- Ифтитоҳи даргоҳ 9-уми сентябр, рӯзи таҷлили 27-умин солҷашни Истиқлолияти давлатии кишварамон ба вуқӯъ омад ва ман дар ин санаи муборак худро хушбахттарин инсон дарёфтам, ки орзуи тамоми ҳаётам амалӣ гардиду соҳиби коргоҳи хурди дӯзандагӣ шудам, - бо ҳарорат иброз дошт Маҳина.
Айни ҳол дар ин дабистони ҳунар 4 бонуи пешавар асту 10 нафар духтари коромӯз ба тариқи ройгон нозукиҳои ҳунари дарзпардозиро меомӯзанд. Ҳикмати «Ба як мард чил ҳунар кам аст»-ро ба занон низ нисбат дода, андеша дорад, ки бархӯрдор будани бонувон аз ҷумлаи пешаҳо ҳатмист, то онҳо соҳибмақом гарданду манзалати шоистаи хешро миёни ҷамъият пос доранд. Он ҳунарҳое, ки мутааллиқ ба дӯзандагист, ин ҷо ба кор мебаранд, шурӯъ аз дӯхти пироҳанҳои милливу аврупоӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ, попурӣ, хилъату борониҳо, нимдоману таҳпӯшҳо, шиму пиҷакҳо, камзӯлу рахти хоб ва амсоли инҳо.
Маҳина ба он иқрор аст, ки чевари хуб бояд дар таҳияи қолибҳо, нақшкашӣ, поракунии матоъ ва эҳтиёткорона дӯхтани он маҳорати баланд нишон диҳад ва дар баробари ин аз васоили дастгоҳи дарздӯзӣ огаҳии хуб дошта бошад.
- Дар интихоби матоъ бояд ба хусусияти он таваҷҷуҳ кард, ки барои дӯхти чӣ пешбинӣ мешавад? Астар аст ё абра, аз рӯи ранг ва сифат мутобиқ ба кадом син аст, барои мардон пешбинӣ шудааст, ё занон, ба кадом фасли сол мутобиқ аст ва ғайра. Аз ламс кардани коло ва ҳатто аз як нигоҳ метавон ба сифати он баҳо дод. Дар интихоби ресмон низ нозукбин мебояд буд, - ҳамчу хайёти ҳирфаӣ мегӯяд Маҳина.
Пиру барно барои фармоиши дӯхтаниҳо бо умед по ба остони ин ҷо мениҳанд, то дар ҳама айём хушлибос бошанд. Ин пеша, ки робитаи бевоситаро бо одамон тақозо менамояд, аз ҳунарманд сабру таҳаммул, анҷоми кори босифат ва одоби баланди муоширатро мехоҳад.
- Чевари номвар бояд равоншиноси хуб бошад, то бо мизоҷон муоширати дурустро ба роҳ монад ва мутобиқи завқи онҳо корро босифат анҷом диҳад. Ҳолатҳое мешаванд, ки дӯхтаҳои чевар ба мизоҷ писанд намеояд ва дар ин ҳолат метавонад баҳс тӯл кашад. Чунин вазъияти ҳассосро дӯзанда бояд таҳаммул кунад ва хоҳиши мизоҷро ба ҷо орад, - ибрози андеша намуд Маҳина.
Бар иқрори вай ҳар сантиметри колоро дурусту дақиқ ченаку андоза карда, мутобиқу мутаносибу шинам ба тани фармоишгар мебояд дӯхт ва камбудиҳои суробро бо матоъ рӯйпӯш кардан муҳим аст. Ҳамчунин, вазъи тандурустии дарздӯз низ барои ифои вазифаи хеш нақши созгор мебозад. Аввал ин ки узви босираи ӯ бояд қавӣ бошаду ҳар як нуқтаи матоъро ба хубӣ бинад. Дувум, ҳолати равонии харобу парешон ҳунармандро ба зудӣ хаставу дилфигор мегардонад, аз ин рӯ, рагу пайи қавию солим ниҳоят зарур аст. Сеюм, ба колову нах ва дигар абзор ҳассосият надошта бошад ва билохира, дар ҳаракаташ маҳдудият, махсусан заифии дастон билкулл раво нест.
