Мисли чӯҷаякон, ҳамин ки ҳавои парвоз омӯхтем, аз модар дур шудем. Инак, 40 сол аст, аз зодгоҳ ба пойтахт омадаму дигар ба ҳайси меҳмон соле як ё ду маротиба ба ҳавлии падар меравам. Он ҷо ҳанӯз бӯи кӯдакиҳоям мекунад. Бӯи нони гарм, шири навдӯшида, гулу райҳон. Субҳи модар аз об задани ҳавлӣ ва ширҷӯшӣ шурӯъ мешуд. Дами гарме низ барвақт барои мо - фарзандон омода буд…».
Дар ҳолати табассум дар ангезаи кӯдакиҳо аз чашмони ҳамсуҳбатам ашк ҷорист. Ёди модар ба айёми наврасӣ мебарад, ӯро. Ман, ки дар авроқи хаёл ин суҳбатро дигаргуна тарҳ кашида будам, хомӯш мемонам. На аз он хотир, ки чизе барои гуфтан надорам, балки мехоҳам ёду андешаҳои фарзанд аз модар равшан таҷаллӣ бикунад. Магар мавзӯе беҳтар аз Модар ҳаст? На!
- Додарам дар бағали модару ман даст ба домонаш то хонаи модаркалон медавидам. Гулҳои ошиқи печони сари роҳро чида, ба ҳукми як гулдаста ба модарҷонам бо меҳр тақдим мекардам. Мо, кӯдакони бузургтари оила, бо навбат гову гӯсоларо то сари пода мерасондем. Ҳатман ду нони гарм ҳам барои подабон доштем. Бузу бузғолаҳои заифро ҳамроҳи модар ба чаро бурда, аз саҳро гули хорча мечидем. Дар ҳавои сард гирди оташдон нишаста, нӯшидани чойи гули хорча лаззате дошт, ногуфтанӣ. Модар рӯи хамир барги чормағз мечиду аз болояш хокистари сӯзон мерехт. Пазмони мазаи кӯмочи кӯдакиҳоям ҳастам, - қисса мекунад Ҳикоят Қурбонова.
Барои худ шеър мегӯям
- Гоҳо шеъргунаҳоямро замзама мекунам. Нишастам ва шеъри «Модар»-ро бо оҳанг сурудам. Чун ба аёдаташ рафтам, онро барояш замзама намудам. Бо тамоми ҳастӣ гӯш кард. То охири суруд ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Ман ҳам ором-ором ашк мерехтам. Аммо, ҷасорате надоштам, то пурсам: «Очаҷон, барои чӣ гиря мекунӣ?». Шояд он лаҳза модарам ба хотири модараш афтода буд, - оҳ мекашад ҳамсуҳбатам.
Ҳикоят Қурбонова дар деҳаи Ғезани шаҳри Панҷакент дар оилаи зиёӣ дида ба олам кушодааст. Падараш корманди давлатӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, иштирокдори ҶБВ, Геологи хизматнишондодаи Тоҷикистон ва модараш бонуи босаводе, ки худро ба таълиму тарбияи фарзандон бахшида. Бону Ҳикоят аз хурдӣ табъи шоирӣ дораду ба қавли худ то имрӯз машқи эҷод мекунад.
- Мардуми тоҷик табиатан фарҳангиву шеърпарваранд. Аз чандсолагӣ шеър мегӯед ва бештар шеърҳоятон дар кадом ҳолат эҷод мешаванд, - суол мекунам аз муаллима.
- Аз овони наврасӣ кам-кам менавиштам. Солҳои мактабӣ як шеъракам дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» чоп шуд. Хурсандиам ҳад надошт. Шояд ин ирсӣ бошад, тағоям ҳам шеър менавиштанд. Бародарам Муллоқурбони Шайдо, додарам Зафар Қурбониён низ майли бештар ба адабиёт доранд, ҳар ду ҳам шеър мегӯяд. Ман бештар ба гоҳи рӯҳафтодагӣ ё баръакс - айёми тараби зиндагӣ шеър эҷод мекунам. Шеър илми улвӣ аст, ман як инсони одӣ. Баъзан, ҳамин тавр, барои таскини дили худ ғазале мегӯям.
Модар фаришта буд…
Падар чун ходими намоёни ҷамъиятиву давлатӣ ҳамеша пайи кор буду модар банди тарбия ва нигоҳубини фарзандон. Соли 1971 барои иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи 10 - сола дар 5 сол ба Бобо Қурбонов унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дода шуд. Барояш мошин ҳам туҳфа карданд.
- Падарам танҳо бо хизмати софдилона ба мартабаи ходими ҳизбиву ҷамъиятӣ расиданд. Модарам, зани деҳотӣ ҳам бошанд, тафаккури бекароне доштанд. Қиблагоҳ ҳамеша дар сафар буданд. Он касро танҳо рӯзҳои истироҳат ё ҷашнҳо медидем. Меомаданду аз мо имтиҳон мегирифтанд. Ҳоло фикрона ба шаҳри кӯдакию наврасиҳо сафар мекунаму дарк месозам, ки нигоҳубини фарзандон, чорвои зиёд, иҷрои корҳои хурду резаи дигар барои модарам осон набудааст, вале боре шикваашро аз сахтиҳои рӯзгор нашунидаем,- мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Баъди хатми мактаб Ҳикоят мисли дигар фарзандони бузурги оила ба Душанбе омад. Падар мехост, ки духтараш ба ҳайси мутахассис ба қуллаҳои баланди илм ё истеҳсолот даст ёбад. Таҳсил ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ рост афтоду орзуҳои падар ба нақшаи дуюмдараҷа бадал шуданд. То ин ҳангом Ҳикоят ба шавҳар баромад ва соҳиби 2 тифлаки дӯстрӯ гашт. Корро аз мактаби рақами 5-и пойтахт ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шурӯъ кард. Баъдтар ба дабистони рақами 51 гузашту 10 сол ба ҳайси мудири бахши таълими синфҳои ибтидоӣ фаъолият бурд.
