Хатари аз ин зиёдтар ба ҷарӣ рафтани онҳо вуҷуд дошт, вале, хушбахтона... Барои ронанда ва ду мусофир мавлуди дувум буд, ки бе ҳеч осеб ҷон ба саломат бурданд, вале на барои Басгул. Дарди ҷонгудозе вуҷудашро печид ва тан аз фармон рӯ тофт. Бад-ин минвол ин духтари 21-сола, 5 сол дар хона болои рахти сахти бо кӯрпаи тунук густурда хобид. Сутунмуҳра сахт осеб дида буд. Қисми поини бадан аз ҳаракат бозмонд. Ягона тасаллои дили хуншори ӯ ҳунараш буд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос хаёлоташро аз тирагӣ берун меовард ва вориди ҷаҳони тахайюли рангин месохт. Рӯи шикам болинро дуқат мегузошт ва матои нақшкашидаро бо сӯзанак аз ду тараф ба болин мустаҳкам мекарду пайи гулдӯзӣ мегардид. Нусхаҳои эҷодаш аз дигарон тафовут дошт, чун мекӯшид, ки дастранҷҳояш ба шеваи хосси ҳунарии ӯ таҳия гарданд. Вале, дарди музмин тадриҷан вуҷуди ӯро ғасб кард ва ҳамакнун дастон, ки ягона муттакояш буданд, аз итоат сар тофтанд ва сӯзан аз миёни ангуштон меафтид. Ин айём баъди 5 соли таваққуф бо дастгирӣ ва раҳнамоии шавҳари хоҳарбузургаш ӯро дар бемористони марказии ҷумҳуриявӣ ҷарроҳӣ карданд. На табибон ва на пайвандон умед ба сиҳатшавии ӯ надоштанд. Вале, бо инояти Худованд ҳолати Басгул рӯ ба беҳбудӣ овард.
- Баъди ба ҳуш омаданам кӯшиши ба ҳаракат даровардани ангуштони дасту пойҳоро кардам ва ҳис намудам, ки метавонам онҳоро ҳаракат диҳам. Хушбахтии маро ҳадду канор набуд, - бо табассуми ширин ба ёд овард Басгул.
Баъди ҷарроҳӣ се моҳи дигар ӯ рӯи бистар хобид ва оҳиста-оҳиста аз ҷой бархесту азм кард, то бемориро ба саҳфаи зиндагияш дигарбора роҳ надиҳад ва боз рӯ овард ба зебокорӣ. Гулдӯзӣ, қуроқ, рафида, шерозаҳо, афзори асп, кӯрпаву болин, рахти хоб барои гаҳвора ва дӯхти пироҳанҳои гуногунро хеле воло анҷом медиҳад. Хусусан афзори аспи дӯхтаи ӯ диққати ҳамагонро ҷалб месозад ва харидорон дастранҷҳои ӯро аз минтақаҳои дуру наздик бо худ мебаранд.
- Боре аз тариқи телевизион дидам, ки дар шаҳри Самарқанд аспон афзорҳои хеле зебо доштанд ва чун диққат додам, дастранҷҳои хешро шинохтам, - хоксорона иброз дошт Басгул ва афзуд: - Шунида будам, ки абзорҳои таҳиякардаи маро ба Самарқанду Бухоро низ мебаранд.
Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ Басгул Каримова дар деҳаи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ дарк карда буд, ки қайчиву сӯзан маҳз барои ӯст, то аз матоъҳои нолозим абзори судманд офараду атрофиёнро ба ҳайрат оварад. Замоне падараш як баста матои кабуди нафис овард, то ҳамаи духтаронаш рӯзи ид куртаи нав пӯшанд. Модар барои 7 духтар пероҳан пора карду сари мошини дарздӯзӣ нишаст ва хост колои ӯро низ пора кунад, лек Басгул азм намуда буд, ки пероҳанашро худ бояд таҳия созад. Модар, ки сахтгир буд, намегузошт духтарони хурдсол бо қайчиву мошина кор гиранд. Он айём Басгул нуҳсола буд. Гоҳе, ки модар аз хона берун мерафт, ӯ қайчиро мекофту матоъро пора ва ҳини бозгашти ӯ онро пинҳон мекард. Дӯхти курта низ бад-ин минвол сурат гирифт ва танҳо тобистони соли дигар Басгул пероҳани дӯхтаашро ба бар кард. Он замон бибияш танҳо монда буд ва Басгулро ба назди ӯ фиристоданд. Ҳамроҳ бо бибии ҳунарманд дасти духтарак ба кор рост шуд ва дар баробари ҳунаромӯзӣ рӯзгордориро низ фаро гирифт.
