- Ҳар субҳ то соате дар ҳота ба нигоҳубини гулҳо машғул нашаваму аз суҳбати гулҳоям баҳравар нагардам, рӯзамро бобарор эҳсос намекунам. Авҷи ҳунараму файзи саҳарам аз дидори гулҳоям оғоз меёбад, - иқрор меояд Мунира Мирзоева.
Маҳмадқул Мирзоев, сарвари ин хонадони пешаварон, беш аз 30 сол аст, ки ҳунарҳои зиёди аз падар омӯхтааш, яъне ҳалвову нишаллову наботпазиро ба кор мебарад ва рӯзгори ободу осоиштаро аз пайи ризқи ҳалоли меҳнатӣ дарёфтааст.
- Бо ҳунари ҳалвопазиашон падарам (рӯҳашон шод бод!) дар деҳа ҳамто надоштанд. Шогирдони зиёде низ ин пешаро омӯхтаанд. Ҳунарҳои ҳалвопазию нишаллопазӣ таърихи куҳан дошта, мардуми тоҷик то имрӯз онро ривоҷу сайқал медиҳанд. Фарзандонамро новобаста аз он ки таҳсилдидаву соҳибкасбанд, ин ҳунари авлодиро барояшон омӯхтаам. Чаро ки аз гузашти рӯзгори худ медонам, ки танҳо ҳунар метавонад инсонро ба гоҳи мушкилӣ мададгор бошад, - мегӯяд ӯ.
Эълон гардидани соли 2018 – ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавсуф барои пешаварону эҳёгарони ҳунарҳои аҷдодӣ фоли нек медонад ва бо хушҳолӣ иброз медорад, ки ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайроҳаи наверо дар рушду густариши ҳунарҳои бобоӣ боз кард. Ифтихор аз пеша дорад, ки сафҳаи ҷадиде дар таърихи ҳунарварони асили миллати тоҷик кушода шуду қадру манзалати ҳунарманд боло рафт.
- Мардум ҳам пас аз иштирокамон дар намоишгоҳҳо ба пешаамон ва дастранҷи мо, ҳунармандони мардумӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Барои харидории маҳсулоти омоданамудаамон ба суроғ меоянд. Ганҷи нуҳуфтаамон ошкор гашт, - бо шукргузорӣ иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Ба иқрори ӯ новобаста аз он ки корхонаҳои истеҳсоли қанду шириниҳо ва шакалодҳои хелмахел дар ҷумҳурӣ афзудаанду боз аз хориҷи кишвар намудҳои гуногуни ин анвои ниёзи мардум ворид мешаванд, талаботи ширинидӯстдорон ба ҳалвою нишалло кам нашудааст. Бахусус, дар дастархони тӯёна ва ҷашнҳои шодии аҳолии маҳаллаи Қаротоғ ва аксари бошандагони атрофи водии Ҳисор ҷойи ҳалвои ҳархела, аз қабили ҳалвои кунҷитӣ, ҳалвои ришта-ришта ва ҳалвои сурхаку нишаллоро шириниҳои дигар гирифта наметавонанд. Ҳалвои тоҷикӣ лаззати хосси худро дорад.
Ҳалвопазиро амаки Маҳмадқул кори дастаҷамъона медонад ва мегӯяд, ки дар омода кардани ин ширинӣ ҳамаи аъзои оила саҳм мегиранд. Ҳамсараш холаи Мунира ва келинҳои хонадон Парвинаю Роҳатой дар сангшӯй кардан ва бирёну тоза намудани кунҷит аз чангу гард ёрӣ мерасонанд.
- Ҳалвопазӣ аз ҳунарвар мушкилнописанд буданро тақозо менамояд. Агар не, бо каме иштибоҳ дар омода кардани он наметавон маҳсулоти хушсифатро ҳосил кард. 7–8 соат деги тафсонро беист кофтан кори саҳл нест. Ин амалро аслан мардони хонадон навбатакӣ анҷом медиҳанд. Аз он ки ҳалво ширинии хеле нозук аст, дар омодасозии он риояи тамизу покизагӣ ҳатмӣ мебошад. Дар урфият ҳам мегӯянд, ки «мабодо пай наафтад». Аз ин хотир, ҳалвопаз, пеш аз ҳама, бо дасту дили пок корро оғоз намояду ба тозагии гирду ванояш дар мавриди ҳалвою нишаллопазӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳад, - тазаккур медиҳад Мунира Мирзоева.
Нишалло ширинии мавсимӣ буда, рустании бех асоситарин василаи хоми он маҳсуб меёбад ва дорои хусусияти табобатӣ ҳам мебошад. Табибони халқӣ бар онанд, ки решаи бех беҳтарин даво барои дарди гулу ва меъда аст ва шояд ҳангоми рӯзадорӣ истеъмол намудани нишаллоро мардум иртибот ба пешгириҳои дарди меъдаву рӯда донанд.
Ҳусни ҳамҷаворӣ
- Гӯштро аз нохун ҷудо карда намешавад. Агарчи бадхоҳон байни тоҷику ӯзбек ноиттифоқӣ андохтанд, вале натавонистанд, ки ин ду миллати бо ҳам дӯсту рафиқ ва ҳамтамаддуну риштапайвандро аз ҳам ҷудо созанд. Боз бо сулҳхоҳию иттифоқпазирии ду Президенти ваҳдатпараст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ин ду миллат ба ҳам омад. Ин падидаи нек ба кору ҳаёти ҳунармандони маҳаллии ду давлат ҳам таъсири амиқ гузошт. Роҳ боз шуд, барои тиҷорату авҷу ривоҷи ҳунар ва давом додани муносибатҳои хешутабориамон. Масалан, солҳои пеш, ки як кило бехро ҳалвопазон то сад сомонӣ харид мекарданд, ҳоло бошад, бо кушода шудани сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беҳтарин ва хушсифаташро бо нархи то чил сомонӣ дарёфтан мумкин бувад. Чунин мисолҳо садҳоянд, ки имрӯз ба манфиати тоҷирону ҳунармандон ба кор бурда мешаванд, - боҳарорат иброз медорад пешавар.
Дар як навбат амаки Маҳмадқул деги бузургу тафсони пур аз ҳалвои омодашударо мекофт ва ҳам бо мо дар суҳбат буд ва шояд эҳсоси хастагӣ намуд, ки бо ишора кафгири нишаллопазиро ба писараш дод. Арақи пешонаашро пок намуда, лаҳзае хомӯш ба кафзании дег назар дӯхту сипас бо ин гуфтаҳо ба суханаш иктифо кард:
- Ҳунар ганҷ аст. Ганҷи меросиамонро ҳамеша нигоҳ хоҳем дошт.
аноҳито,
шаҳри Турсунзода