Пӯшида нест, ки дар равобиту муносиботи байниҳамдигарӣ инсон нахуст ба зоҳири шахс таваҷҷуҳ менамояд ва баъди муоширати андак ба сатҳи донишу маънавиёташ баҳо медиҳад. Агар заковату оқилӣ ҳувайдо гардад, ба фаҳму идроки чунин нафарон эҳтиром мегузоранд, вале, агар ӯ пӯшоки номураттаб, нопок ва орӣ аз фарҳангро ба бар карда бошад, мутаассифона, бо вуҷуди ҳама донишварӣ дар замири мусоҳиб ва атрофиён эҳсоси мағшушеро бармеангезад.
Ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллӣ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, бозгӯ аз завқи зебоипарасти мардуми покнажоди тоҷик аст. Роҷеъ ба ин, бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва ба шаҳрвандони кишвар пешниҳод шудааст. Дастурамали мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ роҳандозӣ гардидааст.
- Зарурати таҳия ва чоп кардани китоб аз он ваҷҳ ба миён омад, ки миёни аҳолӣ ихтилофи назар ва вокунишҳо ба шеваи либоспӯшӣ зиёд гардиданд. Солҳои охир пӯшидани либосҳои бегона, аз қабили сатру ҳиҷоб ва сиёҳпӯшӣ миёни бонувон ба ҳукми анъана даромад, аз ин рӯ, бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли ду сол Вазорати фарҳанг дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила ва дигар ниҳодҳои кишвар дар ин самт заҳмат кашида, дастури мазкурро таҳия карданд, - иброз дошт Қурбон Ғуломзода - корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баҳси сатру нимдоман
- Чаро мо сатру ҳиҷобро либоси бегона мегӯему пӯшокҳои нимбараҳнаву ҳарири аврупоиро на? – изҳори нигаронӣ дорад шаҳрванди пойтахт Мавҷуда Ризоева.
Мутаассифона, бархе низ ба ин назаранду фориғ аз иттилоот ва ҳатто ғофиланд аз мавҷудияти чунин дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои бонувон. Ҳол он ки дар бахши 11-уми ин дастурамал омадааст: «Барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд, либосҳое, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия намешавад».
- Ҷомеаи мо озод аст, вале ин маънои онро надорад, ки мардум либоси нимбараҳна ва ё сиёҳи ба куллӣ маҳкамро ба бар кунанд, ки ба ҳувияти миллии мо рост намеояд. Либос ҳам бояд низоми муайян дошта бошад, - иброз намуд Қ.Ғуломзода.
- Либоси тоҷикии бо завқу салиқаи хос интихобшударо ба бар кунем, беҳтар аст, зеро модарону бибиён ва гузаштагони мо ҳаргиз сиёҳпӯш набуданд. Зиёд мушоҳида кардаам, ки, агар зан либоси одии тоҷиконаро пӯшида бошад, касе эътибор намедиҳад, вале ба зани саропо сиёҳпӯшу ниқобпӯш қариб ки ҳамагон менигаранду тааҷҷуб мекунанд, - ибрози андеша намуд сокини пойтахт Бунафшаи Шариф.
- Ҷомеаи бидуни қубҳ вуҷуд надорад ва ҳастанд нафароне, ки сатру ҳиҷоб ва сиёҳпӯширо фарз медонанд. Фикр мекунам, ки ақидаи онҳо нодуруст аст. Бо ин андешаҳои таҳмилгаронаи хеш онҳо либосҳои миллии моро мехоҳанд аз байн баранд. Дар тамоми ҷаҳон ҳар як миллатро аз забон ва либосаш фарқ мекунанд. Модари тоҷик, ки посдоранда ва ҳифзкунандаи анъанаҳои хуби ниёгону арзишҳои фарҳангист, бояд бар зидди тамоюлҳои бегонагароӣ истодагарӣ зоҳир кунад. Дар мазҳаби ҳанафии мо сиёҳпӯшӣ роиҷ набуд, он бо ранги сабз шукуфоӣ кардаасту то замони мо расидааст, - иброз дошт Маҳбуба Азимова, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Либоси расмӣ оё аврупоист?
