Дар арафаи Рӯзи омӯзгор хостем аз ҳаёт ва фаъолияти муаллимаи мактаби рақами 3 деҳаи Миёнадуи ноҳияи Сангвор Моҳлиқо Амонова сухан гуфта бошем.
Қариб чил сол мешавад, ки Моҳлиқо ҳар саҳар бо чеҳраи кушодааш, шоду масрур сӯи мактаб қадам мезанад. Кӯшиш мекунад пештар ба мактаб ояду синфхонаро омодаи дарс созад. Ба фаррош низ мададаш мерасад. Бо ҳусни хати зебо дар тахтаи синф мавзӯи дарсро менависаду бори дигар мавзӯи мавриди назарашро, ки шаби дароз омода намудааст, худ ба худ такрор мекунад.
- Кӯдаконро дӯст медорам. Дар синфи чоруми банда 24 нафар мехонад. Ҳамаи онҳо пурра хондану навиштанро аз худ кардаанд. Талабаи сусту бадхон надорам. Зеро шиори ману шогирдонам «Ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама» мебошад. Ҳатто, агар касе аз шогирдонам бо сабаби беморӣ ба дарс наояд, бачаҳо дарси ҳаррӯза ва вазифаҳои хонагиро ба шарики худ мерасонанд, ки онро тайёр кунад, - мегӯяд муаллима.
Тавре сокинони деҳа мегӯянд, муаллима бо талабагон бениҳоят ҳалиму меҳрубон аст. Усули дарсгӯияш ҳам фарқ мекунад. Кӯдакон бо завқ дарс мехонанд, вазифаи хонагиро омода мекунанд. Муаллима дар ниҳоди онҳо аз хурдсолӣ донишомӯзию хушзеҳниро бармеангезад, ки бо ин роҳ хондан ба хонандагон тадриҷан ба хулқу хӯи ҳамешагиашон табдил меёбад.
- Ман зодаи ноҳия Панҷ мебошам. То синфи нуҳум он ҷо таҳсил намудаам. Соли 1979 бо обод шудани макони бобоӣ сокинони ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза), ки замони Шӯравӣ ба водии Вахш муҳоҷир шуда буданд, баргаштанд. Волидайни ман низ ба зодгоҳашон деҳаи Миёнаду омаданд ва дар мактаби деҳа тамдиди таҳсил намудам. Ҳарчанд пас аз хатми мактаби миёна талош кардам, ки ба хондан равам, волидонам розӣ нашуданд. Он замон таҳсили духтарони кӯҳистон дар макотиби олӣ умуман аз ақл дур менамуд. Одатан, духтарони деҳаро зуд ба шавҳар медоданд. Ҳатто дар мактаби миёна хондан ҳам намемонданд, - бо таассуф ёд меорад Моҳлиқо.
Норасоии муаллимон дар деҳот он замон низ мушкили асосии соҳа ба шумор мерафт. Моҳлиқо, ки дар мактаб аъло мехонд, бо хоҳиш ва тавсияи омӯзгорон пас аз хатми синфи даҳ корро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз кард. Ӯ ҳамчун рамзи эътироз пешниҳоди волидонашро барои издивоҷ рад кард. Танҳо баъд аз панҷ соли кор дар мактаб оила барпо намуд.
- Соли 1984 хонадор шудам. Шавҳарам Донишгоҳи техникиро хатм намуда буд. Падару модараш низ шахсони бофарҳангу бомаърифат буданд. Хусурам яке аз омӯзгорони пешсафи мактаб буданд. Маҳз он кас сабаб шуданду ман ба орзуи деринаи донишҷӯиям расидам. Ҳатто дар даврони арӯсиям корро дар мактаб тарк накардам. Бо мусоидати хусуру хушдоман ва дастгирии шавҳарам соли 2001 омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Раштро хатм намудам, - мегӯяд муаллима бо қаноатмандӣ.
