- Хурд будам. Дар ёд надорам, ки он замон дар синфи чандум таҳсил мекардам. Рӯзе назди модарам, ки зане буд чирадаст дар ҳунари зардӯзиву кашидадӯзӣ ва чеварӣ, чашм дӯхтам ба рафти кораш. Ногаҳон дар дилам шуълаи умед дамиду меҳр бастам ба ҳунар. Ҳар замоне, ки модарам даст ба кор мешуд, банда низ порчаи колоеро гирифта, бо зеҳни кӯдаконаи худ куртачае омода мекардам,-шурӯъ намуд суҳбати хешро Рокия Кароматова.
Воқеан ҳам, хонаи бонуи ҳунар билкул аз дигар зистгоҳҳои маҳаллӣ тафовут дошт. Бинои боҳашамат нест, вале дохили он чунон зебу зиннат ёфтааст, ки касро болидарӯҳ мегардонад. Дар девори хона сӯзаниву давриҳои қуроқӣ овезон гардида, тамоми ҷиҳози он бо тарзи миллӣ орову торо ёфтааст, ки ҳама маҳсули дастони худи ӯст.
Давраҳои пеш барои зан маъно омӯхтани зардӯзиву кашидадӯзӣ ва чеварӣ басо муҳим ва зарурӣ ҳисобида мешуд. Модарам дар баробари ин ҳунарҳо, болишти қуроқӣ, чодар, кӯрпача, рӯпӯши чойнак, сарпӯш ва афзори асп медӯхт,-ёд овард аз он овон холаи Рокия. -Пас аз омода намудани абзорҳо, пораҳои матоъ боқӣ мемонданд. Дар он айём ба ҷуз болишти қуроқӣ дигар намуди либосҳои қуроқӣ кам омода мегардиданд ва ман назди худ мақсад гузоштам, то аз пораҳои боқимондаи матоъ либоси занонаи қуроқӣ таҳия созам. Шурӯъ намудам ба дӯхтани пероҳани занонаи қуроқӣ,- гуфт дар идомаи суҳбат ҳунарманд.
Он замон ӯ толибаи мактаб буд. Бо вуҷуди ин, боқимондаҳои матоъро бо ҳам пайваст намуда, аз он бо диди хеш абзореро омода мекард. Аввалин ҳунараш қуроқдӯзӣ буд. Чун дид, ки рангорангии пораҳои матоъ ба ҳунараш зебу зиннати дигар меафзояд, рафт ба дунёи пешоварӣ. Ӯ дар баробари таҳсил дар мактаб, ҳамчунин, корҳои хоҷагии қишлоқро низ ба сомон мерасонду шабона ба омӯхтани ҳунарҳои дигар рӯ мениҳод. Ба ҳамин минвол, ҳар шаб як ҳунари модарро аз худ менамуд. Баробари хатми мактаб, Рокия аллакай аз уҳдаи омода намудани ҳама намуди ҳунарҳо ба хубӣ мебаромад.
Ҳунарҳои омӯхтааш дар зиндагӣ дастёру ёрирасонаш гардиданд. Чун издивоҷ намуду манзили зисташ иваз шуд, ҳунараш кор дод. Одатан, мардуми деҳ бештар ба кишту кор рӯ меоранд. Холаи Рокияро дасту вақташ ба кори саҳро ҳам мерасиду ба гулдӯзиву зардӯзӣ ва қуроқдӯзӣ ҳам. Маҳсули дастонашро мефурӯхт ва бо маблағи он ба хонадони шавҳар мадад мерасонд.
Соли 1992 вазъи ҷумҳурӣ ноором буд, вале Рокияи нотарсу ҷасур ҳуҷҷатҳояшро ба курси шашмоҳаи муҳосибӣ супурд ва пас аз ба итмом расондани он, фаъолияташро дар ин соҳа оғоз намуд. Болои кори саҳрову ҳунармандӣ боз як заҳмати дигар зам гардид, вале Рокия аз сахтии кор ва заҳматҳои шабонарӯзӣ ҳарос надошт. Ҳамоно кӯшиш ба харҷ медод, то ёрирасони шавҳар гардаду барои беҳбудии зиндагии хонавода саҳим бошад.
- Рӯзона кори давлатро ба анҷом расонда, зуд ба хона шитоб мекардам, то корҳои хонаро ба сомон расонам. Бегоҳирӯзӣ ба коштану парвариши зироати полизӣ дар замини наздиҳавлигӣ машғул мешудам. Ва шаб баъд аз хоб кардани фарзандон, рӯ меовардам ба таҳияи болиштҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзиву зардӯзӣ. Мебоист, дар як муддати кӯтоҳ фармоиши харидоронро иҷро мекардам. Дар як шаб 3 ё 4 соат хоб мерафтам, - изҳор намуд холаи Рокия.
Заҳматҳои шабонарӯзӣ кашидааш барабас нарафтанд. Маҳз, бедорхобиҳояш буд, ки имрӯз ин бонуи ҳунар дар тамоми намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳиявӣ маҳсули дастони хешро ба маъраз мегузорад. Дар ин росто, ҳунарашро ба фарзандону келинҳо ва наберагонаш низ омӯхт.
- Дар як фестивали ҷумҳуриявӣ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе иштирок доштам. Наздам муштариёни зиёде омада, абзорҳои миллиро тамошо мекарданд ва арзиши онҳоро пурсон мешуданд. Ногаҳон як бонуи хушандоми чеҳрахандон омада, куртаи чакани миллиеро хост харидорӣ намояд. Мутаассифона, аз он танҳо як адад монда буд, фурӯшашро рад намудам. Вале, ба неву нестони ман нигоҳ накарда, он зан ҳамоно арзиши куртаро боло мебурд ва дар ниҳоят онро 100 доллари америкоӣ баҳо дод. Аммо, рад кардам. қавл дода будам, ки то анҷоми намоишгоҳ маҳсули дастонамро ба фурӯш намегузорам, - ба ёд овард лаҳзаеро аз зиндагиаш ҳунарманд.
Рокия Кароматоваро умраш ба 62 расида бошад ҳам, то ҳанӯз аз ҳунармандӣ дил канданӣ нест. Айни ҳол ӯ бештар куртаи занонаи чакану қуроқӣ ва чодар барои арӯсон омода менамояд. Дар суҳбат маълум гардид, ки ба дӯхтани чодаре машғул асту дар зудтарин фурсат бояд онро омода кунад. Аз ӯ сирру асрори чодардӯзиро пурсон шудем.
- Ҳар як ҳунар рамзу рози хешро дорад ва чодардӯзӣ низ. Чодарро бештар барои гуларӯсон омода менамоянд. Пеш аз он ки ба дӯхтан шурӯъ менамоӣ, бояд дили пок ва нияти нек дошта бошӣ, то навхонадорон хушбахту хуштахт гарданд. Барои омода намудани як чодар фаразан 4 рӯз лозим меояд, - мегӯяд холаи Рокия.
Бо вуҷуди серташвиш будан, ҳамоно рисолати модариашро ба сомон расонда, 8 фарзанд: 6 писару 2 духтарро бузург намудааст. Келину наберагон пайрави касби ӯ буда, зиндагиашонро аз ҳисоби даромади ҳунармандӣ пеш мебаранд. Рокия Кароматова аз он хушҳол аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандонро қадр карда, соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд.
Шаҳдрезаи РАҲмон,
ноҳияи Муъминобод