Бо шурӯъ гардидани соли нави хониш атрофи либоси ягонаи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар ниҳодҳои кишвар садоҳо баланд гардида буданд. Иддае вокуниш карданд, ки модоме тарғиби либоси миллӣ мекунем, пас чаро либосҳои аврупоӣ ба бар намоем?
- Дар дастурамали тавсиявӣ зикр шудааст, ки либос аз матоъҳои атласу адрас, якрангу хоксорона ва бидуни зарҳалкорӣ зебо таҳия шуда бошад, бонувон метавонанд онҳоро дар коргоҳ ҳам ба бар гиранд. Пӯшидани либос худ тарбия аст ва омӯзгор бояд ҳам ботинан ва ҳам зоҳиран зебо бошад, то тавонад ба ин тариқ, ҳисси зебопарастӣ ва хушзавқии хонандаро бедор созад, то ҷомеа ҳам ба ӯ пайравӣ кунад, - иброз дошт Ҷалолиддин Амиров, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Либосҳои расмӣ, ки имрӯз хизматчиёни давлатӣ ба бар мекунанд, ҳамчун либосҳои умумибашарӣ эътироф гардидаанд. Агар ба таърихнигораҳои куҳани мардуми тоҷик назар афканем, тарзи дӯхт, рамз ва баъзе нишонаҳои дигари либоси қадимии мо шабеҳи либосҳои кунунии ба ном «аврупоӣ» аст, ки аз ниёгон то имрӯз ба мо мерос омадааст. Аврупоиҳо аз тамаддуни ғании мо бисёр чизҳо омӯхтаанду ба худ нисбат додаанд, ки мо набояд инро нодида бигирем, - иброз дошт М.Азимова.
- Тӯли чанд соли фаъолиятам зиёд мушоҳида мекардам, ки чӣ гуна бархе аз омӯзгорон безавқ либос ба бар мегирифтанду аз тарзи дурусти либоспӯшӣ ноогоҳ дар ниҳоди кӯдакон назокату латофатро хомӯш мекарданд. Хушбахтона, имрӯзҳо омӯзгоронро огаҳӣ доданд, ки назди шогирдон бо зоҳири зебову либосҳои муназзам ҳозир шаванд, - иброз дошт омӯзгор Зулфиза Умарова.
Чун либоси расмии классикиро аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардаанду дар чорабиниву мулоқоти сатҳи гуногун, шурӯъ аз ҷаласаҳои муқаррарии муассисаҳо то сарони давлатҳо, онро ба бар менамоянд, бояд амиқ дарк созем, ки ба ин тариқ, мо на танҳо ба фарҳанги миллӣ, балки ба арзишҳои умумибашарӣ низ эҳтиром мегузорем ва дарк менамоем, ки либоси ягонаи ҳар як муассисаву коргоҳ нозукие дорад: ҳамбастагиро ба вуҷуд оварда, ҳисси масъулиятшиносиро ба кор тақвият мебахшад. Ғайр аз ин, ба шахси хушлибос таваҷҷуҳ ва боварӣ хеле афзун аст. Мутахассисон баъди озмоишҳои тӯлонӣ натиҷагирӣ кардаанд, ки либос ба рафтор ва тафаккури одамон таъсири бевосита мерасонаду тобиши муайянеро дар андешаронии онҳо ба вуҷуд меорад. Либоси зебо ва расмии шахс дар зеҳни инсон кордониву мақсаднокии ӯро таҷассум намуда, бозгӯ аз он хоҳад буд, ки чунин нафар дар ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ ба низому тартибот риоя карда, беҳтарин сифатҳои инсониро зоҳир месозад.
Беҳтарин тимсоли либоси расмиро мо метавонем дар шахсияти Пешвои муаззами миллатамон бубинем, ки воқеан ҳам шоистаи таҳсин аст. Бо симои идеалӣ ва касбияти баланд тавонистаанд Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанду назари аҳли башарро ба кишвари хуршедии соҳибтамаддуни дорои фарҳанги волои мо ихтисос диҳанд.
С. АШӮРОВА