Зиёд мекӯшад то шогирдонаш барномаи таълимиро хуб фаро гиранд. Тамоми ҳастияшро ба мактабу кӯдакон бахшидааст.
- Ҳаётамро бе мактабу пешаи интихобнамудаам тасаввур карда наметавонам. Пичаҳоямро дар ҳамин мактаб сафед кардаам, - мегӯяд ӯ.
Омӯзгорро аз рӯи сифати дарсаш ва дараҷаи донишомӯзии шогирдонаш баҳо медиҳанд. Моҳлиқо мекӯшад, ки аз роҳу усулҳои фаъоли таълим самаранок истифода барад. Аз намудҳои гуногуни таълим - монанди «дарс — конференсия», «дарс - мубоҳиса», «дарс — луғат» ва ғайра истифода намуда, шогирдонро аз илму фан баҳравар мегардонад. Бо усулҳои таълимии интерактивӣ, ки дар ҷараёни дарс хонандагон зиёдтар фаъоланд, кор мебарад. Аз аёният беш истифода мекунад. Дарсҳояшро бо шеъру суруд ва бозиҳои маърифатӣ ҷолибу ҷозиб мегузаронад. Ҳар ҳафта бахшида ба сана ё мавзӯе маҳфилҳои синфӣ меорояд.
Моҳлиқо дар баробари омӯзгорӣ ҳашт нафар фарзанди худро ба воя расонда соҳиби таҳсилоти олӣ намудааст. Духтари калонияш пешаи модарро пазируфтаасту дар ҳамин мактаб аз фанни забони русӣ дарс мегӯяд.
- Бо дасту дилу нияти пок кор кардаам дар ҷодаи хеш. Шогирдонамро бо заҳмати ҷигархора парвардам, то одам шаванд. Онҳоро бисёр дӯст дорам, онҳо низ маро. Ба ҳар фурсати созгор ба суроғам меоянд. Якеш омӯзгору дигараш соҳибкор, савумӣ деҳқону раису хонашин, хуллас аз ҳолу аҳволам хабар мегиранд. Ҷашни дилафрӯзе ё маҳфилу маъракаеро гардон карданӣ шаванд, ҳатман машварату маслиҳат мехоҳанд аз ман. Маро узви оилаи худ медонанд, - фараҳмандона мегӯяд муаллима.
Аз даврони ҷанг бо андуҳ ёд меорад муаллима ва мегӯяд:
- Замони ҷанги шаҳрвандӣ сияҳкорону нохалафон зани бегуноҳеро куштанду ба коми оташ супурданд. Мо аз тарсу ҳарос дар даруни танӯру ҳелчаҳои мурғ, таги тапаку болои бом пинҳон мешудем. Кор то дараҷае расид, ки мо дар ватани худ гуреза шудем. Тайи як сол 60–70 нафар сокини Миёнаду дар ноҳияи Дарвоз, саҳеҳтараш дар деҳаи Курговад панаҳ ҷустем. Рӯи хоку санг шабҳо хоб рафтем. Азоби зиёд кашидему дар қайди қаҳтӣ ҳам зистем, гушнаву ташна сарсону ҳайрон мондем. Шабу рӯз назди Парвардигор дуо мекардем, ки сулҳу созиш шаваду ба хонаҳоямон баргардем. Орзуи беш аз инро надоштем. Имрӯз бошад, садҳо бор шукрона мекунем, ки сулҳу субот ба шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат дар кишвар ҳукмфармост. Ҳама ҷо сериву пурӣ ва дар ҳар деҳа мағозаву дар ҷамоатҳо марказҳои тиҷоратӣ фаъоланд.
Бале, муаллима Моҳлиқо бо шиори худ «Ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама» дар ҷодаи зиндагӣ кору пайкор мекунад ва дар партави ҳамин ҳикмати ваҳдатбахшо шогирдону фарзандонашро тарбият медиҳад, то дар раванди корҳои ободониву шукуфоии кишвар саҳми арзанда дошта бошанд.
Д. Сайдамирзод,
ноҳияи Сангвор