Роҳбари сахтгир ва дар навбати худ меҳрубон аст, - гуфт омӯзгор Баҳринисо Алиева.
- Аз ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ ва ҳақпӯии муаллима хушам меояд, - меафзояд омӯзгор Гулрафтор Солеҳова.
- Муаллимаи мо берун аз дарс низ ба мо машғулиятҳои иловагӣ мегузаронад. Ҳамчун шогирд иқрор меоям, ки ҳар дарси муаллима то ҷое ҷолибу ҷозиб аст, ки намехоҳем танаффус шавад, - ҳароратангез ҳарф мезанад хонандаи синфи 8 Моҳҷабин Каримова. Дар ҳамин ҳол хонандаи дигар Саёҳатхон Мамадсаидова муаллимаро модари хеш хонду афзуд: - Вақте ки ба озмун меравем, ӯ раҳнамои мост. Бо ҳамин бардоштҳо майли суҳбат бо ӯ бинмудам.
Суҳбатро ба қавле оғоз буду анҷом не. Чаро ки гуфтугӯи ҷонпарваре доштем. Ҳақ ба ҷониб будааст Моҳҷабин. Сабоҳат чунон бо забони шевою ширини адабӣ гап мезад, ки гумон мекунӣ дар назди як олима, шоира ё файласуфе қарор дорӣ. Ҳар сухану андешаҳояшро бо шеър, гуфтори бузургон тақвият мебахшад. Оҳиста –оҳиста аз тамоми бурду бохташ ҳамчун омӯзгору роҳбар рӯшод қисса кард.
- Ифтихорам аз пешаи омӯзгорист. 22 сол ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёт дар ҳамин литсей заҳмат кашидам. На аз директории литсей, бештар аз омӯзгор буданам фахр мекунам. Зеро директорӣ вазифа буваду омӯзгорӣ рисолат. Садҳо шогирдонро сабақ омӯхтему ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудем. Ҳоло се нафар шогирд Минҳоҷ Аҳмадов, Дилбар Олимова ва Моҳира Ғиёсова омӯзгори ҳамин литсей мебошанд, - гуфт ӯ.
Шогирдони қобили муаллима бисёранд. Аз ҳалқаи синфе, ки 6 сол пеш роҳбараш буд, ба донишгоҳи тиббӣ Эраҷ Каримов, Эмомалӣ Саидхонов, Фозил Сафаров, Эҳсон Гулов, Афзалшоҳ Ғоибов, Ҷаҳонгир Раҳматов дохил шудаанд. Ду нафари дигар - Аниса Искандарова ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Сабрина Ойева ба Донишкадаи рассомӣ ва дизайнерӣ дохил шуда буданд. Шогирди қобили дигари муаллима Амирҳамза Қодиров соли 2014 дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби медали биринҷӣ гашт. Ҳоло соли сеюм аст, ки вай дар факултаи арабӣ – англисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил дорад.
- Як нафар хонандаи литсей гирандаи идрорпулии президентӣ ва се кас барандаи стипендияи раиси ноҳия мебошанд. Хонандаи синфи 11 Саёҳат Мамадсаидова соли 2016 хонандаи беҳтарини сол дар вилояти Хатлон эътироф гардид. Феълан дар синфҳои 5 - 8 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯям. Кӯшиш мекунам, то дарсҳо самимӣ ва хотирмон гузаранд. Ғазалҳоро доимо бо оҳанг мехонем, то тезтар дар зеҳни хонанда ҳифз шаванд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Дар литсей таҳти роҳбарии муаллима 430 хонанда таҳсил мекунад. Дар тӯли 4 соли сарварии Сабоҳатхон Каримова хонандагони литсей соҳиби 32 ҷойи ифтихорӣ дар вилоят ва 5 мақоми баланд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои география, химия, биология гаштаанд. Ҳамасола 93–95 % хонандагони ин даргоҳ тибқи ММТ дар хориҷи кишвар ва дар ҷумҳурӣ ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд. Дар литсей 28 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғул аст. Аз шумораи омӯзгорон Абдулхайр Олимзода – муаллими математика ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони баланди Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор гашт. Нуҳ нафари дигар ба дарёфти унвони Аълочии маорифи ҷумҳурӣ. Раҷабалӣ Шарифов - муаллими забони русӣ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Китобу дастурҳои методии ӯро доир ба экология «Об ва пешомадҳои он дар сайёра» ва дастури таълимӣ-тарбиявӣ «Тарбияи фарзанд –кори аҳли башар» Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ интишор додааст. Зиёда аз 20 дастурҳои методиро аз фанҳои математика, физика, химия, биология, забони русӣ омӯзгорони литсей ба нашр расондаанд. Соли 2003 омӯзгори муассиса Кароматулло Каримов сазовори унвони баланди «Муаллими сол» дар миқёси ҷумҳурӣ гашт. Ин ҳама дастовардҳоро самараи роҳбарии дурусту оқилонаи Сабоҳат Каримова метавон шумурд.
