ЮНЕСКО ва сандуқи модаркалон
Бист ё сӣ сол қабл кӣ гумон мекард, ки фаранҷии арӯсии сандуқи бибиҳо дар замони мо мӯд мешавад, рӯймоли пахтагини азёдрафтаро тарроҳон бо шавқ мекобанд, сӯзаниву чакан, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, подиумҳои ҷаҳониро оро медиҳанд ва атласу адраси замонҳои бостон дигарбора ба бозор мебароянд? Албатта, чанд сол пеш ин афсона менамуд, аммо олами мӯд пешгӯинашаванда аст. Тарроҳони замони истиқлоли Тоҷикистон дар куҳнаколои модаркалон арзишҳои миллии моро ҷустуҷӯ карда, ба он навгонӣ ворид карда, либоси миллиро дар миёни мардум аз нав эҳё карданд. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳам ба либоси миллӣ, ки унсури муҳими худшиносиву давлатдории миллист, таваҷҷуҳи бевосита намуд ва инак, ЮНЕСКО баъд аз атлас чаканро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.
Мавриди ёдоварист, ки чакан нахустин дастоварди Тоҷикистон дар рӯйхати ин созмони бонуфузи байналмилалӣ нест. Қаблан, соли 2016 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Ӯзбекистон оши палов ва бо пешниҳоди 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз ин Соли нави мардуми Шарқро низ ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда буд.
«Чеканка», «чеканит» ва «чакан»
Чакан ҳунари хеле қадимии мардуми тоҷик аст. Он навъе аз кашидадӯзии миллии тоҷикист, ки дар Кӯлоб ва навоҳии наздики он паҳн гардидааст. Аксаран кашидадӯзон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафед бо риштаҳои рангин гулдӯзӣ мекунанд.
Дар ибтидо дар рӯи чӯб, устухон, маъдан, чарм, сангҳои қиматбаҳо ва зарфҳои филизӣ бо дирафшҳои махсус нақшҳои гуногунгул, барг, офтоб, моҳтоб, ситора ва монанди ин офарида мешуданд, ки он баъдтар чакан ном гирифт. Истилоҳи «чакан» дар забонҳои славянӣ низ дучор меояд. Масалан, «чеканка», «чеканит» — маънои нақш партофтан дар болои филизот, чӯб ва ғайраро дорад, ки худ аз вожаи «чакан» пайдо шудааст.
Муаррих Абдувалӣ Шарифов дар мавриди пайдоиши ин ҳунари нодир ва нафис мегӯяд:
«Муҳимтарин қисми таркибии санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ)-и тоҷикӣ нақшу нигори он мебошад. Дар нақшу нигори гулдӯзиҳои тоҷикӣ табиати ватани таърихӣ ва имрӯзаи мо, ҷаҳонбинӣ, анъана, афкори таърихӣ, зебоипарастӣ, орзую омол, инчунин, таъсири равандҳои таърихӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти амалии мардум таҷассум ёфтаанд». Аз ин ҷост, ки иттилои муҳиме оид ба гулдӯзӣ дар «Авасто», «Шоҳнома», осори Ҷайҳонӣ, Табарӣ, Муқаддасӣ, Мирхонд, Хондамир, Балхӣ, Восифӣ, Дониш ва дигарон дарёфт намудан мумкин аст».
Яъне, чакан як гулдӯзии одӣ нест ва пайдоиши он ба ҳазораи II пеш аз мелод рост меояд. Намунаҳои онро бостоншиносон аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикнишин аз қабили Саразм, Дарбанд, Балх, Нисо, Марв, Суғд, Бохтар, Бухоро, Хоразм, Варахша, Хуҷанд, расмҳои Тахти Ҷамшед, Намозгоҳ, Тупроққалъа, Балаликтеппа ва Панҷакенти қадим пайдо кардаанд.
Аз ин бармеояд, ки дар нақшу нигори ин гулдӯзӣ таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.
Рамзҳои чакан – розҳои модарон
Ҳар як нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро дар худ инъикос мекунад. Барои шарҳи ин маъниҳо ба тарроҳи маъруф Хуршед Сатторов, ки дар тарғиб ва муосиргардонии чакан саҳми калидӣ дорад, муроҷиат кардем.
Ба гуфти тарроҳ дар ибтидо нақшҳои чакан бештар мазмун ва хусусияти динӣ доштанд: офтоб, моҳ, ситораҳо, оташ, одам, ҷонварону рустаниҳои муқаддас ва амсоли ин. Аммо, баъди густариши ислом дар минтақа тасвири ҷонварон ва одам манъ шуду нақшҳои салиби шикаста, оташ, офтоб, рустаниҳо барҷо монданд ва бо гузашти айём моҳияти динии хешро гум карда, ба нақшҳои беном табдил ёфтанд.
