Тавре аз омор бармеояд, дар муддати 27 сол маблағгузории соҳа қариб 1600 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллион сомонии соли 1992 ба 1 миллиарду 550 миллион сомонӣ дар соли 2018 расидааст.
Тайи ин давра дар маҷмӯъ беш аз 1500 муассисаи тандурустӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир беш аз 120 беморхона, 210 маркази саломатӣ, 80 дармонгоҳ, 250 бунгоҳи тиббӣ ва 56 корхонаву коргоҳҳои марбутаи тозабунёд ба ҳифзи сиҳатии иҷтимоъ пардохтанд.
Масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Дар барномаҳои давлатӣ масъалаи таҳкими иқтидори кадрӣ махсус таъкид ёфта, реҷаи омода кардани онҳо вобаста ба шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардид.
Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт аз муассисаҳое ба шумор меравад, ки соҳаи тандурустии минтақаро бо кормандони миёнаи тиб таъмин месозад. Коллеҷ фаъолияти худро соли 1992 оғоз намуда, тайи мавҷудияташ садҳо нафар ҳамшираҳо ва момодояҳои соҳибтахассусро ба камол расондааст.
Бинои наву замонавии муассиса баҳри таълиму омӯзиши мутахассисони соҳаи тиб созгор аст ва дар ҷумҳурӣ назири худро надорад.
Тавре директор Маҳмадисо Ҷононзода иброз намуд, бинои қаблии омӯзишгоҳ дар маркази ноҳия канори шоҳроҳ қарор дошт ва ба талаботи меъёрҳои муосир ҷавобгӯ набуд. Бо дастур ва супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 сохтмони бинои нави коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт оғоз гардид. Пас аз се сол, саҳеҳтараш 27-уми сентябри соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ ва истиқболи гарму сипосгузории мардум дар остонаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор гирифт.
- Дар коллеҷи тиббӣ бо дарназардошти филиалҳо 769 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз ин шумора 448 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Коллеҷ дар ноҳияҳои Лахшу Сангвор ва Нурободу Тоҷикобод бахшҳои фаръии худро дорад, ки дар онҳо бештар духтарон таҳсил мекунанд. Айни замон, мо мутахассисони миёнаи тибро аз рӯи ду ихтисос: ҳамширагӣ ва момодоягӣ омода мекунем, - мегӯяд директори муассиса.
Дар омӯзишгоҳ баҳри боз ҳам хубтар аз худ намудани тахассус ва донишандӯзии ҷавонон шароитҳои зарурӣ фароҳаманд. Бинои муассиса аз 3 ошёна иборат буда, дар он ду ҳуҷраи озмоишӣ - кимиёвӣ ва кори ҳамширагӣ, 12 синфхона, 6 ҳуҷраи корӣ, толори фароғатӣ, ошхона бо 60 ҷой, толори замонавӣ барои 250 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд. Инчунин, дар назди коллеҷ хобгоҳи сеошёна бо 138 ҷойи хоб, синфхонаи компютерӣ, толори хониш, ошхона ва шустушӯйгоҳ муҷаҳҳаз бо шароитҳои хуб барои донишҷӯён қомат афрохтааст.
- Филиалҳои мо тайи ду даҳсола бо мақсади бароварда сохтани эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии ноҳияҳои дурдаст бо ҳамшираҳо ва бародарони шафқат кушода шуданд. Дар маҷмӯъ дар коллеҷ ва филиалҳои он 124 нафар омӯзгори дорои дараҷаҳои олӣ ва якум сифати таълимро таъмин мекунад. Муассиса дорои зербинои муосири таҳсилот мебошад. Ин ҳама шароитҳо имкон медиҳанд, то дар муассиса табибони сабукдасти ҳирфаӣ омода шаванд, - иброз дошт ҳамсуҳбатам.
Тибқи баҳодиҳии табибон ва сарпарастони муассисаҳои тандурустии минтақа ва худи беморон хатмкунандагони ин даргоҳ дар баробари бархӯрдорӣ аз донишу малакаи хуби кор ва ошноӣ бо технологияҳои муосири тиббӣ, ҳамчунин бо масъулияти баланду инсондӯстӣ, хушгуфториву хушрафторӣ ба дилу дида ҷо ёфтаанд.
Дар баробари бинои коллеҷ имрӯз дар бемористону марказҳои саломатии ноҳияҳои минтақа даҳҳо адад синфхонаҳо мавҷуд мебошанд, ки бо афзору дастгоҳҳои зарурӣ ва аёният таъминанд. Дар ҷараёни таҳсил донишҷӯён дар шуъбаҳои гуногуни муассисаҳои тиббӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд ва бо ин роҳ пас аз хатми омӯзишгоҳ ҷои кори худро муайян месозанд.
Донишҷӯён донишу малака ва маҳорати хешро дар баробари ҷараёни дарс дар машғулиятҳои тадқиқотӣ, конфронсу олимпиадаҳои касбӣ, озмуну мусобиқа ва намоишгоҳҳо, ки тибқи нақша - чорабиниҳои коллеҷ баргузор мегарданд, меафзоянд. Корҳои тарбиявӣ низ як қисми асосии раванди таълимии коллеҷ ба шумор мераванд, ки ҳадафи онҳо ташаккули шахсият ва рушди фарҳангии мутахассиси оянда бувад. Дар коллеҷ аз ҳисоби омӯзгорон ва донишҷӯён гурӯҳи ихтиёриён амал мекунад, ки ба одамони танҳо, шахсони имконияташон маҳдуд, кӯдакони маъюб ва собиқадорони омӯзишгоҳ хидмат мерасонанд.
Имрӯз метавон гуфт, ки коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт аз уҳдаи таъйиноташ, ки омода намудани мутахассисон аст, бо хубӣ мебарояд. Маъмурияти коллеҷ ва ҳайти омӯзгорон ҷавобан ба дастгириҳову ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то дар раванди таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии минтақа бо кадрҳои ҳирфаӣ фаъолияти хешро тақвияту густариш диҳанд.
Д. САЙДАМИРЗОД, ноҳияи Рашт