ХУШРӮЮ ХУШГИЛАМ
То он даме, ки шеър занад ҷӯш бар дилам,
Бонуи хушхиромаму хушрӯю хушгилам.
Ман Шаҳрзоди қиссаву афсонаи хушам,
Ҷоно, биёву лаҳзае биншин ба маҳфилам.
Арзандатар маро мабод чун шеър ҳадяе,
Мисли чароғ гул кунад шаш сӯи манзилам.
Бо шеър чун ба рӯшанӣ одат намудаам,
Ҳарфи сияҳ нарехтам бар коғази дилам.
Поси сухан муқаддасу ҷонам фидо-ш бод,
То он даме, ки дил тапад, бо шеър восилам.
Ман қулфи қалби хешро бо шеър во кунам,
Оре, ба шеър во кунам ҳар банди мушкилам.
ВАТАН
Ман дӯст дорамат Ватани нозанини ман,
Ҳастии ту баҳонаи ишқофарини ман.
Он рӯзҳо, ки дарди ту аз ҳад гузашта буд,
Гӯё, ки мор мехазид дар остини ман.
Он дам садои хандаам андар лабам шикаст,
Оҳу дареғу гиря буд, оваҳ қарини ман.
Инак манам чу сарви сиҳӣ сабз дар барат,
Дар чор фасли зиндагӣ, эй фарвардини ман.
Гулвожаҳои шеъри ман аз ишқи ту шукуфт,
Эй хоки сабзпӯш, ватани хушзамини ман.
Гар домани ту сар диҳам аз даст меравам,
Танҳо туӣ ягонаву ҷонофарини ман.
Чун накҳату таровати ҳастии ман туӣ,
Хуш бош, сарзамини пур аз ёсамини ман.
Аз пушти кӯҳи ту тулӯъ месозад офтоб,
Равшан ҳамекунад ҷаҳон, эй маҳҷабини ман.
На Кавсару на Замзамам бишкаст ташнагӣ,
Як қатра обат, эй Ватан ҳаст ангубини ман
ДӮСТ ДОРАМАТ
Ман дӯст дорамат, ба Худо, дӯст дорамат,
Чун хуни гарм дар дили худ мефишорамат.
Бар хандаҳои чашми чун бодоми ту қасам,
То мағз- мағзи ҷони худ андар хуморамат.
Гоҳе канор рафтаӣ гаҳ аз канори ман,
То бекаронаҳо, вале андар канорамат.
Аз нолаҳои талхи дили зори ман шунав,
Ширинтаронае, ки хумору низорамат.
Аз оя- оя шеър чи тӯмор бахшамат,
То ки зи чашми баднигаҳ эмин бидорамат.
Шоистаӣ, ки бахшамат ин гул зи рӯи худ,
Дар фасли дай ҳамагӣ чун баҳорамат.
Мепурсиям, ки чун кунам аз дил агар даме,
Берун кунам хиёли ту танҳо гузорамат?…
Байти дареғ дар лабу ночору дилфигор,
Эй ҷон, ки бар паноҳи Худо месупорамат.