Бо мурур ба ин сози мусиқӣ мароқ зоҳир намуда, аз ҳанҷараи навозандаҳою овозхонон дар ин соз - устодон Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Авнер Аминов, Абдуназар Ҳасанов, Муродулло Абдукаримов, Мурод Эшонқулов ва дигарон роҳат бурдам…
Вале, он ҳама қонеъкунанда набуд. Барномаҳои консертии мақомсароёнро дар телевизион аҳён-аҳён намоиш медоданд. Тарғибу ташвиқи мақомхонӣ дар пояи зарурӣ қарор надошт. Танҳо пас аз соҳибистиқлолии кишвар бо мақоми давлатиро соҳиб гаштани шоҳкории тоҷикон «Шашмақом», созмон ёфтани Академияи мақом, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва таъсиси дастаҳои мақомсароён дар шаҳру навоҳии мамлакат оҳангҳову сурудҳои классикӣ ва созҳои миллӣ, амсоли танбӯр, мақому манзалати хешро дарёфтанд. Хушбахтона, сол ба сол сафи мутрибон – танбӯрнавозон афзудан доранд, ки он масарратбахш мебошад. Шоёни зикр аст, ки ин равандро муттако, роҳбару пешво Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Боиси нигаронист, ки навозандагони ин сози қадимиро мардҳо ташкил медиҳанд. Ба арсаи ҳунар ворид гаштани духтараки танбӯрӣ Миҷгона Иброҳимова дар ду соли пеш, рахна дар фӯлодро монд. Возеҳтараш, 13 сентябри соли 2016 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳунарнамоии духтараки резапайкари чеҳрахандон Миҷгона Иброҳимова, хонандаи синфи 11-и шаҳри Конибодом, аҳли толорро шефтаву шайдо гардонд. Ба гуфте, барномаи консертии онрӯза як сӯву тағаннии Миҷгона дигар сӯ буд.
Ба қавли ҳолдонҳо, Миҷгона бо ҳунарнамоии хеш саҳфаеро дар таърихи нави санъати тоҷик, даврони соҳибистиқлолии кишвар боз намуд. Муддаиён шояд бигӯянд, ки на, дар таърих бонувони танбӯрӣ кам набуданд. Саҳеҳ, огаҳем, мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ, суғдиён асбобе доштанд, ки аз ҷиҳати шакл ва намуд ба танбӯр монанд будааст (асрҳои XIII-VIII то милод). Кофтуковҳои археологии Афросиёб (Самарқанд) низ ба ин гувоҳӣ медиҳанд. Ҳамчунон, ҳангоми ҳафриёти шаҳри Нисои Қадима (наздикии Ашқобод) мусаввараҳои зиёди сангию сафолине ёфт шуданд, ки дар рӯи онҳо пайкарҳои ромишгарон акс ёфтаанд. Ғайричашмдошт, аксари ин навозандагон занҳо буданд ва дар даст сози танбӯрмонанд доштанд. Чунин мусаввараҳо дар куҳандизи Ҳайратон (наздикии Тирмиз) ба даст омадаанд, аз сохти созҳои мусиқии давраи Кӯшонию Бохтарӣ (асрҳои II то милод – I милодӣ) маълумот медиҳанд…
Аммо, то ба ду соли пеш дар Тоҷикистон бонуи танбӯрнавозеро ба чашми сар надида будем ва Миҷгона нахустин навозандаи ин сози қадимист, ки ҳам суруд мехонаду ҳам хуб нохун мезанад…
Миҷгона 18 сол қабл дар шаҳри ҳунархези Конибодом дар оилаи Фурқат Иброҳим, мақомсаро, корманди бахши фарҳанг (модар корманди осорхона), дида ба дунё кушодааст. Дар 6-солагӣ ба мактаби миёнаи № 8-и зодгоҳ рафта, дар 8-солагӣ ба сурудхонӣ оғозида. Ҳангоми дар синфҳои 9 - 11 хондан, ӯ, ҳамзамон, дар мактаб - студияи бачагонаи «Шашмақом»-и ба номи Боймуҳаммад Ниёзов зери сарпарастии устоди ҳунар Шуҳратҷон Эргашев таҳсил намудааст…
Се сол қабл Миҷгонаро ҳаваси танбӯрнавозӣ боло гирифт. Даҳаи аввали моҳи майи соли 2015 дар ҳайати дастаи ҳунармандони шаҳри Конибодом Миҷгона, ба хотири иштирок дар консерт ба муносибати Рӯзи «Шашмақом» ба пойтахт омад. Толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон моломоли ҳаводорони ҳунар буд. Пас аз консерт Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов дастаи ҳунарии онҳоро табрик гуфт. Миҷгона бо дилпурии ба худ хос назди муғаннӣ омада гуфт: «Устод, ман танбӯрнавоз шуданиам ва созхарӣ омадаам. Ана, «нохуни танбӯр» (мизроб-филизӣ)-ро дар Конибодом созондаам».
