Ин духтараки боистеъдод дар барномаи шомгоҳии телевизионии «Чароғаки солинавӣ» дурахшиду барои писарону духтарони зиёди ҳамсолаш ба ситора табдил ёфт. Ёд дорам, ҳаводорони дар орзуи тарҳи дӯстӣ андохтан бо ӯ буданд ва чун имкони ҳамсуҳбат гаштан барояшон муяссар мешуд, ошноӣ бо ӯ менамуданду болотар аз пиндори худ дармеёфтанд ва бо эҳтироми бештар дар ҳаққи ин «ситораи заминӣ» сухан мегуфтанд. Табиат дар ӯ ҳусни худодод, малоҳати калому рафторро тавре ба ҳам овардааст, ки ба камтарин ва хушбахттарин касон муяссар мешавад. Ба қавли шоири малакутӣ, ки гуфт:
Ҳусни ту бо малоҳати ту ҷаҳон гирифт,
Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт.
Нимаи соли 1980 буду ӯ дар курси чоруми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил мекард. Вақте ба ӯ шарафи яке аз барандаҳои барномаи аз ҳама дидании телевизиони Тоҷикистон интихоб шудан насиб гардид, ровии ҷавон бо истеъдоди суханварӣ ва ҳаракатҳои баҷову мавзун ба дили мухлисони сершумор роҳ ёфт.
Ӯ шояд касби дигарро интихоб мекард. Вале, навои кабкҳои кӯҳистон, ки гирдогирди хонаашон дар доманакӯҳҳои деҳаи Баррӯшон пар мезаданд, насими форами чашмасорони деҳа, ки гоҳ-гоҳе садои рубобу рубоиёти дилнишини Моҳҷон Назардодова - нахустин Ҳофизи халқии Тоҷикистон аз байни занон, ба онҳо ҷӯр мешуд, дар осмони авҷи шуҳрат дурахшидани ситораҳои санъат Нуқраву Майсара, ки яке Моҳи Рӯшону дигаре Моҳи Шуғнон ном гирифтаву исмашон пурсадо буду духтаракон дар ҳама ҷо ба сурудҳояшон тақлид менамуданд, ба интихоби наврас таъсир гузоштанд. Ӯ узви гурӯҳи худфаъолияти бадеии мактаб гардиду дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ҳайси баранда ширкат меварзид. Дар синфи даҳум, вақте таҳияи саҳнача бахшида ба ҷашни Наврӯз зарур шуд, бо ташаббуси Ҳусния синфашон мустақилона онро омода кард ва ин нахустин коргардониашро мухлисон писандиданд.
Бо хатми шуъбаи режиссёрӣ ба мутахассиси ҷавони болаёқат дар театри Лоҳутӣ кор пешниҳод карданд, вале бинобар набудани сарпаноҳ вақте барояш дархости узви коллективи театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) шудан пеш омад, пазируфт. Аввал нақшҳои дувумдараҷаро барояш раво мешумурданд, вале ҳунарпешаи ҷавон зуд аз имтиҳони сангини саҳнаи касбӣ гузашту ба сафи нақшофарони асосӣ шомил шуд. Дар ин ҳалқаи эҷодӣ вай аз ҳунарпешаҳои соҳибтаҷриба меомӯхт, истеъдоди бозигарӣ ва коргардониашро сайқал медод. Ифтихор дорад, ки ба чунин ҳунарпешагони шинохта ба мисли Қадамшо Халилов, Шафқат Халилов, Қурбон Собир, Фаррух Қосим, Абдумуъмин Шариф, Барзу Абдураззоқов, Меҳрӣ Ҳоҷибоева кор кардаасту таҷоруби аз онҳо омӯхтаашро дар фаъолияти касбиаш истифода мебарад.
- Вақте Шуморо коргардони театри халқии ноҳияи Рӯшон таъйин намуданд, бо кадом эҳсос ба фаъолият пардохтед? –мепурсам аз ҳамсуҳбатам.
