- Фардо тӯйи арӯсии Гулрӯст. То рӯзи тӯй рӯзҳои башумор мондаасту модари арӯс тоза фармоиши рӯпӯши тахтро кардааст. Охир, мегӯянд, ки духтар дар чилла, очаш дар ҳила. Агар зудтар фармоиш медоданд хубтар буд, - зери лаб мегуфт ба худ Зиёда.
Солҳои қаблӣ ӯ шабҳои дарозро мижа назада, рӯз мекард. Бо садои мурғон чашм аз дарз меканду сафедшавии субҳро медид. Ӯ чун пешин наметавонад, дар муддати кӯтоҳ фаромоиши муштариёнашро ба сомон расонад, чунки аз дардмандии дасташ эҳсоси нороҳатӣ мекунад. Дилтанг мешавад, ки чаро бархе аз бонувони фармоишгар худ саросемаянду ӯро ҳам маҷбур месозанд, то корашро зуд анҷом бидиҳад? Аслан хислати аз чизе норозӣ будану дилтангӣ хоси ӯ набуд, вале бо гузашти айём аз солҳои охир ӯ худро гоҳ-гоҳе дар ҳолати ошуфтаву хастагӣ мебинад. Зиёда кори ҳар касро ба қавле «хуш» надорад. Тамизкор асту озода. Сайъ мекунад, то муштариёнаш ҷурме дар ҳунараш наёбанд.
Холаи Санавбар, модари Зиёда дар деҳаи Ғайратободи шаҳри Ҳисор аз шумули бонувони ҳунарманд ва ба истилоҳ «даст ба кор» мебошад. Зиёда агарчи шавқу рағбати беандоза дар ҳунарандӯзӣ дошт, вале модар ҳамеша монеъи ҳунарандӯзиаш мешуд. Чаро ки Зиёда бо иллати маъюбии модарзодиаш аз панҷаҳои дасти росташ маҳрум буд. Аммо пинҳонӣ бо ду ангуштони нимбутун Зиёда сӯзан мегирифт ва ба дӯхтани либосҳои лӯхтаконаш шурӯъ мекард.
- Сели истеъдодро гардонида намешавад, ҳарчанд монеаҳо садди роҳаш ҳам бошанд. Бо иллати маъюбиам касе аз аҳли хонавода намехостанд, сари кореро гирам. Вале ҳанӯз хам ҳавас ва истеъдоди ҳунарандӯзӣ дар хунам ҷӯш мезанад, ки бо як дидан кадом ҳунаре набошад, зуд аз худ мекунам, - иқрор мешавад бонуи ҳунар.
Ҳамин завқи баланду зиракӣ ва истеъдоди табиӣ буд, ки дар синни даҳсолагиаш аз бародараш пешаҳои гуногунро ёд гирифт. Бародараш бо хатми мактаби рассомии шаҳри Душанбе чун пешавари чирадасту гулкор ҳунарҳои рассомию кӯлолгарӣ ва заргариро бо хохиши худи Зиёда барояш омӯзонд. Дар омода намудани қолабҳои гаҷӣ хоҳараш ёрдамчии дасти росташ буд. Вақте Зиёда хонандаи мактаб буд, баровардани газетаҳои деворӣ ба ифтихори ҷашну идҳо ба уҳдаи ӯ вогузор мешуданд. Аз он ки огаҳӣ аз нозукиҳои пеша дошт, роҳбарияти дабистон бовараш карданд, то Зиёда аз фанни расмкашӣ ба хонандагон дарс гӯяд. Аз уҳдаи устод будан баромад ва тавонист дар замири шогирдони зиёде ҳунари қаламкаширо бедор кунад.
Зиёда Ҳакимова иқрор меояд, ки ҳунарҳои омӯхтааш ҳисоб надоранд ва кӯшиш менамояд, то духтаронаш, Нодира ва Нигина низ аз дунёи ҳунар баҳравар бошанд. Ҳамсуҳбатам мегӯяд:
- Барои баровардани хостаҳоям то ҳадде талош варзидам, аммо натавонистам, чаро ки имкониятҳои ман маҳдуданд. Шояд духтаронам тавонанд, ки дар оянда ин ҳунарҳоро ривоҷ диҳанд. Барои кулолгар хоки махсус лозим аст, барои дӯзанда бошад, ғайр аз сӯзану ришта мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар. Барои як зани маъюб пайдо намудани асбобҳои корӣ осон нест, агар касе дастгириат накунад.
Зиёдаро маҳсули ҳунарҳояш, ки дар намоишгоҳҳои ноҳиявӣ ба маърази тамошо мегузошт, муаррифӣ намуд. Дастранҷаш дар озмунҳо баҳои баландро сазовор мегашт. Ӯ хушҳол буд, ки бо сӯзану риштаи оддӣ мартабаи соҳибҳунарро ба худ касб кардаву маҷроеро бо иқдому дастгирии сарвари шуъбаи кор бо бонувони шаҳри Ҳисор Мижгона Каримова ҷиҳати амалӣ сохтани орзуҳояш дарёфт. Зиёда Ҳакимова нияти ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани духтарони деҳаи Ғайратободро дорад ва ин аст, ки чанде пеш ба шуъбаи шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор муроҷиат кард.
- Умед дорам, ки ба мақсади ниҳоиям мерасам. Чаро ки ниятам нек асту пок ва ҳадафам осон намудани мушкили зани рустоӣ, ки ниёз ба дастгирӣ дорад. Ҳар як бону мехоҳад, саҳме дар ободии рӯзгораш дошта бошаду эҳсоси камбудиро камтар дарк кунад. Бо дастгирӣ ёфтани иқдомам аз ҷониби шуъбаи шуғли аҳолии шаҳр гурӯҳи бонувонро ба касбомӯзӣ ҷамъ меорам ва сайъ мекунам, то ҳамаи ҳунарҳои омӯхтаамро барояшон омӯзонам, - иқрор меояд Зиёда.
Қутбияи Неъматулло