- Ҳамроҳ бо бибиям аз гил танӯр сохтем ва мани хурдсол гирди танӯр чанд хишт гузоштам, ки болои он баромада, нонпазиро ёд гирам, - табассумкунон иброз намуд Басгул. - Ҳар он чизе, ки нозебу ноҳамвор таҳия мекардам, бибиям эрод намегирифт, чун маро бениҳоят дӯст медошт, - афзуд ӯ.
Басгул бисёр ҳунарҳоро аз бибӣ омӯхта бошад ҳам, мекӯшад, ки тарҳи онро бо тахайюл ва диди нав эҷод созад. Байни 9 ҷигарбанд ӯ фарзанди чорумин аст ва танҳо фарзанди хурдӣ писар мебошад. Барои ҷашни арӯсии 7 апаву хоҳар бо заҳмати дасти хеш кӯрпаву болини қуроқу гулдӯзӣ, чодар, хилъат, пероҳанҳо ва дигар абзор таҳия кардааст, ки ҳоҷат ба фармоишгарон намонда. Ҳатто барои маросими гаҳворабандони хоҳарзодагонаш рахти гаҳвора, болопӯши гулдӯзии он ва дигар ҳунарҳои хешро ба кор бурдааст. То кунун пероҳану афзори наздикону пайвандон ва ҳамдеҳагонро таҳия менамояду аз мушкили кор лаб ба шиква намекушояд. Хоҳарон низ айёми маризии тӯлониаш чун парвона гирди ӯ мегаштанду ғамхорӣ менамуданд. – Шукр, ки хоҳаронам он замон маро лаҳзае танҳо нагузоштанд ва ҳатто дарро сахт намепӯшиданд, ки мабодо малоли хотири ман шавад, - гуфт Басгул ва дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
Аз ҳама ҳунарҳое, ки дорад, дӯхтани афзори аспро мушкилтар медонад, чун матоъҳои ғафсе, мисли намад ва ҳаммонанди он истифода мегардад, ки рӯи он нақшҳо бо ёрии чангак аз нахҳои ранга бофта мешаванд.
– Дӯхтани афзори асп ба миён сарбории зиёд меорад ва ман, ки аз сутунмуҳра осеб дидаам, аҳёнан онро таҳия менамоям, - иброз дошт Басгул.
Басгул Каримоваро дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун ҳунарманди чирадасту зебокор мешиносанд. Дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ноҳия дастранҷҳои ин духтари заҳматқаринро ба намоиш мегузоранд ва ифтихор аз пешаи волои бонувони меҳнатдӯсту ҳунарофари тоҷик менамоянд.
Падар, ки барои некуаҳволии фарзандон пайваста заҳмат мекашид, имрӯзҳо касалманд асту барои табобат зуд-зуд ба бемористон рӯ меорад ва ӯ Басгулро муттакои хонадон медонаду бовараш ба ӯ бештар аст. То ҳол дастранҷҳои мавсуфро муштариён аз хона харид мекунанд ва маблағи ба дастомадаро Басгул барои ниёзи хонавода сарф менамояд ва дар баробари ин барои тамдиди таҳсили бародараш ёрӣ мерасонад. Ба ин қаноат накарда, Басгул дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар яке аз толорҳои дӯзандагӣ ба кор даромадаасту ба дӯхти пероҳанҳо машғул аст. Орзу дорад, ки соҳиби қитъаи замини хеш гардад. Маъюби гурӯҳи дуюм асту умед дорад, ки масъулон ба аризаи чор сол қабл навиштааш ҷавоби мусбат хоҳанд дод.
С. АШӯРова,
ноҳияи Рӯдакӣ