ПЕШГУФТОР
6 июли соли 1956, вақте ки Матлуба ба дунё омад, модараш Истаднисо 27 сол дошт. Падараш Сайфиддин дар як садама дар мавзеи Кӯпруки Баланди Хуҷанд, ба коми дарё рафт. Бибияш Шарафнисо рӯзи аз таваллудхона овардани ӯ, мӯйи фатилаашро сила мекарду мебӯсид ва ашкрезон мегуфт: «Ҳай, дареғ, ки падар рӯйи ӯро надиду ӯ рӯйи падарро…»
Аҳли хонавода дар 5-солагии Матлуба ба колхози 40 - солагии Октябри ноҳияи Хуҷанд кӯч баст ва дар ҳавлии бобоӣ бо оилаи аммааш якҷо зиндагӣ ба сар мебурданд. Модар барои дастнигар нашудани се фарзанди ятимаш шабу рӯз ба чокдӯзӣ машғул буд: либосҳои мардонаву занонаю бачагона медӯхт, ки талабгорони зиёд доштанд. Модар қарор кард, ки ҳаргиз дигар шавҳар намекунад ва ҳаёти минбаъдаашро ба тарбияти се нафар фарзандаш мебахшад. Амакашон Турсунбой Раҳимов ва ҳамсараш Мағфират Каримова, амаки хурдӣ Бойпоччо Фатҳиддинов, аммааш Бихосият Мамадҷонова ва дигар хешу ақрабо дар тарбияи ҷиянҳо саҳм мегузоштанд. Матлуба, ки аз бепадарии худ бехабар буд, писари холаи падараш Аюбҷон Мамадҷоновро додо гумон мекард… ва дар ҳақиқат ҳам ғамхории ӯ, махсусан, дар боби хондану соҳибкасб шудани ҷиянҳои хушзеҳну хушхулқу хушрӯяш сутуданист. Аммааш, ки омӯзгор буд, дар дили Матлубаи хурдсол меҳри касби муаллимиро ҷой намуд. Маҳз ин муҳаббати наврасӣ Матлубаро водор сохт, ки мактаби миёнаи маҳаллаи Себзори Хуҷандро соли 1973 бо баҳои аъло хатм кунад
.
- Шумо чаро ин қадар пойбанди гузаштаҳо ҳастед?
- Касе, ки гузаштаашро фаромӯш мекунад, ояндагон ӯро ёд нахоҳанд кард. Мо, ду бародару як хоҳар, чӣ тавре ки мегӯянд, дар сабадпиллаи модар ва дар оғӯши меҳрубонию навозиши хешу ақрабо ятимии хешро ҳис намекардем, зеро моро аз фарзандони худ ҳам бештар дӯст медоштанд. Маҳз бо талқини онҳо дар Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) таҳсили илм карда, муаллими физика шудам, ки минбаъд ин касби пуршараф ба ман ҳам нон доду ҳам ном.
- Мехостем аз оғози фаъолияти омӯзгории Шумо то расидан ба сарварии нахустин мактаби президентӣ дар вилояти Суғд мухтасар маълумот бигирем.
- Ҳанӯз соли сеюми таҳсил дар донишкада бо Муинҷон Муинов, ки дар Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар Душанбе таҳсил мекарданду баъди хатми он чун омӯзгор дар он ҷо монданд, хонадор шудам. Соли 1978 ман ҳам донишкадаро хатм кардам ва ба назди шавҳарам рафта, дар мактаби миёнаи №54-и пойтахт ба кори омӯзгорӣ пардохтам. Соли 1981 бо аҳли хонадон ба Хуҷанд баргаштем. Ду сол дар коллеҷи омӯзгорӣ мураббию муаллим будам. Соли 1983 дар маҳаллаи 13-уми шаҳр мактаби миёнаи №23 ифтитоҳ гардид, ки он ҷо 7 сол муаллимӣ кардам, унвони Аълочии маорифро гирифтам. Боз ҳафт соли дигар дар ҳуҷраи методии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд чун мудир заҳмат кашидам. Соли 1997 сарварии мактаби миёнаи рақами 23-ро ба уҳдаи ман гузоштанд… ва баъди ду сол маро ба вазифае пешбарӣ карданд, ки дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд…
- Ва фаъолияти омӯзгориро қатъ кардед?
- Муовини раиси шаҳри Хуҷанд интихоб шудам ва аз мактаб рафта бошам ҳам ҳамчун муовин соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, маорифро роҳбарӣ мекардам ва аз вазъи мактабҳои шаҳр огоҳ будам, барои ҳалли мушкилоти муаллимон мекӯшидам. Аз ҷумла, муаллимони бисёре дар навбати хона меистоданду давлат қудрати сохтани манзилҳои истиқоматиро надошт. Бинобар ин ба аксари муаллимони шароити зисташон номуносиб барои бо қувваи худашон сохтани манзил бо тасмими роҳбарияти ҳамонвақтаи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҳашт садякӣ замин ҷудо карда шуд. Муаллимон низ аз ин ва дигар ғамхориҳо илҳом гирифта, дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мададгори беминнати мо буданд. Се соли кор дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ маро аз лиҳози сиёсӣ хеле обутоб дод, ки барои минбаъд дар вазифаҳои дигари роҳбарӣ кор карданам хеле ёрӣ кард. Мо мардумро шинохтему мардум моро.