- Оташи ҷанг аланга мезаду мо ба кор мерафтем. Иқтисодиёт фалаҷ, маош нест, аммо мактабу кӯдакистонҳо аз фаъолият намонданд. Бегоҳ, баробари фаро расидани торикӣ, тирпарронӣ сар мешуд. Ҳамон замон шеърҳои ватандӯстонаву армонии ман эҷод шуданд, - мегӯяд оби чашмонашро пок карда Ҳикоят Қурбонова.
Соли 2009 барояш гарон омад. Дар ин сол модари азизашро аз даст дод ва дигар танҳо ёду хотираҳост, ки аз ӯ монда:
- Соате пеш аз марг модарам ба ман занг заданду ҳол пурсиданд. Эҳсос кардам, ки сахт осема ҳастанд, гӯиё ҷое шитоб доранд. Доғи маҳрумият аз падарро модар талофӣ мекард, вақте модарам аз дунё рафт, ангоштам, ки таку танҳотарин одам дар офтобгардиш ман ҳастам. Аз модар ёдгор танҳо ду чиз меросвора дорам, кокулу муҳра. Баъди бозгашт аз деҳа ин шеърро, ки баъдан ба суруди зиндагии ман табдил ёфт, навиштам. Зуд-зуд онро месарояму дил холӣ мекунам:
Эй, модари ман, ахтари ман, оҳ, куҷоӣ?
Эй, модари ман, гавҳари ман, оҳ, куҷоӣ?
Бе ту ҳаётам дигар маъно надорад,
Эй, модари ман, сарвари ман, оҳ, куҷоӣ?
Симои базеби туро пазмон шудам ман,
Эй модари ман, раҳбари ман, оҳ, куҷоӣ?
Раҳ сӯи мазорат гирифта нола кардам,
Эй, модари ман, номвари ман, оҳ, куҷоӣ?
Аз ту нишон кокулу муҳри гарданат,
Эҳ модари ман, номвари ман, оҳ, куҷоӣ?
Дар Қасри миллат
Ҳоло Ҳикоят Қурбонова ба ҳайси мудири бахши умумӣ ва коргузории Қасри миллат фаъолият дорад. Фориғ аз кор дар маҳфилу маъракаҳои кориву хонаводагӣ шеърҳояшро дар ҳавои оҳанг овозхонӣ мекунад. Садояш фораму шуниданист.
- Бо гузаштан ба Қасри миллат ва идомаи фаъолият дар ин макони муқаддас имкони бештари эҷодро дарёфтам. Азизҷое, ки ҳар лаҳза таҳрик медиҳад аз сарбаландиву ифтихор аз Ватан, аз Ваҳдат, аз пешрафт бигӯям. Шеър ҳам ин ҷо худ аз худ аз умқи дил метаровад, - иқрор мешавад бону.
- Муаллима, дар фаъолияти 10 соли охир ҳамеша наздик ба сиёсат будаед. Боре ҳавову ҳаваси ҷиддӣ ворид шудан ба сиёсатро дар сар доштед?
- Ҳаваси гаравиш ба фаъолияти сиёсиро неву хоҳиши шеърҳои сиёсӣ гуфтанро ҳамеша доштам. Дар зиндагӣ ба ҳар додаву нододаи қисмат шукр мекунам. Ҳоло дар ин айёми умр китоби ҳаётро варақ мезанаму ифтихор аз хонаи обод ва фарзандонам – Ромишҷону Лолаҷон мекунам. Шукр, соҳиби 2 набераи дӯстрӯ ҳастам. Бо тақозои кор тамоми сиёсатмадорони барҷастаи дунёро аз наздик дидам. Сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бароям Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз чунин сарвар мо - тоҷикон меболем ва ман аз рӯи ихлосу эътиқод ва арҷгузорӣ ба хидматҳои он кас мегӯям:
Аз минбари баланд,
Бо ғайрати дучанд.
Аз таърихи куҳан,
Мегӯяд ӯ сухан.
Пешвои миллатам,
Ҳам шону шуҳратам.
Шукрона мекунам,
Осуда давлатам…
Мо ҳама чизро дар зиндагӣ дидем. Ҳам ҷангро ҳам сулҳро. Ҳар касе, ки он рӯзҳоро дид, озмуд ба қадри ин рӯзҳои хубу хушу офтобӣ мерасад. Имрӯз барои шинохта шудани як зан дар ҷомеа фақат саводу дониш ва ҳунару истеъдод кофист. Бонуи боиффат ҳатто ба либоспӯшиаш таваҷҷуҳ мекунад. Зеро сирати зеборо сурати зебо ҳам бояд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА