- Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 17 корманд фаъолият мебарад, ки танҳо 10 нафари онҳо мутахассиси ин соҳа мебошанд. 10 нафар наметавонад навиштаҳои шиору овезаҳои тамоми мамлакатро назорат намояд, ҳарчанд баъзан рейдҳо мегузаронему ба мақомоти гуногун меравем. - мегӯяд Саодатшо Матробиён, муовири раиси кумитаи мазкур.
Бино ба иттилои ӯ, баъди гузаронидани санҷишҳои зиёд масъулини Кумита ба Рекламаи берунии шаҳр муроҷиат намудаанд, зеро шиору овезаҳо ва рекламаҳои шаҳрро ин ниҳод насб менамояд ва масъулияти дурустии навиштаҳои онҳо низ бар дӯши онҳост. Дар натиҷа ба қароре омаданд, ки пеш аз овехтани ин лавҳаҳо ҳатман ба Кумитаи забон ва истилоҳот муроҷиат карда, хулосаи онҳоро дастрас намоянд.
– Худи кормандони Рекламаи берунии шаҳр ба Кумитаи мо муроҷиат менамоянду хулосаи комиссияи моро мегиранд. Ин то ҳадде роҳи ҳалли худро ёфтааст. Кадом рекламае, ки аз ҷониби Рекламаи берунии шаҳр овехта мешаванд, боварӣ дорам, ки ғалат надорад ва ҳатто калимаҳои ғайритоҷикӣ ҳам дар онҳо нестанд. Мутаассифона, баъзан ҳастанд овезаҳое, ки бе розигии рекламаи берунии шаҳр худсарона дар ҳар ҷойи дилхоҳ насб шудаанд, ки маҳз ҳамонҳо бо ғалатҳои дурушт навишта мешаванд, - иброз дошт С.Матробиён.
Мувофиқи иттилои манбаъ, дар тамоми мақомоти кишвар комиссияҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҳастанд, ки назорати иҷрои қонуни мазкур бар дӯши онҳост. Раиси комиссияи татбики ин қонун бевосита роҳбарони аввал ҳастанд, ки ин масъулият низ бевосита ба онҳо рабт дорад.
- Ғайр аз ин, худи мардум, ки соҳибзабон ҳастанд, ба чунин ғалатҳои дурушти имлоӣ бояд ҳамеша диққат диҳанд ва аз рӯи имкон, акси онро бо суроғааш гирифта, ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод намоянд. Дар сомонаи кумита бахши алоҳидае мавҷуд аст, ки муроҷиати шаҳрвандон ном дорад. Мо ҳатман ин масъаларо дида мебароем ва ҳамеша омодаем, бо мардум ҳамкорӣ намоем, - ибрози андеша намуд дар интиҳои суҳбат Саодатшоҳ Матробиён.
Ситора Ашӯрова