- Дубора баргаштед ба касби аслии хеш, ин дафъа ба ҳайси кӣ?
- Шумо медонед, дар Хуҷанд мактаби № 1-уми ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳаст, ки нахустин мактаби нав дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ашхоси бузурги миллатро тарбият кардааст. Маро ҳамчун сарвар ба он ҷо фиристоданд, то мақому мартабаашро ҳамчун мактаби таърихӣ баланд бардорем. Бо дастгирии омӯзгорони ин боргоҳи маърифат ва ҷалби беҳтарин устодон аз мактабҳои дигар сифати таълиму тарбияро мутобиқ ба талаботи афзояндаи замон ба роҳ мондем. Баъди як сол мактаб мақоми гимназияро соҳиб шуд ва сафи хоҳишмандони таҳсил дар он хеле афзуд. Ҳар сол то панҷ-ҳафт нафар дастпарварони мо дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб меомаданд, донишҷӯи бузургтарин донишгоҳҳои ҷаҳон мегаштанд. Хушбахтона, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода рӯзҳои наздик бинои нави ин мактаби машҳур ба истифода дода мешавад. Шояд он дастовардҳо буд, ки роҳбарияти вақти вилоят маро ба сарварии нахустин мактаби президентӣ, ки бояд дар заминаи як мактаби нимбуди замони шӯравӣ дар шаҳри Чкалов (алҳол Бӯстон) сохта мешуд, даъват намуд…
- Ин чӣ хел мактаби нимбуде буд?
- Мисли дигар сохтмонҳои нотамоми замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аз ёдҳо фаромӯш шуда буд. Хушбахтона, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳояшон ба Суғд аз ҳоли он воқиф шуда, амр медиҳанд, ки сохтмон ба тарзи нав идома ва ба мактаби намунавии президентӣ барои хонандагони болаёқати вилоят табдил дода шавад. Хулоса, моҳи декабри соли 2008 ситод ташкил шуд, сохтмон оғоз ёфт ва кор бо суръату сифати баланд пеш рафт. Ман он замон асосан ба кори бинокорон назорат мекардам, вале дар фикри ташкили низоми намунавӣ барои мактаби нав будам, ҳамзамон роҳбарии гимназияи Беҳбудиро ба дӯш доштам. Моҳи феврали соли 2009 оиннома ва дигар санадҳои мактаби ояндаро дар Вазорати маориф тасдиқ намудем. Қарор шуд, ки 1-уми сентябри ҳамон сол мактаб ба кор сар мекунад. Моҳҳои апрелу май имтиҳоноти қабулро ба мактаб дар гимназияи Беҳбудӣ гузарондем. Аз 2763 нафар довталаб дар марҳилаи якум 680 нафар қабул шуд, дар имтиҳоноти такрорӣ сафи дохилшудагон ба 800 нафар расид. 27 июни соли 2009 дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ маросими ифтитоҳи бинои мактаб бо иштироки Президенти мамлакат сурат гирифт, ки бароям фараҳбахштарин лаҳзаи қисмат буд. Президент дасти маро самимона фишурданд ва гуфтанд, ки фармонро дар бораи таъйин шуданам ба вазифаи сарвари мактаби президентӣ имзо кардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли беш аз як соат тамоми синфхонаҳо, толорҳо, майдонҳои мактабро як ба як давр заданд, барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия маслиҳатҳои арзишманд доданд, барои ба мактаб бурдану овардани хонандагон ду автобуси ҳозиразамон туҳфа карданд. Дар вохӯриҳои баъдӣ бо Пешвои муаззами миллат дарк кардам, ки ин марди фидокор, дилсӯзу ҷоннисорро Худованд ҳамчун намунаи раҳмати худ барои мардуми мо ҳадия кардааст.
- Мулоқоти дигар кай баргузор гардид ва аз он чӣ таассурот бардоштед?
- Моҳи марти соли 2011 дар маросими пешвоз дар фурудгоҳи Хуҷанд ва ифтитоҳи Хонаи хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Пешвои муаззами миллат 200 нафар хонандагони мактаби мо суруди умумӣ хонданду 200 нафарашон рақсиданд, ки хеле писандашон омад. Маро даъват карданду як даста гули лола тақдим намуданд ва пурсиданд, ки ду автобуси ваъдагӣ ба мактаб расид ё не? Ман аз номи хонандагон арзи сипос намудам, ки туҳфаҳои Президент ба мактаб расиданд. 12-уми июни соли 2012 Пешвои азизамон боз ба мактаб омада, хобгоҳи замонавиро барои хонандагон ифтитоҳ карданд ва ваъда доданд, ки барои муаллимон низ як хобгоҳи муосир хоҳанд сохт.
