- Шавқ агар роҳбар шавад, сад мушкил осон мешавад,- мегӯяд Муҳайё.
Устоди аввалини Муҳайё бону Боғигул тавонист, ки меҳри дӯзандагиро дар қалби ӯ ҷо диҳад. Бо талошу кӯшишҳои бевоситаи ӯ Муҳайё дар муддати хеле кӯтоҳ, саҳеҳтараш дар гузораи 15 рӯз дар ин пеша дасташ рост шуд. Кашидадӯзиву зардӯзӣ ва рангу бори либосҳоро низ аз худ кард. Дар баробари дӯхтани куртаҳои аврупоиву миллӣ, ҳамчунин аз уҳдаи таҳияи шиму костюм низ ба хубӣ мебарояд. Гоҳу ногоҳ овозхонҳои маъруф низ ба ӯ омода намудани либосҳои саҳнавии худро мефармоянд. Муҳайё дарҳол мӯди наверо аз сомонаҳои интернетӣ пайдо карда, хоҳиши онҳоро бо сифати баланд ба иҷро мерасонад. Пироҳанҳои мизоҷонро аз рӯйи сину солашон рангу бор намуда, тавре медӯзад, ки ба тан воқеан ҳам шинаму зебо меоянду мутобиқи завқи дили онҳо.
Муҳайё ҳамагӣ 33 сол дорад. Азбаски шефтаи пешаи хеш аст, хастагиро эҳсос намекунад. Дар баробари ин, барои тарбияи се фарзандаш низ вақт меёбаду ба дарсомӯзии онҳо зиёд таваҷҷуҳ менамояд. Дар пухтупаз низ кадбонуи моҳир аст.
- Ман ҳам мисли дигар занҳо модарам ва кӯшиш мекунам, ки рисолати модариро ба ҷо оварда, ҳамсари хубу мушфиқ бошам. Мардҳо низ хостгори таваҷҷуҳи зиёди зан мебошанд ва ба он ниёз ҳам доранд. Либоси поку ба хубӣ дарзмолкарда, хӯрокҳои болаззат, хонаи тозаву озода ва муҳимтар аз ҳама меҳрубониву ҳалимии зан барои барпо кардани фазои солими хонадон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад,-мегӯяд Муҳайё.
Меҳру садоқат ба касби чеварӣ ва эҳтиром ба он аст, ки Муҳайё дар ин самт бештар муваффақ мегардаду комёб. Ҳар рӯз ӯ мӯди наверо кашф намуда, онро дар пироҳанҳо гулкорӣ мекунад. Айни ҳол, ӯ бештар ба дӯхтани либоси мактаббачаҳо, заҳматкашони коргоҳҳои азими саноатӣ, пероҳанҳои мардонаву занонаи тобистонаву зимистона ва хонапӯшӣ машғул аст. Азм дорад, ки минбаъд либосҳои бо тарҳи миллӣ таҳия кардаашро ба хориҷи кишвар низ интиқол диҳад. Дар ин ҳавову ҳавас бо риштаҳо ишқ меварзаду бо афзори дӯхтааш нафас мекашад. Нақшу нигорҳое, ки дар либосҳои мизоҷон музайян гардидаанд, касро мутаҳайир месозанд ва ифтихор аз оне, ки як бонуи тоҷик бо сеҳри ангуштон метавонад чунин зебоиҳо офарад. Худи ӯ низ ифтихорманд аз пешаи хеш аст. Тавре ӯ мегӯяд: «Касби дӯзандагӣ шамъест, ки дар торикӣ ба инсон нур мебахшад. Дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ муттакои ман – ин ҳунарам аст. Ҳини дасткориҳо дар қалбам ҳазорҳо орзу тавлид мегардад. Ҳар гоҳ, ки ба орзуям дастёб мегардам, орзуи бузургтаре дар дилам бедор мешавад».
Бунафша Раҳмонова