Аз зумраи чунин муаллимони соҳибэҳтиром Файзимо Алиева мебошад, ки беш аз 40 соли умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст. Ӯ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз фанни таърих дарс мегӯяд ва ифтихор аз пеша дорад, ки таърихи Ватанро ба ояндасозони кишвараш меомӯзонад.
Оғози дарсҳояш аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди омӯхтани таърихи мамлакат ва мақоми он сурат мегирад, ки гуфтаанд:
«Таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, манқурт мешавад. Яъне таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад».
Дар суҳбат Файзимо Алиева бо қалби саршор аз эътиқоду эътимод иқрор омад, ки ин таъкиди ҳикматомӯзи Сарвари давлат дар бораи омӯхтани таърихи Ватан мо - омӯзгоронро водор намуд, то сатҳи сифати таълими фанни таърихи Ватанро бо истифода аз шарту шароити мавҷуда баланд бардорем.
Ин аст, ки омӯзгори ботаҷриба Файзимо Алиева дарсҳояшро ҳамеша бо аёният ва дар сатҳи баланд мегузаронад. Омӯзгор дар рафти дарс бо мисолҳои мушаххас маводи душвори таълимиро содатар ба хонандагон мефаҳмонад. Чаро ки усули омӯзонданаш чунин аст. Андешаҳояшро бо истинод ба гуфтаҳои Пешвои миллат таҳкиму тақвият медиҳад ва сиёсати сулҳхоҳонаашро бо далелҳои мазкур ба хонандагон меситояд: «Агар дар давоми асри 17 дар Аврупо дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан 3 миллион кушта шуда бошад, дар асри 18 беш аз 5 миллион, садсолаи 19 тақрибан 10 миллион ва дар асри 20 беш аз 100 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин рақамҳо ба қитъае дахл доранд, ки дар се садсолаи охир намунаи пешрафт ҳисоб меёбад. Пешвои миллату меъмори сулҳи мо бошанд, аз вабои бунёдсӯзӣ ҷанг, меҳану миллатро аз фано шудан раҳо бахшиданд». Ва дар ин замина мубодилаи афкор миёни хонандагон сурат мегирад. Дар охири дарс фикру ақидаи хонандагонро муаллима ба инобат гирифта, бо таври равшану фаҳмо ва бурро онро ҷамъбаст менамояд.
Омӯзгори варзида дар бораи ҷаҳони муосир ва терроризм ба хонандагон ҳини як дарси дигар бо далелу исбот мефаҳмонд, ки дар охирҳои асри ХХ ва аввалҳои асри ХХ1 воқеаву ҳодисаҳое рух доданд, ки ҳар нафари солимақлро бетараф гузошта наметавонанд. Минтақаи Ховари Миёна имрӯз ба нуқтаи доғи низоъ, ҷангу хунрезӣ, террору ифротгароӣ табдил ёфтааст. Аммо, террористу ифротӣ, - таъкид дошт Файзимо Алиева,- ба ҳеҷ кас, ҳатто ба падару модар, хоҳару бародар раҳму шафқат надорад. Таърих дар хотир дорад, ки баъзан чунин ҳолат ҳам шудааст, ки фарзанд қотили падару бародар гаштааст. Аз таърих мисоле овард ва гуфт, ки масалан, сари Мирзо Улуғбекро фарзанди нохалафаш Абдулатиф ҳангоми адои намоз ваҳшиёна аз тан ҷудо кардааст.
Услуби интихобнамудаи муаллима, ки «Кластер» номида мешавад, ба хонандагон имконияти фаровон дод, ки атрофи ин мавзӯъ озодона изҳори ақида намуда, андешаҳои хешро баён намоянд. Ин шеваи таълим ба инкишофи тафаккури онҳо мусоидат мекард. Баҳсу андешаи хонандагонро муаллима Файзимо Алиева ҷамъбаст намуда, ба онҳо таъкид дошт, ки набояд фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро шуда, ҷиҳати омӯхтани донишҳои замонавӣ ҳамвора талош варзанд.
Дар дарсҳои таърих муаллима Файзимо Алиева пайваста ба шогирдон таъкид менамояд, ки хушбахт аз онем, ки дар давлати соҳибистиқлоли ободу зебои Тоҷикистон таҳсилу зиндагӣ мекунем. Қарзи фарзандии ҳар сокини кишвар, бахусус наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки хубу аъло хонем, Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст дорем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омӯзгор Файзимо Алиева дар ҳуҷраи таърих гӯшаи алоҳида ихтисос додааст. Ин гӯшаро харитаи Тоҷикистон, таърихи мамлакат бо маълумоти мухтасар, акси қаҳрамонони Тоҷикистон ва дигар нақшу нигораҳо оро медиҳанд. Дар нақшаи кории гӯша рӯзҳои сайри хонандагон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон, қалъаи Ҳисор, осорхонаи адибон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва боз саёҳат ба мавзеъҳои табииву таърихии мамлакатамон нишон дода шудаанд, ки аз рӯи он амал карда мешавад.
Аълочии маорифи Тоҷикистон Файзимо Алиева аз он ифтихор дорад, ки дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш садҳо ҷавононро таълим додаасту имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон ва кишварҳои берун аз он фаъолият доранд.
Шоҳҷони АБДУРАСУЛ