Нақши себарга дар чакандӯзӣ мавқеи асосӣ ишғол мекунад. Бо чунин нақш шероза, поҷома ва остинро ороиш медиҳанд. Аз хуми мухаддир дар маъбадҳои зардуштӣ бо оби анору шир машрубот тайёр карда мешуд. Ин рустанӣ буттаи ҳамешасабз буда, баргҳояш сӯзаншакланд. Аз нақши он дар чакандӯзӣ барои ороиши рӯйҷои арӯсӣ, хона, зардеворӣ истифода мешавад. Яке аз нақшҳои маъмули дигар нақши забонаи оташ бо рангҳои сурху зард аст. Ин нақшро пеш аз ислом чун рамзи ҳаёт ва нур дар китфи фариштагон, шоҳон ва ашхоси соҳибмақом тасвир мекарданд. Унсурҳои нақши мазкурро чакандӯзони имрӯза низ кор мефармоянд.
Хуршед Сатторов мегӯяд, ки «ҳар нақши болои матоъ ном дорад: косагул, аштак, гули анор, барги бед (маҷнунбед), бодомак (бодомча), ислимӣ, каҷак, лола, райҳон, тоҷихурӯс, булбул, думи товус, морпечон, моҳу ситора, пойи гунҷишк ва ғайра.
Чакан ва мӯди замони нав
Агар ба таърихи чакан нигоҳ кунем, мутаассифона, дар замони шӯравӣ ба ин ҳунари мардумӣ кам таваҷҷуҳ шуда, он қариб ба нестӣ рафта буд. Аммо, дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки барои эҳё кардан ва ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ шароит фароҳам омад, чакан дигарбора мавриди таваҷҷуҳи тарроҳон қарор гирифт.
Дар ин росто хизматҳои тарроҳ Хуршед Сатторовро махсус зикр мебояд кард. Хуршед аслан фаъолияти тарроҳии худро бо либосҳои миллӣ шурӯъ намуд ва нахустин коллексияҳояш ҳам дар асоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва фарҳанги Бухоро буданд.
«Ман аз соли 2000-ум фаъолияти тарроҳии худро пурра ба либосҳои миллӣ бахшидам. Шаҳр ба шаҳр, ноҳия ба ноҳия, деҳа ба деҳа гашта, аз сандуқҳои занони чакандӯз гулдӯзиву чаканҳоро берун оварда, маънии ҳар рамзро аз онҳо пурсидам ва кӯшидам, ки онҳоро ба мӯди нав кӯчонам. Ин, албатта, як кори таваккал буд, ки метавонист муваффақ нашавад. Хушбахтона, мардуми мо фарҳанги миллиашро дӯст медорад, он ба хуну ҷонаш даромадааст, бинобар ин либосҳои ман нахуст байни ҷавонон маҳбубият пайдо кард»,- ба ёд меорад ибтидои қарни ХХ1-ро Хуршед Сатторов.
«Бештари чакандӯзон ин ҳунарро аз гузаштагонашон омӯхтаанд, худашон бевосита савод надоштанд, бинобар ин бештар ба унсурҳои табиати атроф такя карда, нақшу нигор медӯхтанд. Дар замони нав мо аз лиҳози тахайюлот чаканро хеле бой кардем, албатта, бо назардошти рамзҳои пешина»,- мегӯяд Хуршед Сатторов.
Хуршед Сатторов чаканро натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ борҳо ба намоиш гузоштааст. Дар мавриди таваҷҷуҳи хориҷиён ба ин либоси миллии тоҷикон мегӯяд:
«Хориҷиён вақте рамзҳои тоҷикиро мебинанд, дар ҳайрат мемонанд. Махсусан коллексияи либоси идона ва арӯсии аз чакандӯхташударо. Ман ба ҳар давлате, ки чаканро бурдаам, он маҳбубият пайдо кардааст. Дар созмони ЮНЕСКО ҳам барои намоиш аз чаканҳои ман 20 нусха бурдаанд».
Имрӯз чакан ба мӯд ворид мешавад. либоси арӯсӣ, куртаҳои идона, тоқии мардона ва умуман, даҳҳо намуди онро тарроҳон омода кардаву ба ҷаҳониён пешниҳод кардаанд.
Баъди эътирофи ЮНЕСКО умед аст, ки он яке аз либосҳои маҳбуби ҷаҳониён хоҳад шуд.
Одил НОЗИР