Иттифоқ афтодани баргузории намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ноҳия дар ин рӯзҳо равзанаи тоза дар шинохти фарҳанги куҳанбунёди миллат бори дигар итминон дод моро, ки ҳанӯз урфу одат ва ҳунарҳои қадимии ин мардум мероси мондагоранд. Ҳамчунин, ба соли 2018 унвон гузоштани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки чун нуктаи авҷи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, шаҳодати муътамад аз он аст, ки Ватани маҳбуби мо дар баробари табиати афсункунандааш мардумонаш низ дорои ҳунарҳои нотакроранд. Ин тадбир аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ободии мамлакат ва эҳёи ҳунарҳои қадимааш дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат соҳиби мавқеи чашмгиру устувор ва маншаи эътимод ҳастанду мондагоранд. Чунин дидгоҳҳои созандаву бунёдкор дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар ҷараёни таҳкими аркони Ваҳдати миллӣ диде ояндабин эҷод намуда. Ин ибтикор, ин андеша подоши кӯшишҳои пайваставу огоҳона, талошҳои бомаврид, афкори ваҳдатофаранда ва эҳсоси доманадори инсондӯстиву меҳанпарастии мардуми кишвари мост. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҳар иқдоми саодатофаранда, ҳар як дастоварди рӯзгор ва умуман фатҳи зинаҳои комгорӣ бе тардид падидаи навбатиест, ки дар партави мунаввари таассурот ва тараннуми соҳибистиқлолии комил ба зуҳур мерасад. Зеро тулӯи офтоби Истиқлолияти давлатӣ авҷи давлатдорӣ, зуҳури андешаи муқаддаси миллӣ ё санъати баланду мондагори ватандории тоҷикон аст.
Маҳз ба шарофати Истиқлолият маҷмаа ва осорхонаи шоири шаҳир Нақибхони Туғрал дар ноҳияи Айнӣ бунёд ёфт ва имрӯз макони зебое барои сайёҳон гардидааст. Соли равон барои ин ноҳия бисёр соли бобаракат омад, зеро: қасри фарҳанги ноҳия барои 400 ҷои нишаст бунёд ёфт. Роҳи Айнӣ-Панҷакент бо иштироки Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд, ки солҳои дароз мардумро мушкил пеш меовард. Аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и ноҳия ва созмонҳои байналмилалӣ 6 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки пурра ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад. Як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Насим Солеҳов бунёд гардид. Дар беморхонаи марказии ноҳия шуъбаҳои ҷарроҳӣ, касалиҳои сирояткунанда ва таваллудхона аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар минтақаҳои сайёҳӣ ва деҳаҳои дурдасти ноҳия 8 бунгоҳи тиббӣ ба хидмати мардуми таҳҷоӣ ва сайёҳон пардохт. Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 3 варзишгоҳи зимистона ва 6 варзишгоҳи тобистона мавриди баҳрабардӣ қарор гирифтанд, ки барои солимии ҷавонон бисёр муфид ва зарур мебошанд. Дар деҳаҳои дурдасти ноҳия 12 пул сохта шуд, 60 км роҳи байни деҳаҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мумфарш гардид. Бисёр хурсандибахш аст, ки пешниҳоди хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари мавзӯи обод кардани макони зист мардуми ноҳия дуруст дарк карда, пайи амалӣ карданаш афтоданд. сокинони сахипеша маблағи пасандози худро барои ҳалли мушкилоти деҳот: аз қабили роҳкушоӣ, бунёди макони фароғатию истироҳатӣ, таъмири роҳ ва пулҳо, хариди дастгоҳҳои барқию обкашӣ, пай афкандани синфхонаҳо ва китобхонаҳо, ёрӣ ба маъюбону барҷомондагон ва ғайра масраф менамоянд.
Ноҳияи Айнӣ яке аз мавзеъҳои истироҳатию сайёҳии маҷзубтарин дар кишвар маҳсуб меёбад. Зеро дар ин ноҳия аз обистонҳои зеботарини кишвар – Искандаркӯл, кӯли Аловаддин ва аз ёдгориҳои таърихӣ оромгоҳи Нақибхони Туғрал, Шамси Табрезӣ, Абулқосими Гургонӣ, Хоҷа Исҳоқи Валӣ, Қалъаи Сарвода, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Меҳроб, Хати Лангар, Муҳаммадхатиб Аловуддини Балогардон ва манораҳо дар деҳаҳои Варз, Рарз, Фатмев мавҷуд мебошанд.
Сайри Искандаркӯл
сафари мо пас аз маркази ноҳия ва осорхонаи Нақибхони Туғрал ба Искандаркӯл рост омад. Сайёҳон аз кишварҳои гуногун ба ин мавзеъ маҳз барои тамошои Искандаркӯл меоянд. Шароити хубе барои сайёҳон фароҳам аст ва ронандаҳо бо одоби баланди тоҷикона меҳмононро ба сайру саёҳат мебаранд. Сайёҳии кӯҳсор ҳанӯз дар охири солҳои 60-ум ва аввали ҳафтодуми асри гузашта дар Тоҷикистон, бахусус дар кӯҳҳои зебоманзари Фон, шуҳрати ҷаҳониро касб карда будааст. Хатсайрҳои душворгузари дараҷоти гуногуни қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор намуди дигари сайёҳии шадид, навъҳои кӯҳнавардӣ (алпинизм), шахнавардӣ (скалолаз) – ро ривоҷ додаанд, дар мавзеи кӯҳи Пиндари деҳаи Марғеби водии Яғноб кӯҳи Чимтарға бо баландтарин қуллааш, ки 5489 метр аз сатҳи баҳр аст, диққати ҳазорон кӯҳу шахнавардонро то имрӯз ба худ ҷалб менамояд.
Ҳанӯз соли 1937 як гурӯҳ таҳти роҳбарии А.Мухин қуллаи Ғазнаи калон, баландиаш 5306 метр ва баъдтар қуллаи Чимтарғаро фатҳ намудаанд. То аввали солҳои 90-ум дар мавзеи Маслиҳаттеппа аз тарафи кӯли Искандар, мавзеи Заминқарори кӯҳи Пиндари водии Яғноб ва кӯли Аловуддин қароргоҳи кӯҳнавардону шахнавардон амал мекард.
Ҳар сол садҳо дӯстдорони кӯҳбароӣ ин ҷо ташриф меоварданд. Беҳуда кӯҳнавардон ин гӯшаи зебои Ватани моро «Алпинистический рай», (Биҳишти кӯҳнавардон) ном нагузоштаанд. Дар як гӯшаи зебоманзари кӯҳҳои Фон дар баландии 2176 метр кӯли Искандар ҷойгир шудааст ва аз соли 1962 пойгоҳи сайёҳӣ, ки ҳоло ба шарофати соҳибихтиёрӣ хело ободу зебо гаштааст, сайёҳонро аз тамоми гӯшаву канори дунё қабул менамояд. Бино ба маълумоти дастрасшуда, паҳноии Искандаркӯл 3,5 км, умқаш 71,7 метр буда, ғунҷоиши обаш 172 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Ба зебоии Искандаркӯл кӯҳҳои Чулбоӣ, Истерех, Дукдон, Қирқ шайтон (чил шайтон), Ғазнаи Калон ҳусни хосса бахшида, бинандаро мафтун мекунанд. Дарёча ва дараҳои Ҳазормеш, Саридевор, Сарима ва Панҷчашма ба обанбори Искандаркӯл ҷорӣ шуда, аз он як рӯдхона бо номи Искандардарё сӯи Зарафшон ҷорист. Тахмин 1 км поёни кӯли Искандар шар-шараи пурталоши 24 метра ҷои тамошои сайёҳон, кӯҳнавардон ва ҳар меҳмони ин ҷо мебошад. 200–300 метр болотар аз кӯли Искандар дар дараи Сарима ҳавзи хурдакаке бо номи Кӯли Морон бо зебоии хос ҳар бинандаро мафтун месозад. Барои меҳмонон ва сайёҳон тайи солҳои охир дар атрофи кӯл ба ғайр аз «Пойгоҳи сайёҳӣ» меҳмонхонаҳои замонавӣ бо шароитҳои хуб хизмат мерасонанд.
Ривояти Искандаркӯл
Лашкаркаши ғосиб Искандари Мақдунӣ зимни ҳаракат ба Ҳиндустон давлати Суғдро забт намуда, ба соҳили Искандаркӯл, ки манзараи хело зебо дошт, мерасад. Аспи дӯстдоштааш бо номи Бутсефал мариз мешавад. Барои табобати асп вақт хело кам буд. Бо маслиҳати машваратчиёнаш чанд сарбозро бо Бутсефал барои табобат дар ин ҷо монда, бо лашкараш савори аспи дигар ба ҳаракат медарояд. Баъди чанд рӯз ҳодисаи аҷибе рух медиҳад. Бутсефал касеро ба худ наздик шудан намемонад ва чанде пас ба баландие баромада, шиҳа кашида, худро дохили кӯл афканда, нопадид мегардад. Ривояте ҳаст, ки Бутсефал дар чаҳордаҳум рӯзи пуррашавии моҳ шабона аз кӯл берун шуда, то субҳдам, сайру гашт карда, баъдан худро дар кӯл андохта ғайб мезанад.
Чунин ҳодисаи ғайричашмдошти Бутсефалро мардум боиси марги соҳибаш, ки баъди забти Ҳинд, зимни бозгашт сахт бемор шуда вафот кардааст, медонанду то имрӯз ривоятҳои гуногунро дар ин хусус нақл менамоянд.
Абдуҷалили Амон,
ноҳияи Айнӣ