- Вазифаҳои бузургу сангинеро бар дӯш дорам, зан-роҳбар, зан-вакил, зан–роҳбари Шӯрои директорон, зан-ҳамсар, зан- модар, зан-омӯзгор, зан-ҳамсоя, дугона ва ғайраю ҳоказо. Ва ҳамаи инҳо масъулиятанд, - иқрор меояд муаллима бо таъкиди нуктаҳои раҳомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иртибот.
Вақте ки асари «Ёддоштҳо» - и устод С. Айниро мехонам, маро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Нависандаи бузурги мо он қадар ранҷу азобҳо кашид, вале боре дар зиндагӣ сар хам накард. Ин асарро гаштаю баргашта мехонаму дар назди ин марди бузург сари таъзим фуруд меоварам. Аз ӯ фурӯтанию хоксорӣ, сабру таҳаммулу шикебоиро омӯхтаам, - иброз дошт муаллима.
Лаҳзаҳои хотирмон дар ҳаёти инсонҳои муваффақ хеле зиёданд ва ғолибан ибратомӯзанд. Дар синфи 8-ум маро аз деҳа ба маркази ноҳия баҳри идомаи таҳсил оварданд. Муаллима Зина Алиназарова аз достони Расул Ҳамзатов «Доғистони ман» порчаеро нақл кард. Ин қиссаи рассоме буд, ки ба хориҷа рафта забонашро аз ёд бурдааст. Аз ин қисса сахт мутаассир гардидаму аз чашмонам ашк рехт. Ин лаҳза ёдномаи ҷовидонаи ман аст. Ҳидояти модарам буду таъсири ҳамин дарс, ки муаллима шудам.
- Лаҳзаи дигари хотирмон дур аз Ватан -дар Ҷумҳурии Беларус ба вуқӯъ пайваст. Рӯзҳои 1–10-уми октябри соли 2014 дар ҳайати гурӯҳи вакилони Анҷумани 3-юми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи ИДМ ба Беларус азимат намудем. Зимни ғизои нимарӯзӣ собиқ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода эълом доштанд, ки намояндаи Тоҷикистон Сабоҳат Каримова шеъре аз ашъори Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои шумо қироат мекунад. Ин бароям ғайричашмдошт буд, вале худро ба даст гирифтам. Назди баландгӯяк омадаму гуфтам: «Ман шеър намехонам» ва лаҳзае таваққуф кардам. Баъдан гуфтам: «Мехоҳам аз ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ барои шумо шеър нею суруде бихонам. Суруди машҳури «Бихандад лола бар саҳро» - ро сароидам. Ҳама то охир сурудро гӯш карданд. Овози қарсаки пурғулғула маро ба худ овард. Дар ҳалқаи иштирокдорони маҳфил афтодам. Онҳо бо ман акси хотира гирифтанд. Лаҳзае ман ситора шуда будам. Сафири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов ба наздам омада, дастамро фишурда ташаккур гуфт. Дар ҳамон лаҳзаҳо маро ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз халқу давлатам, таъриху адабиётам, Президенту кишвари азизам Тоҷикистон фаро гирифта буд,- авроқи зиндагиашро пеши мо варақгардон кард Сабоҳатбону.
Идеали ӯ дар зиндагӣ модараш аст.
- Модари ман Аноргул Олимова занест заминӣ, хубсурату хушмуомила, бо ақлу соҳибидрок. Даҳ фарзандро ба воя расондаю дар замони шӯравӣ унвони «Қаҳрамонмодар»-ро гирифтааст. Суханонаш доимо панду насиҳатомез садо медиҳанд, ягон гапро бе мақолу зарбулмасал намезанад. Мо - фарзандонро доимо насиҳат мекунад, ки баҳри ҷамъият манфиатбахш бошед. Барои давлату миллат хизмати холисона кунед, соҳибобрӯ мешавед. Модарам як дуои ҳамешагӣ дорад: «Поянда боду бегазанд, Тоҷикистон ва Пешвои хирадсолори мардум Эмомалӣ Раҳмон!».
Зоя МУЛКАМОНОВА,
ноҳияи Ёвон