. Сеҳри сухану навои рӯҳбахши рубоб инсонро водор месозад, ки домани илму адаб гирад.
-Ҳар соз роз дорад, зиёд будани хоҳишмандони таълим дар гурӯҳи рубоб ва рушди касбии онҳо баёнгари он аст, ки санъаткори ботаҷриба ва дилдодаи касбу кор Ҳуснибегим Меҳтархонова дар кушодани асрори сози мардумӣ, яъне рубоби бадахшонӣ ба шогирдон муваффақ аст,- мегӯяд роҳбари мактаби санъати шаҳри Хоруғ Искандар Тӯтиёев.
Мардуми Бадахшон табиатан санъаткоранд ва ҳоло ҳам касе гар вориди хонаи урфии помирӣ мешавад, дар сутун ва ё девор дафу рубоб овезон мебинад, зеро бошандагон мавҷудияти ин созҳои биҳиштиро муҷиби саодати хонадонашон медонанд. Аз қадим сахтии меҳнати саҳро ва тараддудҳои рӯзгорро мардум шомгоҳон бо созу суруд ва рақсу бозӣ ҷуброн менамуданд ва қариб ҳар хонавода санъаткори худро дошт. Ин аст, ки ҳанӯз вақте барои ширкат дар нахустин даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар Москва, моҳи апрели соли 1941 корвони фарҳангӣ аз Тоҷикистон тартиб ёфт, ансамбли бачагонаи «Помир» ба он шомил гардиду бо ҳунари созу сурудҳои халқӣ ва рақс дар саҳнаи «Большой театр»-и Москва сазовори кафкӯбиҳои пурмавҷи мухлисони сершумор гардид.
Баромади таърихӣ ва шуҳрат ёфтани ансамбл ба интихоби наврасу ҷавони зиёд дар Бадахшон ҳам таъсир гузошт, Саидбегим Масталиева, модари Ҳуснибегим яке аз онҳое буд, ки риштаи умрашро ба санъати касбӣ пайванд дод. Вай ба орзуяш расиду чанд сол дар ҳайати ансамбли овозадори «Помир» ҳунарнамоӣ кард, вале бо амри тақдир пас аз издивоҷ кардан ба Хоруғ омада, дар театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ фаъолияташро идома бахшид. Духтарон Ҳуснибегим ва Нуқра пайраҳаи модарро гирифта, айни ҳол яке омӯзгори рубоби бадахшонӣ ва дигаре чангнавози мактаби санъати шаҳранд.
Мактаби мусиқӣ дар Хоруғ ба манзури бозёфти истеъдодҳои бачагона ва инкишофи салиқаи эҷодкориашон соли 1950 таъсис ёфта, тайи солҳои фаъолияташ дар тарғиби ҳунарҳои зебо байни кӯдакону наврасон ва камол ёфтани чеҳраҳои нави ҳунар саҳми арзанда гузоштааст.
Алҳол дар ин мактаб 200 талаба ба омӯзиши рубоб, рақснигорӣ, хорсароӣ, гитор, аккордеон, фортепиано, рассомӣ, созҳои нафасӣ ва гулдӯзӣ машғуланд. Бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят бинои замонавии театри миллӣ бо 1000 ҷойи нишаст қомат меафрозад. Ба манзури мусоидат ба таъмин намудани театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ бо мутахассисон чанде қабл дар мактаби санъат гурӯҳи актёрӣ созмон ёфт.
Муаллима ифтихор дорад, ки дастпарваронаш дар озмуни ҷумҳуриявии «Навозандагони наврас» бо фортепиано ва рубобу сетор маҳорати баланд нишон доданд, шогирдаш Эсо Раҳмихудоев бо рубоби бадахшонӣ аз зумраи онҳое буд, ки соҳиби ҷоиза гашт. Иддае аз шогирдонаш дар донишкадаи фарҳанг, санъат ва консерваторияи миллӣ такмили маҳорат мекунанд.
- Санъати халқӣ чун рукни муҳими фарҳанги миллӣ муаррифгари розу ниёзи халқу миллат аст. Алоқамандии насли наврас ва ҷавон ба омӯзиши фарҳанги миллӣ бовариро ба ҳифз ва ҷовидон будани ин сарвати бебаҳо қавӣ месозад, - изҳор медорад омӯзгори собиқадор, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Ҳуснибегим Меҳтархонова.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол,
шаҳри Хоруғ