Ба гоҳе ки дар бораи мавзеъҳои сайёҳию истироҳатӣ сухан меравад, пеш аз ҳама, дараи Варзобро ном мебаранду нуқтаҳои маъмурию ҷуғрофии рӯ ба ободии ду соҳили онро. Вале, ҳастанд мавзеъҳое, ки бо сабабҳои гуногун дар дасти фаромӯшианд, агарчи ба ҷиҳати иқлим, мавқеи ҷуғрофӣ, анвои набототу туюру вуҳуш, кӯҳсору марғзорони сабз андар сабзу чашмаҳои бешумор ва рӯдхонаву обшори бисёр макони сайру сайёҳатанд. Яке аз чунин нуқтаҳои мавриди назар дараи Широтала ба шумор меравад, ки бо табиати саёҳатбобашу бешаҳои дастнахӯрдааш боби тамошост.
Ин дараи як вақтҳо обод, вале дар ҳоли ҳозир матрук, тақрибан то 45 километр масоҳат дорад. Аз миёни он рӯдаки шодоби Широтала ҷорист, ки баъдан номи Лучобро мегирад. Саргаҳи ин рӯди кӯҳӣ обҳои пиряхҳову борону чашмасорони Камари Сурх, Қашқабулоқ, Эшмонӣ, Обдара, Қалъача, Боҳмақул, Хирсдара, Ҳафттана, Арчакутал, Шикоргаҳ,Хоҷасафедор, Зангӣ, Сурхкӯҳ мебошад. Ин рӯдхонаи шириноб дар ҳама фаслҳои сол ҷористу ламолам аз ширмоҳисту гулмоҳӣ. Дар ин обҳо гулмоҳии лаққамоҳимонандро низ во хӯрдан мумкин аст. Нӯши ҷон кардан аз обҳои мусаффою мудаввои чашмасорони мавзеи Широтала бо шумули Ғофилобод, Қодир, Мағайту, Талаки Чол, Торикдара, Хунукак ва амсоли онҳо нашъаи дигар дорад. Ин чашмаҳо хурданду бузург, аммо тамоми фасли сол ҷорианд. Қабл аз нигоштани мақолаи худ барои дарёфти маълумот ба Саридораи геологияи Тоҷикистон рафтам. Тибқи маълумоти мавҷуда танҳо ду чашмаи мавзеъ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаасту бас, дар ҳоле ки қисме аз онҳо хосияти шифоию неруфизоӣ низ доранд. Зимнан, ҳамчун зодаи ҳамин булукот, итминон медиҳам, ки на танҳо обҳои чашмасорони ин ҷо нофеъанд, балки садҳо гулу гиёҳи дармонбахши дардҳо дар бармолаҳои кӯҳу таҳдаштиҳояш мерӯянд, ки гирдоваришон ба манфиати дорусозон хоҳад буд.
Дар вусъати ин дара, ки шомил ба таркиби риштакӯҳҳои Ҳисор асту ноҳияи Варзоб, дарахтони то ҳазорсолаю фаротар аз онро дидан имконпазир бувад, ки барои табиатшиносону роғибони кӯҳу пуштаҳо макони хуби тадқиқоти илмӣ мебошад. Ҳазорҳо буттаву дарахтони мевадиҳандаи муруд, себ, олу, дулона, олуча, чормағз ҳамасола ҳосилрез мешаванд.Ҳайвонҳои гуногун, бо шумули хирс, гуроз, гург, рӯбоҳ, қашқалдоқ, дала, оҳувони мухталифзод аз шумори вуҳуши ин ҷо маҳсуб меёбанд. Ин ҳама сарвати бебаҳои дараи Широталаи ноҳия Варзоб, ки матрук асту аз зикру фикрҳо дур уфтодааст, мавзеи хубест барои сайру сайёҳии фаъол дар риштаи шаху кӯҳнавардӣ, табиатомӯзӣ, пиёдагардӣ, шикор ва ҳоказо. Бо истифода аз дарёча дар ин ҷо неругоҳҳои хурди барқи обиро метавон пай афканд, ки нафъи ҷомеа хоҳад буд. Ин андешаҳоро бад-он хотир навиштам, ки таваҷҷуҳи масъулон ба ин мавзеъ ва нуқтаҳои дигари мушобеҳи он ихтисос дода шаваду дар оянда дараи Широтала мисли Варзоб макони сайру саёҳат гардад.
Мухтор МУҲАММАДИЕВ,
сокини ноҳияи Варзоб