Неши нохуни падарро ҳам озмуд. Озор ангошт онро дар гузораи зиндагии ба диду водиди зоҳирбинҳо ҳамвор, аммо барои роздорон душвору гаревадор…
Ҳине, ки заҳматашро бо Ифтихорномаи ҳукуматӣ қадр карданд, ӯ шукуфту болид, аммо чун аз аспи вазифа яке пиёда шуд, нанолид…
Савори нақлиёти тамғаи «Старекс» ба коргоҳ мешитофт. Бо мошинкаш сари даъво бархост…
Ин ҳама лаҳзаҳо қиссае доранду садое ҳам ва марбут мешаванд ба зиндагиномаи як бонуи қаламкори муваффақ, ки зодаю парвардаи ноҳияи соҳили рӯдхонаи Панҷ асту решаи дудмонаш то Сангвор, саҳеҳтараш то рустои Шорак мекашад. Ӯст, ки дар ангезаи ҳавову ҳавасҳои нӯшини рӯзгори дабистонӣ фармудаи падарро фармон набурд. Падараш Нодиршоҳ корманди бахши бозаргонӣ буд. Дар ибтидо дуконеро дар ихтиёр дошту баъдан дар муассисаи хӯроки умумии ноҳия вазифаи масъулеро бар дӯш гирифт. Вале, ба ҳич кадом аз фарзандонаш ташвиқу таҳрики пешаи худро раво нашмурд, балки дар доди пириҳо ифтихоромез аз ӯ қисса мекард, ки духтаронаш касби модарро ба мерос гирифтаанд.
- Хоҳарбузургҳои ман Кимхо ва Таманно таҳсилоти олии тиббӣ дарёфтанду меросбари касби модарам дар сатҳи баландтари тахассусӣ гардиданд. Очаам Ширинмоҳ аз деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷи Бадахшон аст. Ӯ аввалин нафарест аз шумори духтарони маҳаллӣ, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро хатм кард. Тибқи роҳхат ба ноҳияи Панҷ ба қасди кор азимат намуд. Ба ҳукми роқими сарнавишт шарики якумраи худро дар ин ҷо ёфт. Хирманаш пури гандум шуд ва худ ба нақди хидматгузориҳои тиббӣ мавриди эҳтироми мардум,- мегӯяд ӯ.
Бародари қаҳрамони гуфтор ё навиштори мо, Тамлихо низ хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб асту додараш Орифшо фориғуттаҳсили Техникуми тарбияи ҷисмонӣ. Аммо, пеши падар гиромитарин пеша табибӣ буду бас. Дар он аҳду овон мардуми муҳоҷир фурсату фосилаи мутобиқшавӣ ё обгардиш ба иқлими гармои тоқатфарсои Саройкамарро (номи қадимаи ноҳияи Панҷ) меозмуд. Теғи бедоди аҷал аз хуни анбӯҳ-анбӯҳ мардуми муҳоҷири фавтида бар асари маризиҳои вогир, об м?????ехӯрд. Аз кулбаҳои муҳоҷирон дуди мотам ба ҳаво мепечид. Ин аст, ки раъияти ранҷкашидаи ранҷури навбуна ба тандурустию табибони ҳозиқ эҳтиёҷ дошт бештар, ки ба ҳар чизи дигар.
- Қиблагоҳам зиёд мехост ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавам. Ҳуҷҷатҳоямро ӯ худ то Душанбе бурду супурд. Бидуни маслиҳат бо ӯ қасди тамдиди таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии феълӣ) кардам, аммо номуроду ноком ба хонаи падар - ба деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ баргаштам. Саромади хонадон чизе напурсид, ман нагуфтам. Соли 1983 ба мақсад расидам ва таҳсилро дар бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи мавриди назар сар гирифтам,- гуфт ӯ.