-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин мақоми театри халқӣ соли 1961 ба коллективҳои драмавии назди хонаҳои маданияти ноҳияҳои Рӯшон ва Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) дода шуд. Ин бесабаб набуд, зеро ин муддат ҳунарпешагони Хонаи маданияти ноҳияи Рӯшон чандин намоишномаи драмавиро таҳия ва манзури тамошобинон гардонданд, ки аз ҷониби мухлисон ва санъатшиносон баҳои баланд гирифт.
Дар озмунҳои дуюм ва сеюми театрҳои халқӣ, ки солҳои 1971–1973 дар пойтахти кишвар баргузор шуданд, театри халқии Рӯшон барои офаридани нақшҳои дилчасп дар намоишномаҳои «Ҷон модаракам»-и драматурги ӯзбек Абдулло Қаҳҳор ва драматурги гурҷӣ Нодар Дунбадзе «Ман, модаркалонам, Илико ва Илларион» соҳиби ҷойи аввал гардида, коргардон ба унвони Корманди шоистаи маданият ва бозигарон бо ифтихорномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон мукофотонида шуданд.
Дар ҷамъбасти озмун театри халқии ноҳия Рӯшон нахустин театри халқӣ дар кишвар ном бурда шуд, ки ба драматургияи ҷумҳуриҳои бародарӣ рӯ оварда, ҳунарпешаҳо бо маҳорати баланд асарҳоро саҳнавӣ гардонданд. Дар солҳои минбаъда барномаи театри халқӣ боз ҳам ғанитар гардид.
Ҳунарпешагони шинохтаи ҷумҳурӣ Нуқра Раҳматова, Устоқадам Машрабов, Мастибек Паллаев, Шералӣ Абдулқайсов, Асалбек Назриев, Асал Саодатова, Маҳингул Назаршоева истеъдоди санъатвариашонро дар ин даргоҳи ҳунар сайқал доданд, - изҳор дошт Ҳ.Худододова ва афзуд:
- Таърихи пурифтихори театри халқии ноҳия моро водор месозад, ки анъанаи санъаткорони дилдодаи касбашонро идома диҳему ҷӯянда ва навовар бошем.
Театрро забони халқ номидаанд. Ба воситаи сухани нишонрас, қиёфа, ҳолати рӯҳӣ ва ҳаракатҳо аз саҳнаи он мардум розу ниёзашонро баён месозанд. Рисолати ҳунарпеша аст, ки дарди ҷомеаро дар тасвири зебо ва таъсиргузор ифшо созаду дар ислоҳи он кӯшиш намояд ва саҳм гузорад. Муваффақияти театр аз бисёр ҷиҳат ба коргардони боистеъдод вобаста асту масъулони фарҳанги вилоят ва мухлисон бар ин боваранд, ки тақдири театри халқии ноҳияи Рӯшон дар дасти шахси ҷӯяндаву эҷодкор ва навовар мебошад.
- Рисолати театр тарбияи инсон аст. Ҳунарпешаҳо бо нишон додани ҳолати ботинӣ ва рӯҳии қаҳрамонон нисбат ба ҷанг, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, хурофотпарастӣ, дуздӣ, ришваситонӣ, авбошӣ ва дигар падидаҳои манфии ҷомеа дар қалбу афкори тамошобин ҳисси бадбинӣ ва нафратро бармеангезанду ҷомеа чунин аъмоли нангинро маҳкум месозад. Ҳамзамон, эҳсоси эҳтиром ба сулҳу осоиштагӣ, тарзи ҳаёти солим, меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, хоксорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро бедор менамоянд, - мегӯяд коргардон.
