Номгузорӣ ба фарзанд рӯйдодест, ки дар ҳаёти хонавода муҳим арзёбӣ мегардад. Вале, баъзан ба ин масъала саҳл менигаранд, дар ҳоле ки он бозгӯ аз арҷгузорӣ ба забони модарӣ, таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи арзишҳо ва асолати миллист. То қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки ду сол қабл ба тасвиб расида буд, дар номгузории фарзандон баъзан ба иштибоҳ роҳ дода мешуд.
- Баъд аз пешниҳод кардани «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба аҳолии кишвар ва мақомоти САҲШ теъдоди исмҳои зебою дилчаспи тоҷикона дар байни аҳолии кишвар рӯ ба афзоиш ниҳод. Фаъолияти ин мақомот оид ба номгузории миллӣ низ тибқи қарори мазкур ба роҳ монда шуд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам бархе баъд аз тамошои филмҳои хориҷӣ ба фарзандони худ мехоҳанд номҳои ғайритоҷикиро нисбат диҳанд, хусусан номҳои туркиро, - мегӯяд Мавҷигул Давлатшоева, мудири бахши экспертизаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Аризаи шаҳрвандон, ки дар ин маврид ба унвонии кумита ирсол намудаанд, хеле зиёд аст. Дар бештари онҳо мардум талаб месозанд, ки исми «Ясмина»-ро барои номгузорӣ ба фарзанд иҷозат бидиҳанд, зеро мақомоти САҲШ онро рад кардааст. Барои чӣ? Зеро дар забони тоҷикӣ он «Ёсуман» асту аз забони мо ба забонҳои русиву туркӣ раҳ ёфта, дар шакли тағйирхӯрда боз ба забони мо омадааст, ки боиси таассуф мебошад. «Чаро «Яшмина» дар феҳрист омадаасту «Ясмина» не?»- мегӯянд бархе. Зеро «яшм» мафҳуми тоҷикисту маънияш санги гаронбаҳо мебошад, - иброз намуд М.Давлатшоева.
- То ин дам ман номи Ясминаро тоҷикӣ мепиндоштам, вале баъди ҷавоби рад гирифтан аз мақомоти САҲШ ба маънии он таваҷҷуҳ кардам, мутаассир гаштам, ки чаро мо бештар ба зебоиву равонии он дил мебандему ба маънӣ ва решаи таърихии калима мутаваҷҷеҳ намешавем? Баъдан ба фарзандам номи Ёсуманро раво шумурдам, - мегӯяд Мадина Холзода, сокини шаҳри Душанбе.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» танҳо миллату халқияти дигар, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, иҷозат доранд, то мувофиқи номгузории суннатии хеш ба фарзанд ном ниҳанд, вале танҳо бо риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.
Бо вуҷуди ин наметавон гуфт, ки номҳои ғайритоҷикӣ пурра аз феҳрист истисно гардидаанд. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», азбаски исмҳои арабӣ, пешвандгунаҳою пасвандгунаҳо ва пасвандҳои номсози арабию туркӣ, ки дар суннати номгузории тоҷикон собиқаи беш аз ҳазорсола доранд, аз мадди назар дур нашудаанд. Дар таърихи номгузории тоҷикӣ наздики ҳазор сол боз мардум аз пасвандҳои –бег, -бегим, -хотун, -хоним, -хонум, -хон, -ҷон ва ғайра истифода мебаранд. Аз ин рӯ, дар баъзе номҳо бо мақсади фарқ кардани ҷинсият пасвандҳои мазкур истифода мешаванд.
Дар маҷмӯъ мураттибони «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тавсия медиҳанд, ки ҳангоми номгузорӣ ба фарзанд аз гузоштани номҳои душворталаффуз ва мураккаб, ки оқибат ба ихтисоршавӣ дучор меоянд, даст кашанд. Ҳамчунин, аз гузоштани номҳои дорои маъниҳои зишту номуносиб ба кӯдак мебояд худдорӣ кард. Гузоштани номҳои зебою хушоҳанг ва сода муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, барои интихоби номҳои миллӣ дар қонуни мазкур меъёрҳо муқаррар гардидаанд, аз он ҷумла, номҳое, ки аз вожаҳои ифодакунандаи ранг, ҳайвонот (ба истиснои шер, ки ифодакунандаи далериву мардонагӣ аст), бархе аз сабзавоту меваҷот, ашёи рӯзгору масолеҳ ва мисли инҳо гирифта шудаанд, ба феҳрист ворид нагардидаанд.
