Ҷавонони ҷӯёи ҷарида
Толори шуъбаи матбуоти даврӣ ламолам аз хонандагон буд. Ин манзара тааҷҷубамро афзуд, чаро ки дар ҷомеа доим аз коҳиши теъдоди хонандагон гилаву гузор мекунанд. Иллаташро бошад аз истифодаи сомонаҳои интернетӣ медонанд.
-Ҳар рӯз хонандагони бешумор дорем, баъзе рӯзҳо ба хонандагони шуъбаамон ҷой намерасад. Дар китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ хонандагон ангуштшумор буданд, аз ҷавонон се – чор нафарро доим медидему халос. Ҳоло вазъ тамоман тағйир хӯрда, имрӯзҳо толорҳои мо пур аз ҷавонони рӯзномахон аст. Хушҳол мегардем, вақте мебинем, ки ҷавонон ба китобу рӯзномаҳо рӯ меоранд,- мегӯяд Гавҳар Олимова.
Пешниҳоди китобдорон
Бибиҳоҷар Саидова дар он назар аст, ки падару модарон аз хурдӣ кӯшиш намоянд, ки фарзандонашон китобдӯст ба камол расанд. Дар вақтҳои фориғ дар назди фарзандон китоб мутолиа кунанд, зеро кӯдак аз ин иқдоми волидайн ибрат мегирад. Дар 2-3 солагии кӯдак ба онҳо китобҳои афсонаро, ки суратҳои рангоранг доранд, ба ҷойи бозичаҳо туҳфа оранд. Баъдан, вобаста ба синну соли кӯдак китобҳоро дастрас кунанд, мухтасар оид ба адабиёти овардаашон ба кӯдак иттиллоот диҳанд, ягон афсонаашро каме нақл намоянд. Ва ҳифз намудани китобро низ бояд аз хурдӣ омӯзонанд ва фаҳмонанд, ки дар чопи китобҳо заҳмату маблағи зиёд сарф мегардад. Агар ҳамаи ин аз оила сарчашма гирад, фардо барои омӯзгорон бо таълиму тарбия фаро гирифтани ин гуна кӯдакон дар мактаб саҳл ва самарабахш хоҳад шуд.
Барои хонандагон
Шуъбаи матбуоти даврӣ дар арафаи ҳар ҷашн гӯшаҳоеро аз рӯзномаю маҷаллаҳое, ки зидахли ҷашнвора матлабҳо интишор додаанд, ҷамъ оварда, ба маъраз мегузорад. Дар арафаи ҷашни Истиқлолият, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсия, Иҷлосияи тақдирсоз, Рӯзи Президент ва 105 солагии нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» конфронси илмӣ баргузор карда шуд, ки дар он рӯзноманигорон, олимону муҳаққиқон ва хонандагони доимии шуъба иштирок намуданд.
Садоқат ба касб
Ҳамкоронашон Толиб Умарҷон, Нодира Асророва дар бораи Бибиҳоҷар Саидова ва Гавҳар Олимова аз садоқат ба касб ва тарзи нигоҳдории намунавии рӯзномаҳо ҳарф заданду гуфтанд, ки онҳо нашрияҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт месозанд. Ҳини аз китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба бинои нави Китобхонаи миллӣ интиқол додани хазинаи шуъба ин ду бону кӯшидаанд, ки ба ягон рӯзномаву маҷалла осебе нарасад. Дар рӯзҳои сарду боронӣ баробари ҷавонон заҳмат кашида, китобу рӯзномаҳоро аз борон эмин доштаанд.
Осоиш аз оромист
Дар кӯчаҳои шаҳр қадамзанону суҳбаткунон аз назди ҳар бино ё иншооти наве, ки гузорашон меафтид, ба он назар мекарданду дар чеҳраҳояшон хушҳоливу болидарӯҳӣ ҳувайдо мегардид. Аз умқи чашмони онҳо эҳсоси қалби эшонро метавонистӣ хонд: Табассуми ширин аз шукргузории оромиву осудагии меҳани азиз аст, ки фарзандони хешро дар ҳавои сулҳу ваҳдат дар оғӯши хеш ҷой додааст.
Фарзона Восеева