Нахустфарзанди ӯ Бузургмеҳр, агарчи донишҷӯи соли дуюми факултаи филологияи ДМТ аст, аз суҳбаташ метавон дарёфт, ки хирадсолор асту фарҳангӣ ва аз оини ҷавонмардӣ бархӯрдор. Табъи шоирӣ дораду бо килки хеш дар олами сухан хаёлпардозиҳо менамояд. Ин аст, ки ходими адабии шуъбаи Иттифоқи нависандагони шаҳри Ваҳдат мебошад.
- Шавқи донишандӯзиро модарам дар ниҳодам барангехта. Аввалин маротиба номи устод Айниро аз забони ӯ шунидаму ба офаридаҳояш дил бастам. Аз лаҳни ӯ Бозор Собирро ҳамчун шоири тасвиргарою ватансаро шинохтам ва шефтаи эҷодаш гаштам. Шомгоҳон аҳли хонавода гирди хон ҷамъ меомадем ва баъди тановули ғизо бобоям аз модарам хоҳиш мекарданд, ки қиссапардозӣ кунад. Ин ҳам бесабаб нест, зеро модарам суханвари хуб асту ҳодисаи муқаррариро бо обу тобиши зебо нақл карда, шавқу шӯрро дар қалбҳо ба ҷӯш меорад. Махсусан аз илму фарҳанг ва адабиёт зиёд сухан мегӯяд. То кунун боре ҳам нагуфтааст, ки писарам, фалон китобро ҳатман хон. Ӯ кайҳо дарк карда, ки бо фармонфармоӣ мақсуд ҳосил намегардад ва чун равоншиноси ҳирфаӣ тавассути нақлҳои ҷолиб моро ба мутолиаи асарҳо ҳидоят менамояд, - иқрор меояд Бузургмеҳр.
Бунафша Боймуродова рутбаи подполковники хизмати дохилиро доросту айни ҳол дар муассисаи ислоҳии № 2-и шаҳри Ваҳдат ба ҳайси равоншинос ифои вазифа менамояд. Фаъолияти меҳнатии худро ӯ аз мактаби № 4, алҳол Литсейи ба номи Темур Собир, оғоз кардааст. Баъдан дар шуъбаи қайди махсуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор пардохт. Сардори ин шуъба - зани рустабор боре бо киноя ба Бунафша мегӯяд, ки бисёр духтарони тоҷик ин ҷо ба кор омада, ба ин вазифаи пурмасъулият тоб наоварда, баъди муддате тарки пеша гуфтаанд. Аз ин интиқоди ноҷо ба худ қавл медиҳад, ки ба ҳама мушкилиҳо тоб орад ва вазифаашро содиқона иҷро намояд. Азми қатъӣ ва иродаи матин Б.Боймуродоваро то ба симати муовини сардори муассисаи мазкур расонд.
- Бо вуҷуди серкорӣ ва душвориҳо модарам ба тарбия ва таълими мо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Бо омӯзгорон ҳамеша дар робита буда, аз рафти тадриси мо огоҳанд. Вақти бозгашт аз кор, бо вуҷуди хастагӣ, ҳатман дар бораи мактаб, дарс, машғулиятҳоямон суол мекунанд, маслиҳатҳо медиҳанд ва гоҳҳо барои иҷрои нодурусти коре сарзаниш ҳам мекунанд. Аммо, ба ҳангоми сарзаниш аз эҳтиёт кор мегиранду сухани ноҷою нораво бар забон намеоранд. Эътимоди ӯ ба фарзандон муҷиби масъулиятшиносии мо гардидааст, - мегӯяд Бузургмеҳр.
Айёми хурдсолӣ Бунафша Боймуродова ёд дорад, ки модараш бо пой гаҳвора ҷунбонда, бо дастон шерозаҳо медӯхту маблағи аз он ба дастомадаро барои ниёзи хонавода сарф мекард. Бунафшаи 10-сола ба сӯзанзании модар зеҳн мемонду рӯзе пинҳонӣ шерозаи нотамоми ӯро хост, ба охир бирасонад, аммо дар дӯхти он ба хато раҳ бурд. Сарзаниши модарро бишнида бошад ҳам, ҳамоно гирди ӯ парвона буду сар аз болои дарзҳояш барнамедошт. Модар талошҳои фарзандро дида, дар дукони пешаварии хеш ҷуфти шерозаеро бофту ба ӯ дод. Ба ин тариқ, дасташ ба кор рост шуд ва дар 12-солагӣ мисли модар дӯхти шерозаҳоро зебову босифат анҷом медод ва ба буҷети хонавода маблағ зам мекард. Пиразани руси ҳамсоя рӯи хараки саҳни ҳавлӣ нишаста, ҷӯробҳои пашмӣ мебофт. Бунафша дар шафати ӯ нишаста, ба кори ӯ диққат медоду ба ҳайрат меомад, ки ӯ бо 5 сихи оҳанину калоба аҷаб ҷӯробу ҷемперҳои зебо мебофад. Дар хона бо панҷ донаи гӯгирд ва ресмон бофтан озмуд. Рӯзе пиразан талошҳои ӯро диду гуфт: «Ба модарат гӯй, ки панҷ сих ва калоба харад, ман бофтанро ба ту ёд медиҳам». Чунин ҳам шуд ва дар муддати кӯтоҳ Бунафша ба ҳунари бофандагӣ низ балад гашт. Аввалин дастранҷаш ҷӯробу гарданбанд барои падар буд. Ба маҳфилҳои гуногуни мактаб аъзо шуду ҳунари дӯзандагиву бофандагии худро сайқал дод. Аз модар, ки чевари гулдаст буд, пироҳану қуроқдӯзиро низ ёд гирифт.