Мусоҳиб табассум бар лаб посухе надода бадар рафт. Фурсате чанд нагузашта Абдувалӣ Абдурашидов дар даст танбӯри наве падид омад ва он созро ба Миҷгона дода гуфт: «Агар дар зарфи як сол навохтани танбӯрро ёд бигирӣ, созро ба ту туҳфа менамоям…». Ба устод ғайрат ва ҳавасу рағбати Миҷгонаи ҳунарвар писанд афтода буд.
Пас аз бозгашт ба Конибодом, Миҷгона шабу рӯз дар тамрин шуд. Устодаш Шуҳратҷон Эргашев нозукиҳои танбӯрро ба ӯ меомӯхт. Овозхони ҷавон дар ин муддат 5–6 (асар) оҳангҳои классикию халқиро аз бар намуд. Ва моҳи майи соли 2016, қабл аз Рӯзи «Шашмақом», дар шаҳри Душанбе, назди устод Абдувалӣ Абдурашидов имтиҳон супурда, баҳои баланди эшонро сазовор гашт. Устод ба қавлаш вафо карда, танбӯрро бо тантана ба Миҷгона ҳадия намуд, ки аз баҳои баланди устоди номӣ ва ҳадияи эшон ӯ ба парвоз омад.
Моҳи июли соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд маъракаи ёдмоне - рӯзи атласу адрас доир шуд. Дар ин чорабинӣ Миҷгона суруд хонду танбӯр навохт бар ғазали Туғрал «Тири нигоҳ». Ҳунарнамоии хонандаи ҷавон ба раиси вақти вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мақбул шуд. Чеҳраи нави тобнок ба фарҳангиён низ писанд афтод. Ва маҳз бо ҳидояти Қодирӣ ҳунарнамоии ӯро дар барномаи консертии оянда мақом доданд.
13.9.2016. Кохи навбунёди «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд. Барномаи консертии санъаткорони вилоят ба ифтихори ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён буд. Миҷгона дар он рӯз нигини барномаи ҳунарӣ шуд. Ӯ ғазали «Фурӯғи савти муҳайяр»-и Аҳмади Ҷомиро тағаннӣ кард:
Он сияҳ холест, ки бар рухсори ҷонони ман аст,
Ханҷари мижгони ӯ пайваста бар ҷони ман аст.
Аҳли толор аз садои сарояндаи мумтоз дар нишот шуданд. Садои қарси ҳозирон ғулғула афганд. Ҳунарнамоии Миҷгона баҳои баланди Пешвои миллатро сазовор гашт. Он овон танбӯрӣ хонандаи синфи 11 буд. Ӯ орзуи хеш, муҳассили Консерваторияи миллии Тоҷикистон шуданашро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт. Ҳамин сон, духтараки танбӯрӣ бо фотеҳаи Сарвари давлат соли гузашта донишҷӯи Консерваторияи миллӣ гашт. Аммо, қатъи назар аз ҳама, вай баробари дигар довталабон имтиҳон супурд. Баҳоҳои дохилшавиаш: аз ихтисос – 5, иншо - 5, тест аз ду фан 5 шуд ва ӯ моҳи сентябри соли 2017 таҳсилро дар синфи мутриб ва оҳангсози маъруфи тоҷик Сироҷиддин Ҷӯраев ҳусни оғоз бахшид. Ҳамчун мутриби анъанавӣ дар кафедраи мутрибони анъанавии консерватория саф орост.
Инак, соли равон Миҷгона курси якуми консерваторияро бо ду дастовез, ғолибият дар ду озмун, ки ин ҳама барои сароянда ва мутриби ҷавон музаффарият аст, бомуваффақият поён бурд.
Чанде қабл роҳбари мусиқии ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷӯраев хушхабар расонд. Ӯ гуфт, шогирдаш Миҷгона Иброҳимова дар Озмуни байналмилалии бачагона «Бозторғай», дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон (аз 28 май то 2 июн), ширкат варзида, байни довталабони 22 мамлакати дунё, дар номгӯи «Иҷроиши сурудҳои халқӣ» мақоми аввалро сазовор шуд.
Соли равон ин пирӯзии дувуми Миҷгона аст. Вай қаблан, 19 май дар озмуни телевизионии «Парвин» (ТВ «Баҳористон»), дар жанри «вокал» ғолиби озмун, сазовори диплом ва туҳфаҳо гашт.
- Ду сол қабл, 13.9.2016 дар шаҳри Хуҷанд аз Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фотеҳаи нек гирифтам ва ин рӯз бароям муқаддасу мондагор гардид. Насиб бошад ин рӯзи фараҳбахшро ҳамчун рӯзи мавлуд дар таърихи ҳаёти ҳунариам бо оби тилло сабт хоҳам кард, - самимона иқрор омад Миҷгона.
Умари ШЕРХОН