Мубориза бар зидди нашъамандӣ мавзӯест, ки солҳои охир ба он зиёд рӯ меоранд. Вале, бозёфти эҷодии коргардон ва масъалаи доғи рӯзро чун фоҷиаи шахсӣ қабул кардану бо салиқаи баланд ифшо сохтан дар саҳна боис шуд, ки намоишномаи дупардагии «Гунаҳкорони гунаҳшӯй»-и Зариф Ибод дар қатори намоишномаҳои беҳтарини театрҳои халқӣ ҷой гирад. Намоишнома ба истиқболи гарми мухлисон дар Хоруғ ва Суғду Хатлон рӯ ба рӯ гардида, навори тасвирии намоишнома бинобар мазмуну муҳтавои баланд ва аҳамияти тарбиявӣ доштан бо дастури шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба ҳайси маводи раҳнамо дар макотиби ин ноҳия истифода мешавад.
Намоиши бештари спектаклҳо бахшида ба ин мавзӯъ, тавре дар озмуни театрӣ дида шуд, одатан бо монологи модари сӯгдида ва сиёҳчодар оғоз мешавад. Вале, дар намоишнома бо коргардонии Ҳ. Худододова набзи сабзи пурҷӯшу хурӯши зиндагӣ ба тадриҷ иваз мешавад ва дар охир ранги сиёҳ мегирад. Фоҷиае, ки сабаби он боз ба худи инсон бармегардад ва тамошогарро ба дарёи тафаккур ғӯтавар месозад. Инсоне, ки дарк мекунад, хушбахтиро ба дастони худ месозаду бадбахтиро низ.
Намоишнома ҳушдор медиҳад, ки бемории нашъамандӣ, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, метавонад ҳар хонаводаро домангир шавад. Барои он ки фарзанд битавонад некро аз бад фарқ гузораду аз олуда шудан дар аъмоли зишт дар канор монад, ҳеҷ падару модар набояд дар таълиму тарбияи фарзанд ва роҳнамоӣ карданашон ба роҳи дуруст фориғбол бошанду вақташонро дареғ доранд.
«Ширинтар аз афсона»-и Лутфишоҳи Қиматшоҳ намоиши дигарест, ки дар мавсими нави театрӣ рӯи саҳна омада, мухлиси зиёд пайдо кард. Дар ин намоиш зери навои мусиқии халқӣ зиндагии мардуми кӯҳистон дар қарни нуздаҳум ҷараён мегирад. Мардум зиндагии фақирона дорад, вале дар ҳар хона дасти ҳунарманд ба кору забони санъатвар дар гуфтор асту китоб ҳамдаму ҳамнишинашон. Ғолибияти фарҳанг бар ҷаҳолат дар пешкаш намудани порае аз зиндагии кӯҳистониён бо нақшофарии ҷолибу садои дилнишини мусиқии халқӣ ба таври хотирмон ва омӯзанда дар намоиш тараннум гардида, ҳисси эҳтироми бузурги шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолиро бармеангезад.
Театр тамошобинони хурдсолро низ фаромӯш намесозад. Намоишномаҳои махсуси бачагона тамошобинони зиёди хурдсолро ба театр оварданд. Бо талаби волидон намоишномаи «Заргӯшак», ки дар асоси афсонаҳои халқӣ таҳия гардида, ба шавқу завқи кӯдакон хеле созгор аст, дар макотиби ноҳия барои хонандагон ҳам намоиш дода шуд.
Чанд сол қабл театри халқӣ ба маънои маҷозиаш «халқӣ» гардид. Зеро ҳунарпешагони театр аз бинои куҳани хеш маҳрум гардида, дар кӯча монданд.
Бо супориши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қасри фарҳанг бунёд ёфт. Театри халқӣ дар бинои нав ҷо гирифта, дар толори барҳавои он 400 тамошобин метавонад ҳузур ёбад ва аз тамошои хуби барномаҳои фарҳангӣ лаззат барад. Ҳ. Худододова аз он меболад, ки намоишномаҳои таҳиянамудаашонро ҳамеша толори пуропури мухлисон истиқбол мекунанду барояшон каф мекӯбанд.
М. САИД,
ноҳияи Рӯшон