Шинохти шаҳди суханрову меҳри рӯзноманигориро дар замири ин духтараки зираку виро амакҳояш Манзаршоҳ-омӯзгори тавонои фунуни забону адабиёти тоҷик ва Искандаршо-масруфи фурӯши молу коло дар дуконҳои савдо, барангехтанд. Онҳо, ба гоҳе ки дар базмҳои ҳунарӣ савтҳои дилошӯберо дар сози тор нохун мезаданд ва ашъори шоирони бузурги қадимии тоҷикро овозхонӣ менамуданд, ӯ саропо ҳушу гӯш мешуд. Дар ин маҳфилҳо сайди маънӣ мерабуд. Ин иштиёқ ӯро то маҳфили «Шукуфа»-и рӯзномаи маҳаллии «Ҳаёти нав» овард. «Шукуфа» бо кӯшиши сардабири нашрия, рӯзноманигори забардаст Мирзонабот Гадоеви сухансарову суханшинос ба маҳфил, на, ғалатам, ба мактаби сайқали маҳорати эҷодкорони ноҳия ёфта буд табдил. Дар ин конун баҳравар аз ҳадисҳои устоди тавоно Мирзонабот Гадоев, рӯзноманигорону шоироне амсоли Сайвалӣ Насиб ва Зайниддин Ҷомӣ ӯ оҳистаю тадриҷӣ ба дунёи садгеси сухан ошно мешуд.
Ин кӯлбори даҳанбанд аз тӯшаи сухан буд, ки ӯ дар Донишгоҳи давлатӣ таҳсилро хушотия сар гирифт. Ба зудтарин фурсат чун духтари бо тадбири доништалаби навҷӯи навгӯӣ дурахшид, то ҷое ки раиси Шӯрои занони факулта интихоб гардид. Хуб хонд ва соли 1988 ба ватангӯшаи аҷдодӣ – деҳаи Шораки ноҳияи Сангвор баргашт. Дастикам дую ним сол дар мактаби рустои Лангари он сӯи рӯдхонаи Хингов ба омӯзгорӣ пардохт. Ҳикмати «Ошно донад забони ошно» корашро сабук сохт, чаро ки шогирдони ҳалқаи 11-уми таҳсил дар симои ӯ, на ки як устод, балки рафиқи дилогоҳеро шинохтанд. Эътимоду ҳусни тафоҳум дар роҳи донишандӯзӣ онҳоро ғолиби соли таҳсил гардонд. Баъд аз ӯ ҳич маҳфилу маъракаи мактабӣ бидуни маслиҳату машварат ва ҳам ширкати фаъоли муаллимаи маҳбуб намегузашт. Боре дар дабистон мебоист базми навбатӣ гардон мешуд, аммо чун падар нахост, ӯ нарафт. Фасли сардиҳо дар кӯҳистон қаҳратун асту бераҳм. Қиблагоҳ бо далели «Меваи зимистон ҳезум аст» ӯро тапакрезӣ фармуд. Рӯзи дарозро ба анбоштани «мева»-и дархӯри мавсими замҳарири дай ихтисос дод. Чун дар нишеби рӯз ба хатми фармуда расид, фароҳам нишасту дам ҳот кард. Падар таҳсину сито чи ки, дасти духтари ноздонаашро ба каф гирифту бо нохун сахт фишурду пурсид: «Ин чист?» «Чист, намедонам, аммо дардам додӣ, падар»,- норозӣ гуфт ӯ. «Ин ҳилол аст, духтари доно, ҳилол, фаҳмо?»,- гуфт падар ва тоб хӯрду ба нишеми худ нуҳуфт ҷуст.
- Манзури падарам чӣ буд, нафаҳмидам. Дар ёддоштномаам онро ба тариқи зайл навишта кардам: «Неши нохун». Ҳикмати ин амали падарро солҳо баъд аз ашъори бузургтарин шоири тасвиргарои тоҷик Бозор Собир кушудам. Шоири дилогоҳи дар ёди Ватан ранҷур дар кӯи ғурбат нолидаву мӯида нигошта буд: «Моҳи наваш харошад дилро чу неши нохун». Дар шеъри дигараш, ки қаблан дар қаламрави меҳан эҷод карда буд, Бозори бузургвор моҳи навро ба шеваи шевои дигар таҷаллӣ додааст:
Ба дидаи паридаам,
Ниҳодаам пари каҳат.
Кафи дуо кушодаам,
Ба доси моҳи бегаҳат.
Яъне бад-ин васила падар маро ҳадиси ҳубби ватан омӯхта буд. Ҳамакнун омӯзаи меросии падарро дар пайнавишти хотиротам таҳриру таъмири дигар кардам: «Нӯши нохун». Ба ҳар гоҳе ки дар осмони Тоҷикистони соҳибистиқлоли рӯ ба шукуфоӣ моҳи нав падид меояд, кафи дуо мекушоям ва ба падари зиндаёдам дуову дуруд мефиристам то рӯҳаш шод ва манзили охираташ обод бошад,-мегуфт ҳини суҳбат бо мо ӯ, ки ҳузни ҳиҷрони қиблагоҳ аз чашмонаш ҳувайдо мегашт. Агарчи ӯ дар интихоби касб аз иродаи падар гурез ҷуст, то ҳол дар ибрати ӯ шахсияту ҳайсияти худро ташаккул медиҳад.