- То кунун боре ҳам надидаам, ки модарам ба дӯзандае муроҷиат карда бошад. Пироҳанҳои худу хоҳарчаамро ӯ таҳия менамояд ва сифати кораш дар сатҳи чеварони моҳир аст. Барои хешу таборон низ куртаву тоқӣ медӯзаду ҷӯробу ҷемпер мебофад. Ҳунарҳои зиёдеро балад аст, модари мо, - бо ҳарорат иброз дошт Бузургмеҳр.
Ҳунари кадбонугии Бунафша Боймуродова низ шоистаи таҳсин аст. Хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҳама намуди ширинӣ ва хӯришҳоро дар сатҳи ошпазону қаннодони касбӣ таҳия менамояд. Ҳунари дигари ӯ ороиши рӯю мӯй аст.
– Хурд будам ва ёд дорам, ки духтарони ҳамсоя ва арӯсон аз дуру наздик назди модарам меомаданд, то бо ҳунари машшотагию чеҳрапардозияш онҳоро ба подшаҳи хубон табдил диҳад. Хеле моҳирона ва олӣ пардозгарӣ мекард. То кунун бароям ҳайратангез аст, ки чӣ гуна модарам аз уҳдаи таъмири таҷҳизоти барқии хона мебарояд, шурӯъ аз барқбуну барқчангу гирона то ба чойнаки барқиву телевизор, ҳатто мо - мардҳои хона пеши ин ҳунарҳои ӯ хиҷолат мекашем, – бо табассум иқрор меояд Бузургмеҳр. – Боре ҳам нашунидаам, ки модарам аз камиву костии рӯзгор лаб ба шиква кушояд. Хушбин асту зиндадил. Гоҳе, ки хаставу ғамгин аз дар дароям, бо дидани чеҳраи хуршедии ӯ, ки ҳамеша нуронист, абри ғаму ғусса аз фазои хотирам дур мегардад. Аз андуҳу ғам ҳич гоҳ ҳарф намезанад, баръакс, аз хушиву хуррамӣ сухан мегӯяду дилро ба зиндагӣ гарм месозад, - афзуд ӯ.
Айёми дар синфи 8-ум таҳсил кардан Б.Боймуродова ба маҳфили эҷодкорони наврас, ки роҳбарии онро Мавҷигул Зардодхонова бар дӯш дошт, шомил шуд ва қаламашро дар суханбофӣ низ санҷид. Дар матбуоти даврии вақт, аз қабили «Коммуна», «Адабиёт ва санъат» шеъру таронаҳояш рӯи чоп омаданд. Рӯзе падару духтар тариқи телевизор суханронии устод Лоиқ Шералиро тамошо доштанд ва ҳине, ки оид ба ҷавонони эҷодкори тоҷик аз устод суол карданд, чанд тан аз ҷавонони хушқаламу умедбахшро ном гирифт, ки миёни онҳо исми Бунафша низ садо дод. Шодиву нишоти духтаракро тӯли чанд рӯз ҳадду канор набуд. Ғайр аз табъи шоирӣ Б.Боймуродова аз модар лабчангзанӣ ва аз бобояш дуторнавозиро омӯхтааст.
- Рӯзе модарам гуфт, ки дутор лозим аст, то ҳунари ромишгариашро фаромӯш накунад. Ҳайрати маро канор набуд, чунки тӯли 20 соли умрам боре ҳам нашунида будам, ки модарам дутор менавозад. Доштани чунин модари зебо, ҳунарвар, донишманд, порсо, боиффат, сарбаланд ва меҳрубон худ мояи хушбахтиву сарфарозист. Волидайнам барои ман мисли ду тарафи як сиккаи тиллоянд. Урупоиҳо масале доранд, ки «Падару модарро интихоб намекунанд». Агар қонуни зиндагӣ дигар мешуду интихоби волидайн ба дасти ман мебуд, бе дирангу таъхир падару модари худамро интихоб мекардам, - иқрор омад дар интиҳои суҳбат Бузургмеҳри Ҳаким.
Ситора АШӮРОВА