- Дар шашсолагӣ маро тақдир муҳри ятимӣ дар пешона зад. Падарам ба садамае дучор шуду фавтид. Мо ҳафт нафар хоҳарону додарон сағира мондем. Модарам бо ҳунармандӣ байни ҳамдеҳагон маъруф буд, вале бар замми ин дар фермаи колхозӣ говдӯшӣ мекард, то камбудии рӯзгорро мо, фарзандонаш камтар эҳсос намоем. Аз нимашаб ману апаҳоямро ҳамроҳ ба ферма мебурд ва ҳадафаш омӯзондани пеша ба духтаронаш буд. Он замон ферма барои пайдо кардани луқмаи нон баҳри аҳли хонаводаамон ягона макон ҳисоб меёфт. Ҳамин буд, ки ман аз синни дувоздаҳсолагӣ аллакай ҷӯшидани чанд сар модагови фермаро бар дӯш доштам. Давоми рӯз, баъди анҷоми говҷӯшӣ мо, хоҳарон нишаста, ҳунармандӣ менамудем, ки ин шуғди дигаре барои дарёфти ризқу рӯзӣ буд. Бонувони деҳа, ки асосан харидорони ҳунари дастии мо буданд, оҳиста-оҳиста талоши азхудкунии ҳунарҳои қадимаро мекарданд. Модарам ба онҳо ҳунар меомӯзонд, - мегӯяд Муҳайё.
Бо таассуф аз зиндагии хеш, ки аз аввал бахт ба рӯяш нахандидааст қисса мекунад. Мегӯяд, ки аламашро ба сӯзану ришта гуфта, осуда мешавад.
Муҳайё чун дигар духтарон орзуи арӯсӣ дошту бистару болин, зардевориву гулдӯзиҳо омода намуд. Таманнои зиндагии орому ба қавле хонаи пур аз бачаю качаро дошт. Саъдулло, ки ҷавони дидадарову чаққоне буд, миёни духтарони маҳал Муҳайёро мақбул донисту бо ҳам арӯсӣ намуданд.
- Бо умеди фарзанддор шудан 15 сол бо Саъдулло зиндагии ҳамҷоя доштем. Муҳаббати моро «чашм» расид, ки ӯ хоҳиши ҷудоиро кард. Муддати солҳо ҳар ду дар Россия дар муҳоҷират будем. Намехостам ҷудоӣ боиси хонавайрониамон шавад. Дар баробараш заҳмат мекашидам, то ноқисию камбудии хонадориамон эҳсос нагардад. Ҳатто дар мусофират барои тоҷикони муқимии Россия либосҳои миллӣ медӯхтам. Бар замми ин, ҳар рӯз барои 15-20 нафар хӯрок омода мекардаму пӯшок мешустам. Ба ҳамааш тоқат мекардам, ба умеде, ки соҳиби хонаю дари худ шавему фарзандор гардем. Вале…, - гиря гулӯгир мекунад, ки суханашро идома дода наметавонад.
Тарҳрезӣ шудани барномаҳои давлатӣ бобати дастгирии ҳунармандон ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ воқеан ҳам ба зиндагии Муҳайё ва ҳамтақдиронаш нуру зиё бахшид. Ба гуфтаи бонуи ҳунарвар Муҳайё Рафиева дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди ҳунарҳои миллӣ боис гашта, ки ӯву дигар бонувоне, ки қисмат зиндагиашонро пора-пора намудаву замоне шикастарӯҳу дилмонда аз зиндагӣ буданд, назарашон ба оянда тағйир ёфт. Яъне, дилгармӣ ва умедворӣ ба фардо дар қалбҳояшон рӯшан гашт.
Муҳайёро хабари дар маркази зодгоҳаш, яъне ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кушода шудани курсҳои омӯзишӣ барои бонувони корҷӯ шоду мамнун кард. Чаро ки ӯ ва ҳунарҳои омӯхтааш ниёз ба дастгирӣ доштанд ва дар авҷи завқу шавқи ҳунармандиаш дилаш хостори равнақ додани пешааш буд. Чун дигар бонувони деҳоти ноҳия Муҳайё низ роҳ сӯи марказ гирифт, то шомили курси омӯзишӣ гардад. Миёни бист бонуи ҳунаромӯз ӯ ҳунарманде буд, ки истеъдоди ҳунарвариаш устодони касбомӯзро бетаваҷҷуҳ намонд. Бахусус, қуроқдӯзиҳояш диққати коромӯзону ҳунарваронро зиёдтар ҷалб кард. Наимахон Бобоева, ки сарварии курси мазкурро ба уҳда дошт ва бо пешавариаш чун бонуи ҳунарманд мешиносандаш, ӯро ба пойтахт даъват кард, то ин ки Муҳайё ҳунарашро бештар сайқал диҳаду офаридаҳои дастони эъҷозгарашро пешкаши муштариён намояд.
Айни ҳол, Муҳайё Рафиева Нигористони «Ангор» - ро коргоҳи хеш интихоб намудааст. Бо дастгирию кӯмаки Наимахон Бобоева ниёзи муштариёни ҳунарҳои мардумиро бо маҳсулоти дастранҷаш бароварда мекунад. Ӯ иқрор меояд, ки дар зиндагӣ ҳама чизро аз даст дод, вале ҳунар ганҷе барояш ҳаст, ки касе наметавонад аз ӯ рабояд. Ва ҳамин пешаварист, ки муҳтоҷу дастнигар несту бурдаи нони ҳалол аз амали худ мехӯраду соҳибэҳтиром байни мардум аст.
- Ду сол аст, ки бо муаллима Наимахон Бобоева ҳамкорӣ дорам ва обрӯю эътиборро дар ҷодаи ҳунарварӣ аз пушти он кас ёфтам. Вагарна чун ман зиёданд бонувоне, ки аз дасташон сад ҳунар меояду касе дастгирашон нест. Бо тасмими муаллима чанде пеш ба 25 бону аз намояндагони сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ ҳунарҳои миллии тоҷикиамонро омӯзондам. Бонувони хориҷӣ бо завқу майли бепоён ҳунаромӯзӣ карданд, бахусус барояшон омӯхтанӣ ҳунари гулдӯзӣ шавқовар буд, - бо ифтихор аз ҳунараш мегӯяд Муҳайё.
Қутбияи Неъматулло