- Падарам дар деҳистони Шораку Лангар бо тадбирҷӯиҳош дар зироаткорию рӯзгордорӣ чанд ҳукми «намешавад»-ро ботил сохт. То ӯ таҳҷоиҳо бар он буданд, ки ба бӯи номусоидии табиат дар ин иқлим помидоркорӣ амали барҳадар бувад. Ӯ дар аввалин кӯшиш ҳосиле рӯёнд, ки ҳама ҳамсояҳо бархӯрдор аз кавсан шуданд. Ба аҳли хонавода бошад, афшураю қиёмашу қоқаш то баҳори дигари кишту кори деҳқонӣ кофӣ афтод. Ростиро дар ҷӯи каҷи зиндагӣ аз ҷӯяҳои мазрааи чун хатакҳои дафтари фанни забон рости ӯ омӯхтааму навгӯиро аз симтаноби таъйиноти таҳвили дарзаҳои алафҳои юғану ёлмуни хувораи сершираи чорво ва бастаҳои ҳезуми дархӯри чакдони нонпазию сандалиафрӯзи зистгоҳи кӯҳистоннишинҳо дар фасли сармои дерёзу тӯлонӣ. Ӯ симтанобро аз кӯҳаи пуштаи паросоҳили рӯдбори Хингоб то зийи хонагаҳи худ кашида, садҳо дарза каҳу камолу гиёҳу пахол ва аловиро саҳлу сабук таҳвил медод. Ӯ солҳост, ки нест, аммо симтаноби раҳандохтаашро то ҳанӯз, на ки як дар деҳаҳои Шораку Лангар, балки дар тамоми Сангвор ва нуқтаҳои дигар, вофир истифода менамоянд,- иқрор меояд ӯ ҳини гуфтугӯ.
Дар ин русто фақат 2 сол ба сар бурда, нони ҳалоли омӯзгорӣ хӯрд. Аз Ҳайдаршоҳи кӯҳкани ванҷии дӯсти донишгоҳияш яке пайк омаду хабар ба қасди барпо кардани ҷашни баюгонӣ. Чун оши маслиҳату машварат миёни ҷонибҳо пухт, дар як рӯзи муборак кавкабаи мошинҳои шаҳу шаҳмардҳо дар рустои Лангар лангар андохту гулбонги гӯшнавози қушовозшон кӯҳу камарро ба шодӣ кашид. Ӯйи навбаюги саропо сафедпӯшида бо як ҷуръату виқор пули ҳаросафкани ларзонакро гузора мешуд, ки ту гуфтӣ тиллои сафеди холис аст. Оре, «Тилло, ки пок аст, чӣ миннаташ ба хок аст». Сардори мактабро буғзи пушаймонӣ гулуяшро фишурд, чаро ки деҳистонро беҳтарин омӯзгори дабистон тарк мегуфт. Ӯ ҷавонмардони ҳамдеҳаашро зери тозиёнаи сарзаниш кашид: «Ҳайфи шумо воре бачаҳои кӯҳистонӣ, ки подшаҳи хубони худро нашнохтен». Нафаре бадоҳатан иқрор омад: «Шинохтем, аммо ғайрат накардем». Дар ноҳияи Ванҷ дер наистоданд. Озими шаҳри Душанбе гардиданд шаҳу маҳ. Тайи чанд сол ӯ ба ҳайси хабарнигори идораи кишоварзии Радиои Тоҷикистон, мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, ТВ «Пойтахт» ва ТВ «Сафина» заҳмат кашид. Маҳз дар фурсату фосилаи сармуҳарририи ӯ, ки солҳои 2007–2014-ро фаро мегирад, идораи таҳияи филмҳо ва дубляжи ТВ «Сафина» аз бонгу номи шоиста дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа бархӯрдор гардид. Чаро ки ӯ чун роҳбари қобил беҳтарин тарҷумону ҳунарпешаҳоро ба ҳамкорӣ ҷалб кардан ёрист. Беш аз 135 филми ҳунарию мустанади миллиро, ки дар солҳои гуногун дар киностудияи «Тоҷикфилм» бо лисони русӣ таҳия гардида буд, ба забони тоҷикӣ бозгардон намуд, ки хидмати арзандаест дар самти барангехтани эҳсоси худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Ҳине, ки заҳматашро бо Ифтихорномаи хукуматӣ қадр карданд, ӯ шукуфту болид, аммо чун аз аспи вазифа яке пиёда шуд, хуни сиёвушиаш ба ҷӯш наомаду нанолид. Дар ин авзоъ боз ҳам давопанди кампири масалгӯи кӯҳистоние «Бозӣ ашканак дорад, сар шикастанак дорад» ба дардаш хӯрд ва ҳам «Баъд аз сари ман чӣ дарё, чӣ сароб», нагуфт. Ба роҳбари нави идора қасди мададу ёрӣ кард, на к? ??????и оҳанги кинатузию халал. Аммо, баъд аз ӯ тадриҷан забондонию хушхонӣ рӯ ба хорӣ ниҳод, чаро ки тарҷумаҳои таҳтуллафз боло гирифту риояи ҳусни забону ҳифзи фасоҳати он коҳиш хӯрд.