Пешвои муҳтарами миллати тоҷикро қавлу амал якест. 14-уми сентябри соли 2013 маросими тантанавии ба истифода додани хобгоҳи дорои 46 ҳуҷраи мактаби президентӣ барои омӯзгорон баргузор гардид. Дар ин мулоқот як хислати дигари наҷиби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошкорам гашт: меҳру шафқат ба бечорагону дармондагон. Муаллимае дорем, ки бо тақозои тақдир аз шавҳар ҷудо шуда, бо ду кӯдак дар кӯча монда буд. Ӯро муваққатан дар хобгоҳи хонандагон ҷой карда будем. Чун Пешво аз вазъият огоҳ шуданд, ба ӯ хонаи сеҳуҷрагӣ эҳдо карданд. Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки субҳи рӯзи дигар мошине тамоми ҷиҳози зистро бо шумули анҷоми рӯзгор овард ва ронанда гуфт, ки ин туҳфа барои бӯрёкӯбони муаллима ва ду кӯдаки ӯст. Шодию хурсандии модару кӯдакони бесаробонро ҳадду канор набуд: ашки шодӣ рухсораҳояшонро мешуст. Як лаҳзаи дигари хотирмон аз ин мулоқотро гуфтаниям. Муаллимаи русе дар ангезаи зиндагӣ дар Россия беҳтар аст, хонаю дарашро дар шаҳри Бӯстон фурӯхт ва тарки кишвари мо гуфт. Аммо, баъди як моҳ бо дилу дидаи гирён баргашт ва хоҳиш кард, ки ба кор барқарораш кунем. Ӯро дубора ба кор пазируфтем, вале дигар бо он маблағ хонаашро харида натавонист ва бе сарпаноҳ монд. Аз хобгоҳи нав ба ӯ низ ҳуҷрае додем. Вақте ки Сарвари давлати мо ба ӯ калиди ҳуҷраро месупурданд, бо дидаи ашкбор, ҳаяҷонзада гуфт: «Ман хато карда будаам. Ватани азизи ман зодгоҳам Тоҷикистон аст ва Шумо Президенти ман ҳастед!» Воқеан, тамоми тоҷикистониён, аз ҷумла, сарвари олишонамонро бо Рӯзи Президент, ки ҳар сол 16-уми ноябр дар мамлакати азизамон таҷлил мегардад, самимона таҳният мегӯям. Маҳз барои бузургдошти Президенти мардумиямон номи як набераамро Эмомалӣ гузоштаам.
Охирсухан
22-юми январи соли 2017 Матлуба Муиноваро аз вазифаи сарвари мактаби президентӣ бо тантана ба нафақа гусел карданд. Ҳама ҳамкасбону шогирдон ғамгин буданду ӯ хурсанд. Охир, акнун ӯ фурсати бештар пайдо мекунад, ки дар суҳбати ҷонпарвари модари 90 - солааш бошад, бо се гавҳари умр, се дурдонаи беамсол - се духтари соҳибкасбу соҳибномаш: Мавзуна Раҳимӣ – муовини раиси «Амонатбонк» дар вилояти Суғд, Мавсума Муинӣ – муовини раиси шаҳри Душанбе, Манзура Муинова - сармутахассиси бахши Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд, набераву абераҳои мағзи донакаш, домодҳои меҳрубон, ки ҳар якеро чун шаҳписар медонад, зиёдтар дидорбинӣ кунад… Модар ва фарзандони арҷманди ӯ хотираи ҳамсар ва падари бузургвор Муинҷон Муиновро, ки хеле ҷавон дунёи фониро падруд гуфт, пос медоранд ва соли 2015 бо нашри китобе бо номи «Шарораи хотираҳо» аз ӯ ёд карданд. Муинҷон Муинов ҳамчун ассистенти кафедраи Донишкадаи кишоварзӣ, иқтисодчии идораи кишоварзии вилояти Суғд, корманди ҳизбӣ, котиби масъули ҷамъияти «Дониш», муовини сардори дастгоҳи раиси вилоят, мудири қабулгоҳи раиси вилояти Суғд, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар вилоят кор карда, ҳурмати мардумро сазовор шуда ва дар тарбияи фарзандони накуном саҳми босазо гузошта буд.
Моҳи марти соли 2017 муассиси мактаби хусусии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Зиёбоев ӯро ба сарварии таълимгоҳи нав даъват кард. Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» Матлуба Муинова аввал пешниҳодро напазируфт, вале он меҳру муҳаббат ба касби омӯзгорӣ, он неруи азими бунёдкорӣ, он ҷӯшу хурӯши дили ҳамешаҷавон ӯро водор сохт, то ба Душанбе равад, ҳуҷҷатҳои мактаби навро тахт кунад ва боз фаъолияти сарварию омӯзгорияшро идома диҳад. Боз ҳам ҷустуҷӯ кард, беҳин омӯзгоронро гирди худ ҷамъ овард ва «Гулчини маърифат»-ро сабзу хуррам гардонд. Танҳо ба як рақам таваҷҷуҳ намоед: соли хониши 2017–2018 мактаби хусусӣ 339 нафар хонанда дошт, дар соли нави таҳсил 610 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуд. Дуруст гуфтаанд:
Он чӣ дар оина ҷавон бинад,
Пир дар хишти хом он бинад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд