Ҳусноро Ҳусейнова, кадбонуи номиро дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод, ҳама мешиносанду эҳтиромашро қоиланд. Барои пухтани анвои маҳсулоти нонии ҳар тӯю маъракае даъваташ мекунанд.
- Вақте аз кулчаҳои нурободӣ лаълӣ пур мекунаму ба меҳмонӣ меравам, мардуми дигар ҷойҳо ба ҳайрат афтода суол мекунанд: «Апа, ин қадар кулчаро дар чанд вақт пухтед?». Механдаму мегӯям, ки нонро ду-се рӯз намепазанд, дар фурсати муайян ҳамроҳи духтаронам ин ҳама кулчаҳои чоиро омода кардем, - бо завқ мегӯяд апаи Ҳусноро.
Ба иқрори кадбону хамири кулчаи чоӣ аз нонҳои маъмулӣ тафовут дорад. Ба он равғану шир ҳамроҳ карда, сахт мешӯранд. Ин ба он хотир аст, ки кулчаҳо аз чаҳлак (танӯрро дар Нуробод чунин ном мебаранд) хушрӯву якҳаҷм берун оянд. Барои равшану ҷилонок шудани ранги кулча ба хамир равғани растанӣ ҳамроҳ мекунанд. Баъди расидани хамир ду нафар тез-тез онро кандаву рӯи хон партофтан мегирад, ду нафари дигар ба шакли кулчача медарорад. Пеш аз пухтан ба рӯи ҳар кулча дӯғ мемоланд, - мегӯяд апаи Ҳусноро.
- Барои дар як ҳаҷм тақсим ва ба як андоза рост кардани кулча кадбону будан зарур аст. Маъмулан, дар русто ин корро занони таҷрибадор анҷом медиҳанд. Омода кардани кулчаи чоӣ хусусияти тарбиявӣ ҳам дошта, ба занҳо сабру таҳаммул, тозакориву зебоипарастиро меомӯзад. Нон барои мо хеле муқаддас аст. Хостгорҳои нурободӣ арӯсро аввал аз рӯи тозагии хона, баъд нони рӯи дастархон баҳо медиҳанд, - мегӯяд Назригул Шамсиева, намояндаи бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Нуробод.
Кулчаҳои чоиро бештар барои ҷашнҳою маъракаҳо омода мекунанд, аммо ҳастанд бонувоне, ки барои субҳонаи фарзандон саҳаргоҳон рӯи хон кулчаҳои гарму хушмаза мегузоранд.
Ба нақли апаи Ҳусноро замоне дар маъракае аз як кадбонуи нурободӣ хоҳиш мекунанд, то барои мардуми Оби Гарм кулчаҳои қаротегинӣ пазад. Замони сурх шудани нонҳо кулчапаз дар сари танӯр набудааст. Занҳои хонавода ҳайрон мешаванд, ки чӣ гуна ин қадар кулчаро якто-якто аз танӯр берун оранд? Барои ин кор вақти зиёде лозим ва то як қисмашро мегирӣ, ки хавфи сӯхтани қисмати дигараш вуҷуд дорад. Кадбону сари танӯр ҳозир шудаасту чун дидааст, ки кулчаҳо якранг сурх шудаанд, шоҳкосаеро зуд дохили он карда, кулчаҳоро бо кафгир зада ба дохили он афтондан гирифтаст.
Сирри дигари кулчапазӣ ин аст, ки онҳоро бо рафида нею бо даст ба танӯр мечаспонанд.
- Баъзеҳо якто-якто, ман рӯи дастам 7–8 кулчаро мегираму ба чаҳлак часпондан мегирам. Аз рӯи ҳамин амал ҳунарманд будан ё набудани нонпазро фаҳмидан мумкин аст, - хандакунон иқрор мешавад кадбону.
Баъди берун овардан, рӯи кулчаҳоро зуд обрӯған мекунанд, то он ҷилонок бошад. Кулчаи чоӣ пас аз пухта шудан то 20 шабонарӯз нарму мулоим боқӣ мемонад. Тӯшаи мардуми Нуробод барои сафаракиҳо ҳам маҳз кулчаи чоист, зеро то расидан ба манзилу ҷо ба ҷо шудани мусофир он метавонад чун ғизои босифат истифода шавад. Кулчаро рӯи дастархон бе чапотӣ намегузоранд.
Чапотиву гирдачаҳои нурободӣ ҳаҷман калонанд. Хамири ин анвои нонро суст омода мекунанд. Асоси чапотӣ об асту намак ва хамиртуруш. Барои пухтани чапотиву гирдачаҳо кадбонуҳои ин маҳал рафидаҳои махсус доранд, ки хеле калонанд.
- Тамоми намуди нонро мо бо истифодаи хамирмол (хамиртуруш) таҳия месозем. Агар маҳсулоти дохили хамир яке каму дигаре зиёд ояд, хавфи афтодани нонҳо аз чаҳлак вуҷуд дорад. Агар намаки хамир муътадил набошад, нон пушт мепартояд, - таъкид мекунад апаи Ҳусноро.
Занони Нуробод дар тӯю маъракаҳо кулчаҳои калон ҳам омода мекунанд, ки тахминан яктоаш 7–8 кило вазн дорад.
- Дар тӯю маросимҳо маъракаи нонпазӣ доир мешавад. Кадбонуи асосӣ муайян мекунад, ки кадоме аз бонувон хамир мешӯрад, кӣ об меорад, кӣ масъули омодасозии танӯр аст, киҳо нонро рост мекунанд ва кӣ мепазад? Барои пухтани ин қадар кулчаҳои калон қуввату мадор лозим. Бештар маврид ҷавонон таҳти назорати кадбонуҳои калонсол нонпазиро анҷом медиҳанд, - зикр мекунад Назригул Шамсиева.
Чун дар хусуси ғизоҳои миллӣ сухан меравад, бонувони нурободӣ иқрор мешаванд, ки бештар барояшон оши борик (угро) писанд аст. Онҳо оши борикро дар тамоми фаслҳои сол омода месозанд ва дар дохилаш ҳар гуна алафҳои фоиданоку шифобахш ҳамроҳ мекунанд. Онро бо чакка мехӯранд. Яке аз ғизоҳои ҳатмии маъракаҳои тӯю шодии нурободиҳо оши борик ба шумор меравад.
- Олитарин меҳмони мо Сарвари давлатанд, ки зимни ҳар сафарашон бонувони Нуробод анвои нонҳои гуногунро ба ифтихори меҳмони олиқадр омода месозанд. Замоне Пешвои миллат меҳмони ноҳияи Панҷ шуда, аз кадбонуҳои он ҷо суол мекунанд, ки нонҳои нурободиро кӣ пухтааст? Яъне, то ҷое Пешвои муаззам дӯстдори нонҳои Нурободанд, ки нони махсуси моро бо як дидан дар ҳар ҷое мешиносанд. Мо, занҳои нурободӣ, аз ин сахт ифтихор дорем, - табассумкунон мегӯяд Наргис Маҷидова, муовини раиси ноҳия.
Гулноза АҲМАДЗОДА,
Душанбе-Нуробод