Имрӯз ӯ – Хуҷастаи Мирзовалӣ сарояндаи хушовоз ва умедбахши операи тоҷик, ҳунарманди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд Хуҷаста хеле ҷавон аст, бо сароидани сурудҳои опера ва эстрада худро байни мардум муаррифӣ кардааст. Сурудаҳояш бо садои пурқуввату сеҳрнок дӯстдорони операро мафтун намудаанд. Ҳангоми иҷрои сурудҳо ӯ аз иҷрои нозуктарин ва душвортарини ҳунари овозхонии жанри опера ба хубӣ баромада, бо овози марғӯладораш ба сурудҳо ҷилои тоза мебахшад.
-Аз хурдсолӣ сароиданро дӯст медоштам. Модари муаллима ва падари эҷодкорам маҳорату малакаи сурудхониамро дарк намуда, аз синфи як маро ба мактаби мусиқӣ бурданд. То синфи ҳашт дар мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ таҳсил карда, нозукиҳои касби ғижакнавозиро аз устодам Юсуф Давлат омӯхтам. Дар баробари адвори мусиқиву ғижакнавозӣ дарсҳои хор низ мехондем, ки ин ҳама дар ташаккулёбии овозхонии ман таъсири мусбат расонд, - мегӯяд Хуҷаста.
Хуҷаста соли 2010 ба факултаи овозхони академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2016 бомуваффақият хатм намуд. Ӯи шогирди ин даргоҳи ҳунар айни замон нозукиҳои касби овозхони академиро ба навсабақони консерватория меомӯзонад.
- Тӯли панҷ сол аз устод, профессор Бурҳон Маҳмадқулов нозукиҳои соҳаи вокали академиро омӯхтам. Ҳозир дар баробари он ки худ ба шогирдон сабақ мегӯям, дар ассистентураи Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсили худро идома дода истодаам, - мегӯяд овозхон.
Хуҷаста замоне дар синфи ҳаштум таҳсил мекард, дар маҳфили мактабӣ бори аввал суруди хонум Марям «Ман ориёиям»-ро суруд. Он замон ӯ намедонист, ки овозаш ба гурӯҳи садоҳои «метсо сопрано» дохил мешавад, ки ин байни овозҳои занона камёб аст. Ӯ метавонад ҳам бо овози борик ва ҳам бо овози ғафс моҳирона операсароӣ кунад. Вижагии садои «метсо сопрано» дар қавигӣ, ғановату рангинӣ, умқ ва нармии он дар байн ва ҳаҷмнокияш дар нотаҳои поёнӣ мебошад, ки на ҳар як операсаро чунин маҳоратро дорад. Сипас, соли 2015 дар Рӯзи Гвардияи миллӣ Хуҷаста ин сурудро пешкаши тамошобинони саҳнаи бузург намуд.
- Ин суруд аз айёми мактабхонӣ дар дили ман ҷо гирифта буд. Бисёр мехостам онро дар саҳнаи калон сароям. Гумон надоштам, ки ин қадар ба мардум писанд меояду маро машҳур мекунад. Муаллифи шеър Сипанди Масъуд, ки соли 2016 бо таклифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷашни Наврӯз ширкат дошт, пас аз сароидани суруд ва итмоми барнома бо изҳори хушнудӣ бо ман суҳбат намуд, ки ин боиси ифтихорам гардид. Ҳоло ҳам вақти гаштугузор дар боғу роҳравҳо ё гулгашту хиёбонҳои зебои шаҳр ҷавонон маро мебинанду «Ман ориёиям» гуфта, садоям мекунанд, - мегӯяд ӯ бо сарфарозӣ.
Соли 2012 дар Рӯзи Артиши миллӣ бо сароидани операи «Испанское балеро», ки бо забонҳои русӣ ва испанӣ садо дод, Хуҷаста барои мардум ошнотар гашт ва дар Рӯзи ҷавонон сароидани хабанерои арияи машҳури Кармен, аз операи «Кармен», теъдоди мухлисонашро афзуд.
- Давоми таҳсил дар консерватория дар чорабиниҳои сатҳи ҳукуматӣ иштирок менамудем. Соли 2013 дар як чорабинии давлатӣ дар саҳна операи итолиёвиро сурудам. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, баъд аз анҷоми барномаи консертӣ ба устодон Адҳам Холиқов ва Рустам Дулоев дастур доданд, то ман шомили мактаби операи Италия гардам ва дар ин самт устодон маро дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, бо дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як сол дар коллеҷи Унитреи Милано садоямро сайқал додам, - иброз медорад мусоҳибам ва суханашро идома медиҳад:
- Ҳангоми таҳсил дар Италия дар яке аз консертҳо ба саҳна бо пироҳани атлас баромадам. Барои ҳозирон, ки аксар итолиёиҳо буданд, тарзи либоспӯшии ман аҷиб менамуд. Аҷобатро аз чеҳраҳояшон мехондам. Шояд онҳо ба худ меандешиданд, ки чаро духтари итолиёвӣ бо пироҳани дигар миллат бо забони итолиёӣ месарояд? Вақте дар Озмуни байналмилалии «Возрождения» дар Арманистон дар байни ҳунармандони опера аз 28 кишвари дунё сазовори ҷои сеюм гардидам, арманҳо бо ифтихор маро арманӣ гуфтанд. Дар озмуне дар Озарбойҷон озарӣ баровардандам. Дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Қатар изҳор намуданд, ки ман арабам. Мухлисонам бисёр суол мекунанд, ки ман аз кадом миллатам. Мегӯям, ки ман тоҷикам, ориёиам!
Тавре Хуҷаста мегӯяд, намоишномаи театрикунонидаи опера ва балет ин як китоб аст. Ҳунарманд аввал асари бадеии пешниҳодшуда, суруд ва мусиқиро пурра мутолиа ва баъдан нақшашро аз бар мекунад.
Феълан, ӯ ҳамчун солисткаи Театри давлатии академии опера ва балет арияҳоро соло (якка) мехонад. Хуҷаста орзу дорад, то дар намоишномаи мукаммали театрии «Кармен» нақши Карменро иҷро намуда, арияи ӯро бо тамоми ҳастӣ ва авҷи овоз ва маҳораташ иҷро намояд. Дар баробари жанри опера ва эстрада ӯ, инчунин, дар жанрҳои фалак ва шашмақом низ худро санҷиданист. Мехоҳад то Ҷашни байналмилалии Наврӯз сурудҳои халқӣ омода намояд, то мухлисонашро аз ин паҳлуи ҳунараш огоҳ созад.
Далер САФАР