Зиндагӣ оҳанги эҳсоси ман аст,
Бандагӣ озору армони ман аст
Сулҳу ваҳдат орзуи ҷовидон,
Базму шодӣ малҳами ҷони ман аст.
То абад ман шукри гандум мекунам,
Васли инсонро тараннум мекунам.
Ранҷу ғурбат мезанад теғам ба ҷон
Зулму кинро сахт маҳкум мекунам.
Қосиди имрӯзу фардо буди ман,
Бахти фарзандон бувад мақсуди ман.
Як фазо меҳру камоли ҳамдилӣ,
Аз хирад оганда тору пуди ман.
Амну осоиш ҳама фарзи ман аст.
Ҷунбиши сайёра ҳам набзи ман аст.
Сабру сомону салому эҳтиром,
Иқтизои панду андарзи ман аст.
Шоҳу дарвешу гадо насли мананд,
Дар муҳаббатхонаи дил тавъаманд.
Габру муслиму яҳудо, будпараст,
Насли ман, пайванди ман, ҷони мананд.
***
Ватан, эй сарзамини ишқу руъё,
Туӣ хаммосаорои дили ман.
Ба номи ту ҳамеша, дар ҳама ҳол,
Ҳувайдо роҳи ҳалли мушкили ман.
Ҷалоли ман камоли эътиборат,
Санои мардуми овозадорат.
Манам мадюни ному номаи ту.
Аламбардори меҳри бешуморат.
Диёрам, ҷони ҷонам, Тоҷикистон,
Умеди ҷовидонам, Тоҷикистон.
Куҳансолори андар олами ишқ,
Ҷавонии ҷаҳонам, Тоҷикистон.
Маро танҳо Ватан, ту дилнавозӣ,
Ба авҷу ҳам камоли ман бинозӣ.
Шиносӣ, қадр созӣ бо таманно,
Баробар бо ғамам сӯзӣ, бисозӣ.
Маро ҷои дигар боғу чаман нест,
Биҳишт ар бошад он ҷо ҷойи ман нест.
Мақому манзили розу ниёзам
Ба ҷуз оғӯшат, эй Модар-Ватан нест.
Ба рӯзи иду истиқлоли Меҳан,
Саро, эй ҷон ба оҳанги мутантан.
Ба гардун мужда бар бо сарфарозӣ,
Зи фирӯзии мулку миллати ман.
ТУЛӯЪ
Ба бахти ман, ба бахти ту, азизи ман, ба бахти мо,
Ба азми мо, ба разми мо ба тоҷдори тахти мо
Расида фарри сарварӣ, ҷилои моҳу муштарӣ
Ба раҳнамои вақти мо, ба рӯҳи бешикасти мо.
Ба ҳифзи обрӯи ту, мароми ту, мақоми ту,
Ба шуҳрату ба шони ту, бақои ту, давоми ту
Барои ту, ба пои ту қасам, ки ҷон фидо кунем,
Ба ҳар куҷо ба васфи ту тарона бар наво кунем.
Зи марзу буми Ховарон, зи Балху Руми Ориён,
Зи моварои неку бад наку ба мо расидаӣ.
Зи қаъри зулми бекарон, ту бо забони ҳуриён
Ба бомдоди тоҷикон тулӯи нав дамидаӣ.
Суруди Рӯдакӣ ба авҷ, навои Мавлавӣ ба лаб,
Сафои Шашмақоми ту, самои шоҳпари адаб.
Қасам ба Зардуҳишти мо, диёри чун биҳишти мо,
Ба хоку сангу хишти мо, сиришту сарнавишти мо.
Ба Раҳбари кабири мо, ба мулки беназири мо,
Забони шаккарини мо, замонаву замири мо.
Садоқату яқини мо, ба халқи нозанини мо,
Ягона марзи боварӣ, башорату башири мо.
***
Ифтихорам Тоҷикистону забонам тоҷикӣ,
Зара-зара ҷисму ҷону ҷони ҷонам тоҷикӣ.
Қатрае аз баҳри шеъру савту оҳангу наво,
Мавҷ дорад, авҷ дорад дар равонам тоҷикӣ.
Рӯи олам дидаму мислат надидам пурзиё,
Гулшанистони хаёлам, армуғонам тоҷикӣ.
Печутоби зиндагӣ поро ба ҳар сӯ мекашад,
То ба ту сар мениҳам бар остонам тоҷикӣ.
Ҳар куҷо бошам насими атрбезат дар машом,
Мефизояд нуру неру бар тавонам тоҷикӣ.
Фахр дорам, ки туро дорам диёрам, давлатам,
Осмонам, остонам, ошёнам тоҷикӣ.
Месароям бо садоқат ваҳдати аҳли башар,
Аз табори содиқонам, ориёнам тоҷикӣ.
Дил ба даст овардаву дил додаву дил мебарам,
Бо наботу шаккару шаҳди баёнам тоҷикӣ.
Ман зи аҳли Офтобу оташи Зардуштиям,
Бомдоди ишқаму меҳри каёнам тоҷикӣ.
Меҳринисо