Дар ҳама кор муваффақ ҳам ки буд, неши нохуни бефарзандӣ қалби ӯро бештар аз 7 сари сол харошид. Ин доғе буд, ки заҳру зуқумашро то бас гуфтан чашид.
- Ин ҳама сол Ҳайдаршоҳ ҳич гоҳ гумонаи дилвопасӣ ба сутурвании ман надошт ва миёни мо боре бад-ин баҳона кашу вокаши хонаводагӣ барнахост. Баръакс ӯ бо лутфи сухан маро таскин медоду тасалло ки: «Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр». Вале, мешавад, ки ғам нахӯрд? Беш аз ҳама ҳарфҳои ҳикматомези хушдомани хушбоварам кампири Ситора ва ривоятҳои модари фасонатирозам аз сарнавишти навбаюгҳои ба масал «шерзо» маро итминон медоду мадор то дар ин доши дуоташа сӯхтаю фусурда нашавам, - ба ёд меовард он рӯзгорро ӯ.
Фарзанди сарнухсин дар ин хонавода соли 1996 чун чашм кушуд, ӯ пофишору позер исрор мекарду қиста, ки дигарон, то Ситорааш биноманд. Шарори чашмакони Ситораи фаррухпай чароғи хонаводаро рӯшан кард, ки баъдобаъд аз гиряи ду навзоди дигар дилшон об хӯрд. Ҳолиё Ситора пас аз хатми Коллеҷи рассомии ба номи Валимад Одинаеви шаҳри Душанбе ба дару дуди худ асту бархӯрдор аз як тифлаки ширбӯи нозанин. Фарида ҳамчу донишҷӯи пешқадами Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ба қасди тамдиди таҳсил дар риштаи забони хитоӣ ба кишвари Чин омодаи азимат аст. Ҳабибшоҳ бошад, хонандаи дабистон бувад.
Дилхоҳ Сиярова ҳолиё ба ҳайси мудири шуъбаи филмҳои миллии МД ТВ «Симо», ки сарвариашро коргардони ҷавҳаршинос Набӣ Набизод бар дӯш дорад, ифои вазифа мекунад. Рӯзе савори автомашинаи мусофирбари тамғаи «Старекс» ба кор мерафт. Мошинкаш гӯш ба мавъизаи кадом як муллое фаро ниҳода, ба дурусту сари вақт истод додани нақлиёташ беэътиноӣ менамуд, аммо касе лаб ба накуҳиш намекушуд. Дилхоҳ бо ӯ сари даъво хест, то вазифаашро бехалал анҷом диҳад. Ронанда лаб ба киноя олуду гуфт: «Ҳайфо, ки ҳанӯз аз мусулмонӣ дурем».
- Бародар, дар ин мошин аз мусулмонӣ бехабар як нафар ҳам, ки бошад, он туӣ. Вагарна ба бӯи судҷӯӣ дар нишастгоҳи секаса 4 мусофир бор намекардию модарону хоҳарони худро дар бағали мардони бегона намеандохтӣ…
Аз суҳбати ҷонпарвар бо ӯ дарёфтам, ки ҷуз ба ростгӯӣ, ростҷӯӣ, ростпӯӣ раҳ набурдаасту раҳ нахоҳад бурд.
Холмаҳмад МАВЛОН