- Тасаввур кунед, ки номи кӯдак Зардолу аст. Ба ин монанд номҳоро дар минтақаҳои гуногуни кишвар метавон вохӯрд. Кӯдак бо чунин ном мавриди тамасхуру истеҳзои ҳамсолон ва атрофиён қарор мегирад ва дар вай ҳисси одамгурезӣ, зудранҷӣ, кинаву адоват ба атрофиён ва махсусан ба волидайн пайдо мегардад. Равонпизишкони Амрико дар як тадқиқоти хеш ба хулоса омадаанд, ки шахсони дорои номҳои ғалатӣ назар ба дигарон чаҳор маротиба зиёдтар ба навъҳои гуногуни мушкилоти равонӣ дучор меоянд, - гуфт равоншинос Шокирҷон Маҳмудов.
- Аксарияти мардум нигарон аз онанд, ки чаро имрӯз онҳо наметавонанд номи гузаштагони худро ба фарзандон гузоранд? Мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида аввалан ба маънии номҳо мебояд таваҷҷуҳ кард. Масалан, баҳс дар мавриди гузоштани номҳои «Роҳила» ва «Осия» хеле зиёд аст. «Роҳил» дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънии вафотёфта, даргузашта, реҳлаткарда ва тӯшаи роҳ омадааст. «Осӣ» ба маънии гунаҳкор ва нофармон дарҷ гардидааст. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки пеш аз номгузорӣ ба фарзанд волидайн ба маънии луғавии он диққат диҳанду номҳои зебои тоҷиконаро интихоб созанд, - иброз намуд М.Давлатшоева.
Дар ин радиф, ба шакли дурусти номгузорӣ мебояд таваҷҷуҳ кард. Тайи даҳсолаҳо номҳои «Абдулғаффор», «Абдулмаҷид» ва амсоли инҳо бидуни ҳарфи «л» навишта мешуданд, ки тибқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ғалат мебошанд. Ҳамчунин, номҳое, ки аз исми пайғамбар ташаккул ёфта, дар тӯли таърих ба ихтисор дучор шуда, дар шакли ма, мат, мад, мамад ва маҳмад корбурд шудаанд, ба феҳрист дар шакли пурра ворид гардидаанд: Мадвалӣ – Муҳаммадвалӣ, Нормат – Нормуҳаммад, Маниёз – Муҳаммадниёз, Шоҳмат – Шоҳмуҳаммад, Маҳмадҷон – Муҳаммадҷон ва ғайра. Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба номи шахс илова намудани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «хӯҷа», «валӣ», «охун», «амир», «сӯфӣ» ва амсоли инҳо, ки боиси тафриқаандозӣ миёни одамон мегардад, мамнӯъ мебошад, ба мисли Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, Шоҳ Абдуллохон, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Сайид Носири Хусрав ва дигар. Вале, чун ном ва ҷузъи номсоз истифода шудани калимаҳои мазкур манъ нагардидааст: Муллоҳасан, Саидхоҷа, Амиршоҳ, Шоҳдавлат ва амсоли инҳо.
- Феҳрист наметавонад пурра фарогири номҳои тоҷикона бошад. Агар нафаре ба фарзанд номи зебои тоҷиконае гузоштанӣ шаваду он дар феҳрист дарҷ нагардида бошад, метавонад ба Кумитаи забон ва истилоҳот муроҷиат намояд ва ё тариқи аризаи электронӣ ба сомонаи мо ирсол созад. Дар натиҷаи хулосаи комиссия, агар он ном ба суннатҳои номгузории миллӣ мувофиқат кунад, ба шахс иҷозат дода мешавад. Дар банди 3-юми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» омадааст, ки номҳои тозаэҷоде, ки ба суннати номгузорӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ мувофиқанд, вале дар феҳрист ворид нагардиданд, дар асоси хулосаи комиссияи назди Кумитаи забон ва истилоҳот мавриди истифода қарор дода мешаванд ва ба феҳрист замима мегарданд, - иброз дошт Саодатшоҳ Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.
Мушкилӣ дар он аст, ки бо ворид намудани номҳои тозаэҷод ҳамасола феҳрист бояд аз нав таҳия ва чоп гардад. Мутаассифона, дар сомонаи ин ниҳод танҳо намунаи феҳрист оварда шудаасту шакли пурраи он дарҷ нагардидааст. Ба гуфтаи С.Матробиён, «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки 25 сомонӣ арзиш дорад, дар мағозаҳо ба фурӯш бароварда нашудаасту онро танҳо аз кумита метавон дастрас кард. Вобаста ба талаботу дархости мардум китоби «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» дар ду ҷилд таҳия гардидааст, ки рӯзҳои наздик пешкаши хонанда мегардад. Сокинони навоҳии дурдаст метавонанд аризаҳои электронии худро ба сомонаи ин ниҳод www.kumitaizabon.tj ирсол созанд, ки он ба телефони ҳамроҳ мутобиқ кунонда шудаасту кормандони масъули он ба он иқроранд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин ба онҳо посух хоҳанд гуфт.
Ситора АШӮРОВА