- Қайчӣ, сӯзан, ресмон, матоъ ва мошинаи дарздӯзӣ абзори асосии ҳунарманд аст, ки бо ёрии онҳо ва тахайюли рангини хеш метавонад муъҷиза офараду баъзан шоҳкориҳо намояд. Ҳунарманди асил ба зоҳири ободи офаридаҳояш қонеъ нашуда, сифати онро бояд ба хубӣ озмояд, то маҳсули меҳнаташ муддати тӯлонӣ ба соҳибаш хидмат намояд, - бигуфт қаҳрамони мо.
Ин бонуи пешасолор бо як назар ба пироҳану болопӯшу дигар либосҳо дақиқ муайян месозад, ки онҳо аз кадом унсурҳо иборатанду чӣ тавр таҳия гардидаанд. Ӯ муддати тӯлонӣ дар яке аз коргоҳҳои бузурги дӯзандагии шаҳри Маскав ба дӯхтани абзори ҳарбӣ машғул буд. Дар баробари чеварӣ кулчақанду фарахшаҳои омоданамудаи вай овозадоранду аз дастони ҳунаррези ӯ мардуми зиёд ком ширин мекунанд.
- Бо дӯзандагӣ фаъолиятамро маҳдуд накарда, мехоҳам ба ширинипазии касбӣ низ шуғл варзам. Ин коргоҳ, ки иборат аз се ҳуҷра аст, дар яктои он дӯзандаҳо фаъолият мебаранд, дувумиро тасмим гирифтаам, ки ҳамчун дукони фурӯши либосҳои истеҳсоли худӣ ва сеюмиро ба мағозаи қаннодӣ ихтисос бидиҳам, - аз дурнамо муътамад ҳарф зад ӯ.
- Агарчи ҷавон аст, бо ҳунари волои хеш дар дили сокинони шаҳри Роғун маъво гирифта, бо нархи нисбатан арзон хидматгузорӣ менамояду дар муносибат хеле самимист. Либосҳои расмиву коргузориро, ки дар ин ҷо камчинанд, бо маҳорати баланд таҳия менамояд ва чунин пӯшокҳоро мо ба ӯ мефармоему аз сифати он хеле қаноатмандем, - иброз дошт Марҳабо Бобоева, сокини шаҳри Роғун.
Маҳина Хайруллоева дар тарбияи ду фарзанди ширинзабонаш саҳим асту пурмасъулият. Лаҳзаҳои фориғ аз кор ба онҳо андарзи зиндагӣ меомӯзаду ҳунар ва мекӯшад, ки ҷигаргӯшаҳояш ҳаргиз гусистахирад нагарданд, агарчи аз навозиши падар маҳруманду канор аз тарбияи вай.
- То бас гуфтан талош кардам, ки оилаамон пош нахӯрад. Ҳаргиз намехостам, ки фарзандон бе падар ба воя расанд. Бадтарин амал дар зиндагӣ ин аз рӯи таваккал издивоҷ кардан аст, ки оқибаташ пошхӯрии оила бувад. Ҳамоно шукр мегӯям, ки волидайнам ба ман ҳунар омӯзонданду имрӯз бад-ин васила, дар таъмини хонавода мушкилие надорам, - қаноатмандона гуфт Маҳина.
Тасмим дорад, ки дар оянда 10 нафарро ба кор ҷалб карда, фаъолияти коргоҳро вусъат бахшад ва доираи хизматрасониҳоро фарох созаду бо амри виҷдон содиқона бар нафъи халқу Ватани азиз заҳмат ба харҷ диҳад.
Омина ХОҶАЕВА,
шаҳри Роғун