Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» чунин як курси кӯтоҳмуддати омӯзиширо зиёда аз 50 нафар ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон ба итмом расонданд. Дар ҷамъбасти курси омӯзишии мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода ширкат варзида, ба хатмкунандагон шаҳодатномаи касбӣ супурданд. Ҳадафи асосии баргузории машғулиятро масъулон дар эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуданд.
- Дар нақша аст, ки дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Душанбе барои ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманд чунин курсҳои омӯзишии семоҳаро ба роҳ монем, - зикр кард Н. Шарифзода.
Ин гурӯҳи аввалини курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» буда, 25 нафари онҳо дар як муддати кӯтоҳ тарзи омода намудани пироҳанҳои милливу аврупоӣ, адрасбофиву кашидадӯзӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ, попурзанӣ, шиму костум, қуроқу болиндӯзиро аз худ кардаанд. Дар ҳамин росто, 25 тани дигар ба курси омӯзишии қаннодӣ фаро гирифта шуда, мувофиқи барномаи таълимӣ ба онҳо 7 намуд хӯроки миллӣ, аз қабили манту, қурутоб, оши бурида, гандумкӯча, оши палов ва 12 намуд маҳсулоти қаннодиву хӯриш омӯзиш дода шудааст. Дар саҳни маркази таълимӣ маҳсули дастони онҳо мавриди намоиш қарор гирифт. Хатмкунандагон хӯриши санҷобак, хӯриш аз ҷуворӣ ва анор, шириниҳои гуногунро омода ва ба намоиш гузоштанд. Ҷамъомадагон бештар ба хӯрокҳои миллии омоданамудаи духтарон таваҷҷуҳ доштанд. Маҳсули ҳунари духтарони дӯзанда низ ба намоиш гузошта шуд. Духтарон бо як рӯҳияи болида пироҳанҳои дӯхтаашонро ба бар намуда, дар қалб орзуи расидан ба қуллаҳои баланд дар ин самтро мепарвариданд.
– Ҳунарҳои зиёдеро дар ин муддат омӯхтам ва пас аз хатми курси омӯзишӣ ният дорам, фаъолиятамро дар соҳаи дӯзандагӣ ба роҳ монда, коргоҳи хайётии хешро таъсис бидиҳам. Бо ин васила ҳунари азхудкардаамро ба дигар духтарон низ омӯзам,- қаноатмандона иброз дошт Манижа Ҷалолова, хатмкунандаи курси омӯзишии «Бонуи ҳунар».
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Душанбе», ки яке аз сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ мебошад, бо чунин як иқдом маҳдуд нашуда, 21 намуди курсҳои омӯзишии гуногунро ба роҳ мондааст. Маркази таълимии мазкур, ки тайи 15 сол аст фаъолият мебарад, касбҳои дуредгариву кафшергарӣ, кулоливу сохтмончӣ барои мардон ва омӯзиши ороиши мӯю рӯй, ҳунарҳои дӯзандагиву қаннодиро низ барои духтарон таълим медиҳад. Бино ба қавли Ҳанифамоҳ Ойаҳмадова-директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Душанбе», барои тамоми касбҳо шаҳодатномаи тасдиқкунандаи хатми курси омӯзишӣ дода шуда, нафароне ба таълим фаро гирифта мешаванд, ки синнашон аз 15 боло бошад.
- Солона зиёда аз 3 ҳазор кас курсҳои касбомӯзиро ба итмом мерасонад, ки бархе аз онҳо ба корхонаҳои қаннодиву дӯзандагӣ ба кор мераванд. Айни ҳол, қисми зиёди духтароне, ки курсҳои омӯзиширо ба итмом расондаанд, дар фабрикаи қаннодии «Ширин» ва коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе шуғли доимӣ ёфтаанд, - зикр кард директори марказ.
Қайд гардид, ки теъдоди муайяни хатмкунандагон айни ҳол дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия дар коргоҳҳои қаннодӣ фаъолият доранд.
Бунафша РАҲМОНОВА