Дар ин пеша дӯст доштани кӯдакон басо муҳим аст. Аз хурдӣ лутфу меҳрубонӣ ва муҳаббати мураббия дар зеҳни кӯдак нақш баста, хотироти даврони кӯдакиро ширину гуворо менамояд ва ҳар кӯдак бо алфози ширину дилнишин ба таври худ дар қалби мураббия низ маъво мегирад. Нафаре, ки солҳо ба ҳайси мураббия заҳмат кашидаасту аз олами ботинии кӯдакон бархӯрдор аст, имрӯз, агарчи ба сифати мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият мебарад, қалбаш ҳамоно барои он лаҳзаҳои бо кӯдакон будан гум мезанаду аҳёнан ба назди гурӯҳе аз бачагон омада, бо онҳо машғулият мегузаронад. Пайваста бар-он талош меварзад, ки баҳри фароғату суруру нишоти хурдтаракон кореро сомон диҳад, то бо дидани чеҳраҳои шукуфтаи онҳо худ низ гул-гул бишкуфад.
Умеда Бегова соли 1988 дар шаҳри Норак дида ба ҳастӣ во карду сиришти волидайни хешро лабрез аз фараҳу шодӣ намуд. Падару модар бо ҳазорон умедҳои наку ӯро Умеда ном ниҳоданд ва дар раҳи интизориҳову орзуҳои хеш саҳв накарданд. Бо гузашти айём ин духтараки офтобрӯ ба падару модар, ки ҳар ду дар корҳои давлатӣ заҳмат мекашиданд, ёвару мададгор шуд. Бародару хоҳарони хурдсолашро то омадани модар нигоҳубин намуда, ба онҳо афсонаҳо нақл мекарду баҳри фароғати эшон ҳар гуна саҳначаҳову бозиҳо меорост. Дар ин замина оҳиста-оҳиста сабзиду ба камол расид ва шавқи бо кӯдакон кор кардан дар ӯ боло гирифту билохира, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи педагогика ва психологияи томактабии ДДОТ ба номи С.Айнӣ супурд, то дар ин ришта донишу малакаи касбӣ ҳосил кунад. Ӯ баробари дар донишгоҳ ғоибона таҳсил намудан дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №3 шаҳри Норак ба ҳайси мураббия заҳмат мекашид. Муддати 8 соли фаъолият дар ин даргоҳ таҷрибаи зиёде андӯхт ва миёни ҳампешагон нуфузу эътибор пайдо карду соҳибэҳтиром гардид. Дар тамоми ҷашнвораҳои кӯдакистон Умеда гаҳе ҳунармандӣ мекарду гаҳе ровии барномаҳо буд ва бад-ин тариқ, тавонист маҳбубияти атрофиёнро ба даст орад. Умеда Беговаро ба меҳмонхонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар шаҳри Норак ба кор даъват намуданд.
- Муддати 3 сол ин ҷо вазифаи директориро бар дӯш доштаму вале ҳамоно атрофи пешаи дӯстдоштаам меандешидам ва билохира ба хулосае омадам, ки беҳтарин шуғл барои ман пешаи омӯзгористу бозгашт ба сӯи он, - иқрор омад У. Бегова.
Заҳмату кӯшишҳо ва таҷрибаи ғании Умеда Беговаро ба назар гирифта, ӯро ба ҳайси мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт таъйин намуданд. Тӯли фаъолият дар ин даргоҳ кӯшид, ки ин вазифаи пурмасъулиятро сазовор бошад. баҳри беҳбудии кӯдакистон корҳои муҳимро анҷом бидиҳаду камбудиҳоро бартараф созад.
-Тӯли роҳбарии Умеда Бегова дар кӯдакистони мо дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Таъмири бино, васли чархофалакҳо дар ҳавлӣ, таъмини ошхона бо ҷевонҳои нав, дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб насб кардани тахтаҳои электронӣ ва ғайраҳо натиҷаи заҳматҳои ӯст. Аз рӯи барномаи «Рангинкамон», «Стандарт» ва амсоли инҳо машғулиятҳоро самаранок ба роҳ мемонему рӯзҳои «дарҳои кушода» доир менамоем, ки волидон ихтиёран дар ин чорабиниҳои мо ширкат меварзанд,- мегӯяд мураббияи кӯдакистони мазкур Саодат Ҳасанова.
- Муаллима, нисбат ба мо - мураббияҳои калонсол эҳтироми хос доранд, новобаста ба оне, ки ӯ сарвари мост, ҳини дохили дафтари корияш шудан, бо арзи эҳтироми бузургсолон, ки яке аз анъанаҳои неки мардумист, аз ҷой бархеста, салом ва ҳолпурсӣ менамояд, - мегӯяд мураббияи дигар Ҳурия Орифова.
«Агар касеро дидед, ки дарку фаҳми фаротар аз ҳадди маъмул дошт, ҳатман аз ӯ бипурсед, ки чӣ китобҳое мехонад», - гуфтааст Эмерсун. Қаҳрамони мо низ бо донишҳои андӯхтааш иктифоъ накарда, доимо аз пайи омӯзишу ҷустуҷӯҳост. Баҳри баланд бардоштани малакаҳои касбӣ бо мураббияҳо суҳбатҳо доир намуда, мутолиаи адабиёти соҳаро ба онҳо тавсия медиҳад ва баҳри беҳтару хубтар гузарондани машғулиятҳо дастурҳои зарурӣ низ иброз медорад.
- Мураббия бояд аз як нигоҳ фаҳмад, ки кӯдак чӣ мехоҳад, чун мураббӣ табиберо мемонад, ки бо меҳрубонӣ ба рӯҳияи хурдтаракон даво мебахшаду ба онҳо малакаҳои зиндагӣ меомӯзад. Ҳамзамон, бояд доим мувоҷеҳи худ бошад, зеро кӯдакон ба хурдтарин рафтори омӯзгор наззора мекунанду пайравӣ, - мегӯяд Умеда Бегова.
Оилаи солим дораду шавҳари меҳрубон, ки ӯ низ соҳиби пешаи омӯзгорист.
- Шукр мегӯям, ки байни мо ҳусни тафоҳум ҳукмфармост ва дар бисёр ҳолатҳо шавҳарам маслиҳатгари бебаҳову дӯсти беғарази мананд. Ман худ модарам ва дарк менамоям, ки фарзанд барои ҳар модар бениҳоят азиз аст. 320 кӯдакеро, ки дар кӯдакистони мо қарор дорад, ба мисли 3 фарзандам дӯст медорам, - иброз дошт мавсуф.
Ӯ имрӯзҳо шукргузор аст, ки дар фазои орому осоиштаи Ватан ба сар мебараду аз ҳавои он нафас мекашад ва ҳамарӯза рӯи гарму ширини кӯдаконро мебинаду аз хандаҳои беғаши онҳо меболад.
- Барои модар беҳтарин неъмати дунё, ин амнияту оромии Ватан аст, ки бо дили пур дасти тифлаконамонро гирифта, осуда дар гулгаштҳои дилрабои пойхтахт сайругашт менамоему аз хурсандии онҳо менозему меболем, - иброз дошт дар интиҳои суҳбат Умеда Бегова.
Фарзона ВОСЕЕВА